Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
– Бели экскаваторе, ки ҳоло ботлоқро ба боло мепартояд, маркази кӯли Раҳматулло мешавад, – аз ояндаи ин ободӣ ҳикоя мекард Саидмуин, ба якчанд нафар одами дар назди скрепери ӯ ҷамъ омада. Худи Саидмуин ин дам барои шикастани ташнагӣ аз термоси Раҳматулло чойи кабуд нӯши ҷон мекард. – Танҳо масоҳати кӯл қариб даҳ гектар хоҳад шуд ва атрофаш зиёда аз сӣ гектар замини зироат ва боғистони дилкушою биҳиштосо мегардад.
Ман шунидаам, ки обу ҳавои биёбон дар муолиҷаи бемориҳои гурда, безурётӣ, роҳҳои нафас, буғумдард, пой ва ғайра манфиатбахш аст. Дар атрофи кӯли Раҳматулло ҳуҷраҳои муолиҷавӣ, ҷойҳои истироҳату моҳидорӣ ва заврақҳо ба ихтиёри табобаткунандагон вогузор мешаванд. Одамони дар он ҷо буда ҳикояти яке аз бинокорони ин чӯлистон Саидмуинро мешуниданду мутаҳайир мегардиданд. Ва ба ин суръату азамат ибтидо шудани кори ободониро бо чашмони худ дида, ба суханони ӯ эътимод менамуданд.
– Аз тарафи ҳукуматамон ободу корам шудани биёбонҳоро бисёр дидаем, – гуфт яке аз онҳое, ки ҳикояти Саидмуинро гӯш мекард, – лекин бори аввал мебинем, ки як нафар ба чунин сохтмони хеле калон азм намудааст. Раҳматулло воқеан ҳам марди пилтан будааст, ҳалолаш бод. Ин коре, ки ӯ дил карда, ба он даст задааст, кори хеле савоб аст. Худо хоҳад, Раҳматулло бо ин кори савоби хеш дуои ҷамъи халоиқро мегираду барака меёбад.
– Иншоалоҳ, бо ин амали хайр, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд шахси дигар, – Раҳматулло ва фарзандону хешовандони ӯ савобу саодати дуҷаҳонӣ меёбанд. Ба чӯлистон об овардану дар ин ҷо ниҳолеро сабз кардан ва ба одамон, ҷамеи ҷонварон об додан ниҳоят савоби калоне дорад... Аммо ба ин савобу саодат сазовор шудан ниҳоят бо душворӣ муяссар мегардид. Ҳар як қадами заминкушоӣ бо ҳазору як мушкилот тавъам буд. Рӯзе Раҳматуллоро ба яке аз идораҳои тафтишотии ноҳиявӣ даъват намуданд.
– Ба мо маълумот расидааст, ки шумо пули бедарди миёни бисёре ҷамъ овардаед ва бар иловаи ин техникаи хоҷагиро бо роҳи ошнобозӣ ба манфиати шахсӣ истифода бурда истодаед, – гуфт саркардаи он идора бидуни муқаддима,-заминдор шуданӣ ҳастед.
– Бале, мувофиқи қонун соҳиби як порча замин шуданиам, – ҷавоб дод Раҳматулло, – биёбони тафсонро, ки иборат аз регтӯдаҳо, паттаю шӯразор ва хори мағелон аст, нияти обод кардан дорам. Дар он ҷо тобистон одам пой монад, пояш месӯзад, паранда парвоз кунад, қаноташ. Сонӣ ман бо роҳи ошнобозӣ техникаи хоҷагиро истифода набурдаам. Ин тӯҳмати маҳз аст. Дар чӯлистоне, ки бо дастгирии хешону дӯстон нияти обод кардан дорам, як ададӣ экскаватор, скрепер ва булдозер кор мекунанд, ки ин навъ васоити техникӣ дар хоҷагӣ аслан мавҷуд нест.
Ман бо муассисаи «Бешкандобсохтмон» сару кор дорам, ки доир ба ин дар дастам ҳуҷҷатҳои раднопазир мавҷуданд, мана, тамошо кунед, – Раҳматулло бастаи коғазҳоро ба рӯйи миз ниҳод. Маъмури идораи тафтишотӣ, ки симои ҷиддияш ҳеч тағйир намеёфт, бастаи ҳуҷҷатҳоро хомӯшона тагурӯ карда, баъзе рақамҳо ва нуктаҳоро дар дафтари ғафси болои миз сабт намуд.
– Мо, албатта, ин гуфтаҳои шуморо тафтиш мекунем, – гуфт саркардаи идора аз мутолиаи ҳуҷҷатҳо сар бардошта, – аммо мувофиқи ҳуҷҷатҳо коратон дуруст барин менамояд. Ҳоло фаъолияти заминкушоиатонро давом додан гиред, зарур ояд, боз шуморо ҷеғ мезанем. Раҳматулло ба тӯли чанд соли дар мағоза кор карданаш борҳо ба чанголи дастгоҳҳои тафтишотию истинтоқии давр афтода, ҳар дафъа софу холис халос мегардид. Зеро тамоми кору амалаш пок буд. Медонист, ки ба найранги ҳасудону муғризон чандин дафъа ба чанги ин идораҳо гирифтор шуд.
Дар вақташ Раҳматулло аз ин амалҳои тафтишот ба худ сабақ гирифта, санадҳои тамоми фаъолияти хешро мураттабу муназзам менамуд. Ва, хосатан, ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намуда, дар ҷузвдонҳо ба тартиб дӯхта мемонд. Дарси ҳаёт Раҳматуллоро ба ин корҳо талқин менамуд. Ӯ ҳеч фаромӯш намекунад, ки ҳангоми мудири мағозаи чӯбу тахтаи шаҳри Қӯрғонтеппа буданаш боре ду-се намояндаи идораи тафтишотӣ ба наздаш омаданду як санади муҳимро талаб намуда, пас онро бо худ бурданд. Баъд аз ду рӯз онҳо мункир шуданду изҳор доштанд, ки ҳамин санади муҳимро надидаанду нагирифтаанд. Раҳматулло барои барқарор намудани он санад хеле заҳмат кашид ва бо душворӣ онро барқарор кард.
Ва сабақи ин воқеа як умр дар лавҳи хотираи вай нақш баст... Бинобар ин Раҳматулло ҳоло идораи ин муфаттишро тарк намуда, аз тафтишоти минбаъда ҳам ҳеч парвое надошт, зеро тамоми кораш аз рӯи қонун, пок ва ҳуҷҷатҳояш мураттабу дақиқ буданд ва бо ин идораҳо бошад, фақат бо забони ҳуҷҷатҳо гап задан мумкин буду халос. Лекин Раҳматулло ба як гӯшаи дили худ аз зиштиҳои тоифаи ҳасудон дар шигифт меомад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: Тавонам ин ки наёзорам андаруни касе, Ҳасудро чӣ кунад, к-ӯ зи худ ба ранҷ дар аст, Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест, Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст.
«Тоифаи ҳасудонро аҷоиб хилқатест, – аз дил мегузаронд Раҳматулло, – сер бошӣ дида наметавонанд, гурусна бошӣ, дода. Ба ҳеч васила намефаҳманд ва қоил ҳам нестанд, ки бо Худододагон ситеза макун, ки худододаро Худо додааст». Раҳматулло дар ин хусус дигар андешаҳоро қатъ намуду ба сӯйи користони худ раҳ пеш гирифт. Ӯ ба регзор наздик омада, садои скрепери Саидмуинро нашунид. Фақат Лутфулло бо булдозери худ решаи паттаю юлғунҳоро мебурид. Скрепер дар паҳлӯи регтӯдаи назди кӯл хомӯш меистоду Саидмуин дар гирду атрофи он ҷунбуҷӯл дошт.
– Ба хайр аст? – пурсид Раҳматулло аз мошин фуромада.
– Симтаноби бел канда шуд, – ҷавоб дод Саидмуин, – ман ҳеч гумон надоштам, ки дар байни ин регзор харсанг ҳам будааст. Вақти пеш кардани рег дами бел ба санг банд шудааст, газро пахш намудам, ки ба симтаноб зӯр омаду он канда шуд.
– Дар ин регзор аҷоиботи гуногун пеш омаданаш мумкин аст, аз ин рӯ ба ҳар чизи ғайриоддӣ тайёр будан даркор, – гуфт Раҳматулло симтаноби скреперро аз назар гузаронда. Раҳматулло дар он рӯзҳое, ки ҳуҷҷати ин заминро тартиб медод, доир ба хосияту табиати регзор аз рӯзномаю маҷалла ва китобҳо як силсила маводу мақолаҳоро мутолиа намуда буд. Зимни хондани яке аз ин мақолаҳо ӯ маълумоте дарёфт, ки миллионҳо сол муқаддам дар рӯйи замин давраҳои яхбандиҳо ҷараён дошт ва эҳтимол дорад, ки ин сангҳо ҳамон давраҳо пайдо гардидаанд.
Раҳматулло ҳамин маълумотро ба хотир оварда, ба Саидмуин таъкид намуд, ки регзорро саҳл напиндорад ва доимо ҳушёр бошад. Сипас Раҳматулло дасту остин барзада ба Саидмуин ёрӣ дод ва онҳо симтаноби гусастаро кушоданд. Ҳамон рӯзҳо мутаассифона симтаноби скрепер дар анборҳою устохонаҳои муассисаи «Бешкандобсохтмон» ва умуман дар ҳудуди ноҳия пайдо нашуд. Раҳматулло мошини кӯҳнаи худро савор шуда, ба шаҳри Душанбе рафт ва чандин шиносҳояшро пурсуҷӯ карда, оқибат ҷойи симтанобро ёфт ва барои эҳтиёт ду дона симтаноб харид. Вақте ки Саидмуин дар бордони мошини Раҳматулло ду дона симтанобро дид, изҳори тааҷҷуб намуд:
– Ако, симтаноб аҳён-аҳён канда мешавад, як дона биёред ҳам, мешуд.
– Сад рӯз бор, як рӯз даркор, – ҷавоб дод Раҳматулло, – барои захира нигоҳ доред, бародар, ҳоло дар пеш корҳо бисёранд, эҳтимол дорад, ки аз даруни регзор харсангҳои аз ин калонтар ҳам бароянд.
– Ман бори аввал дар чунин регзори доманфарох кор мекунам, биноан сирру савдои онро чандон намедонам.
– Бале, асрори ҷаҳонро на ту дониву на ман! Ҳангоми насб кардани симтаноб низ Раҳматулло ба Саидмуин ёрӣ расонд. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши васоити техникӣ шавқу ҳавас доштани Раҳматулло дар ҳар қадам ба кор меомад. Ҳоло ӯ аз қисмати худ мамнун буд, ки дар он даврон мисли баъзе ҷавонон коҳилӣ накарда, навъҳои гуногуни техникаро омӯхт ва акнун самараи онро мебинад. Агарчанде ҳоло дар соҳаи техника кори доимӣ накунад ҳам, вақти зарурат ба ягон кас рӯйи ниёз намеоварад. Чун скрепери Саидмуин садо бароварда, бо бели пуриқтидораш синаи пурасрори регзорро чок-чок кард, тамоми вуҷуди Раҳматуллоро эҳсоси фараҳу шодмонӣ фаро гирифт. Ӯ ҳақиқатан ҳам хурсанд буд, зеро кори дӯстдоштаи ӯ иҷро мешуд. Замин аз чанголи рег ваҷаб-ваҷаб раҳоӣ меёфт, замине, ки дар оянда Раҳматулло бо фарзандони худ дар он гул ва донаи умед кишта, гуна-гуна дарахтҳо шинонданӣ буданд.
Зинаи асосии пешрафти кори ободонии регзор, албатта, кофтани кӯл буд. Раҳматулло ба ин аҳамияти калон медод ва ҳар як метри умқи кӯл ӯро бештар мамнун мекард. Воқеан ҳам сохта шудани чунин кӯли паҳно, ки ғунҷоиши калоне дорад, ғалабаи бузург буд. Вақте ки миллионҳо мукааб метр хок канда шуда, кӯл бо ҳама тӯлу паҳноии худ арзи ҳастӣ намуд, дӯсти Раҳматулло – раиси хоҷагӣ Аҳлиддин Афғонов нахустин шахсе буд, ки барои дидани ин користон омад. Онҳо ба давродаври кӯл гардиш намуда, натиҷаи заҳмати чорсоларо муоина карданд.
– Бародари азиз, туро бо ин муваффақият ва барори бузурги кор самимона табрик менамоям, – гуфт Аҳлиддин даст ба дӯши Раҳматулло ниҳода, – коре ки ту анҷом додӣ, кори хурд нест, балки ин корест, ки на ҳар таҳамтан ба иҷрои он ҷуръат карда метавонад. Дар ёд дорам, ки ту маро ба кофтани ин кӯлу обод кардани ин чӯл талқин намуда будӣ. Вале ман, рости гап, ки бо ташвиши корҳои печ дар печи хоҷагӣ андармон шуда, ин суханони туро фаромӯш карда будаам. Маълум мешавад, ки анҷом додани ин кори савоб ба худи ту насиб карда будааст ва худат онро саришта намудӣ.
– Агар дастгирии шумо дӯстону бародарон намебуд, ман худам ба танҳоӣ аз ӯҳдаи иҷрои ин кор намебаромадам, – изҳори сипос намуд Раҳматулло. Сипас онҳо дар самти шимолии кӯл истода, ба тарафи ҷанубии он нигаристанд. Раҳматулло нарангушти дасти рости худро боло карда, ба девораи кӯл назар намуду сарашро ду-се бор ба аломати инкор ҷунбонд.
– Ту маро бо анҷомёбии сохтмони кӯл табрик кардию ҳоло анҷоми кори он ба табъи дилам нест, – ба рӯйи Аҳлиддин нигарист Раҳматулло, – камбудиҳояш бисёранд.
– Ҳа, боз чӣ камбудӣ ёфтӣ, охир чор тарафаш олиҷаноб, гул барин, – ҳайрон шуд Афғонов.
– Девораи тарафи ҷанубии кӯл андаке каҷ аст, ба дарун тоб партофтааст, инро ман бо ангуштам ҳам мушоҳида карда истодаам, – шарҳ дод Раҳматулло, – агар бо нивелир ё обтарозу бубинӣ, каҷии девораро боз ҳам равшантар муайян мекунӣ. Дер накарда, худи пагоҳ ба назди Надежда Михайловна меравам ва бо иҷозати ӯ муҳандиси «Бешкандобсохтмон»-ро ба ин ҷо оварда, ин каҷии девораи кӯлро рост менамоям.
– Девора андаке каҷ бошад, чӣ бокест? Охир ту дар ягон мусобиқа ё конкурси кӯлсозӣ иштирок карданӣ нестӣ-ку?эътироз намуд Афғонов, – обро нигоҳ дорад, шуд-дия, дигар девораи рост чӣ лозим?
– Дуруст аст, ки ман дар ягон мусобиқа ё конкурси кӯлсозӣ иштирок карданӣ нестам, – посух гуфт Раҳматулло, – лекин ҳар кор бояд мувофиқи табъи дил анҷом биёбад. Мана, аз ҳамин ҷое, ки мо истодаем, дар тарафи дасти чапамон хиёбони гулзору санавбаристон ба тарафи ҷануб – қад-қади соҳили кӯл бояд тӯл бикашад. Меҳмони омада аз ҳамин ҷои мо истода ба поён нигарад, каҷии девораи кӯлро дарҳол мушоҳида мекунад. Дар тарафи дасти чап гулгашту санавбаристон мустақиман доман паҳн кунаду дар хати мувозии он девораи кӯл каҷ бошад, манзараи номатлубе хоҳад дошт. Ҳол он ки каҷӣ хеле дағал аст, ба ангушт ҳам муайян карда мешавад. Ҳамин қадар корро анҷом додем, иншоаллоҳ, инашро низ иҷро хоҳем кард.
Афғонов дигар эрод нагирифт. Вай аз айёми бачагӣ бо Раҳматулло дар як ҷо калон шуда, хислату табиати дӯсташро нағз медонист. Оре, медонист, ки Раҳматулло чун ба роҳи ҳақ азм кунад, дигар ҳеч кас ёрои онро надорад, ки ӯро аз раъйаш баргардонад. Раҳматулло чунин инсони ростраву покдин, соҳибқавлу амал, қавиазму матинирода аст, ки ин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба ӯ аз ниёгонаш мерос монда, дар шараёни дил ва мағзи ҷисму ҷонаш ҷараён гирифтаанд... Ба девораи каҷи кӯл нуктагирӣ кардани Раҳматулло ба мавқеъ будааст. Пас аз он ки муҳандис ноҳамвориҳои девораро бартараф намуд, зебоии кӯл боз ҳам афзунтар шуд.
...Ба ҳамин минвол беш аз чор соли умри гаронмояи Раҳматулло дар ободонии регистон сарф гардид. Аз ҳама муҳимаш кӯли Раҳматулло бо ғунҷоиши як миллиону панҷсад ҳазор метри мукааб сохта шуд, регзорро низ ҳамвор карда, ба ҷойи он хоки зинда оварданд. Биноҳои фермаҳои човодорӣ эъмор гардид, ки дар онҳо парвариши чил сар модагови бурокарпатӣ ва чорсаду даҳ сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ ташкил гардиданд. Дар боғистонҳо, ки Раҳматулло мувофиқи диди зебоипарасти хеш бунёд кард, ҳафт ҳазор бех ниҳолони зардолу, бодом, себ, анор, санҷит, ангур, хурмо, норинҷ, турунҷ, биҳӣ ва амсоли инҳо шинонида шуданд. Раҳматулло барои овардани ниҳолон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Самарқанд, Бухоро ва ҳатто ба Ӯшу Бӯстонлиқ низ сафар намуд. Шонздаҳ адад дарахти шоҳтути пайвандиро аз парваришгоҳи боғбони машҳури қубодиёнӣ Миразиз Очилдӣ харидорӣ кард.
Раҳматулло барои парвариши ниҳолон се адад насоси андиҷонӣ овард, ки иқтидори ҳар яке аз онҳо ба обёрии дувоздаҳ гектар замини ташналаб кифоят менамуд. Инчунин бо ҳамин ният қубури обгузар ба тӯли дувоздаҳу ним километр ва ба қутри яксаду панҷоҳ ва сесад миллиметр, бисту як ҳазор метр сими урёни барқ, як адад трансформатор, ба миқдори зиёд лӯлаҳои сӯрохдор бо мақсади ташкил намудани усули обёрии қатрачакон дар парвариши зироат барои ободонии ҳамин замин муҳайё кард. Зимнан бояд зикр намуд, ки Раҳматулло дар парвариши зироат ҳам шахси дурандеш аст, чунки бо вуҷуди фаровонии оби ҷонбахш ба қадри ҳар як қатраи он мерасад ва ният дорад, ки обро басо сарфакорона истифода намояд.
Зеро об ҳам, ба ақидаи Раҳматулло мисли нон муқаддас аст, чи тавре ки нонреза аз зери по мегирӣ ва бӯсида ба пешонӣ мемолӣ, биноан ҳар қатраи обро низ эъзоз мебоист кард. Акнун лаҳзаи таърихӣ ва фаромӯшнопазир фаро мерасид. Одамон анҷом ёфтани сохтмони кӯлро фаҳмида, ба минтақаи ободшуда зуд-зуд меомаданд ва пурсон мешуданд, ки об кай меояду ин кӯлро чӣ тавр пур мекунад? Раҳматулло ба оромию солорӣ, ки хоси ӯст, ҳар якеро ҷавоб мегуфт: «бародарон, заҳмати пурмашаққати тӯлонӣ пушти сар гардид, кӯл бунёд ёфт, ҷӯйи тарафи он аз Наҳри Калон то соҳили кӯл кофта, парчобу дарвозаҳо ва даҳанаю оббандҳо сохта шудаанд. Инак, қисмати осонтарини корамон боқӣ мондааст, иншоаллоҳ, дар соати нек ин ҳам бо амри Парвардигор ҷомаи амал хоҳад пӯшид».
Раҳматулло дар масъалаи бо об пур кардани кӯл ҳам хеле оқилона рафтор кард. Чи тавре ки маълум аст, тамоми киштзорони ноҳияи Қубодиён тавассути Наҳри Калон обёрӣ мешавад. Бинобар ин Раҳматулло махсус мунтазир шуд, ки кулли зироати хоҷагиҳои ноҳия пухта расад ва ҳатто яхобмонии заминҳо низ поён пазираду ба ибораи дигар, оби Наҳри Калон ба деҳқонон лозим нашавад, пас бо иҷозати хоҷагии оби ноҳия роҳи обро ба ҷониби лаби ташнаи кӯл раҳо хоҳад кард, то ҷигари сӯхтаи биёбон шифо биёбад. Бе ваҷҳ нест, ки хирадмандон фармудаанд: «куҷо оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ»... Ин соати фархундаи таърихӣ низ фаро расид. Соати 12-ю 25 дақиқаи рӯзи сиюми марти соли як ҳазору нӯҳсаду наваду як ба кӯли Раҳматулло об сар дода шуд! Вақте ки ба кӯл оби поки Наҳри Калон ҷорӣ мешуд, Раҳматулло афсонаи модаркалонро ба ёд овард. Ҳамон лаҳза ба хотирааш барқ зад, ки бибиаш ба такрор афсона мегуфту Раҳматулло хомӯшона гӯш мекард ва худро хаёлан дар сафи чоҳканҳову ҷӯйкобон мепиндошт, ки онон обро ҷустуҷӯ доштанд...
Раҳматулло ба биёбон ҷорӣ гаштани оби зулолро дида, тасаввур мекард, ки афсонаҳои модаркалонаш ба ҳақиқат табдил ёфтанд. Оре, набера афсонаи бибиашро ба ҳақиқат бадал намуд. Ӯ ба муносибати ин рӯзи муборак ба арвоҳи Бобои деҳқон гӯсфанди шишаки дастпарвари худро дар лаби кӯл сар зада, деги шӯрбо муҳайё намуд. Дар атрофи кӯл аз тамоми гӯшаю канорҳои ноҳия одамон ҷамъ омада буданд, ҳатто аз ноҳияи Рашт ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Душанбе меҳмонон дар ин воқеаи фараҳбахш ширкат доштанд. Пирону ҷавонон, занону мардон ба оби софи Кофарниҳон, ки дили чӯлро шодоб менамуд, бо хурсандӣ дастурӯ мешустанд.
– Дӯстон,бародарон, – гуфт муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи ба номи Рӯдакии ноҳия Насрулло Абдуллозода, – имрӯз дар доманаи кӯҳи Хоҷа Ғозиён, дар паҳлӯи вайронаҳои қалъаи Кайқубодшоҳ – Тахти Қубод воқеаи ниҳоят хурсандибахши таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ба чӯлистони асрҳои аср ташналаб оби ҷонбахш омад, ки он ба туфайли меҳнати пурмашаққат ва душвору тӯлонии Раҳматулло муяссар гардид. Раҳматулло ҳақиқатан ҳам меҳнати қаҳрамонона кард ва бесабаб нест, ки ҳамин корнамоӣ намояндагони тамоми халқу миллатҳои сокини ноҳияро дар соҳили ин кӯл ҷамъ овард ва муттаҳид кард.
Ман дар байни меҳмонони дар ин ҷо ҳузурдошта: тоҷикон, ӯзбекон, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқон, русҳо, украинҳо, яҳудиён, белорусҳо, тоторон, гурҷиён, арманҳо, осетинҳо, хулоса ҷамеи ҳамдиёриёнро мебинам. Садҳо аҳсану офарин ба Раҳматулло Абдуллоев, ки бо ин кори мӯъҷизаосои худ ҳамаи моро дар соҳили ин кӯл мафтуну мусаххар ва сарҷамъ кард. Дуруд ба рӯҳи пурфутӯҳи гузаштагони ин мард, ки чунин фарзанди олиҳимматро ба камол расонидаанд. Ва ӯ дар хизмати халқу Ватан чунин ҷонфишониҳо намудааст. Ба шарафи ин воқеаи таърихӣ, ки бо меҳнати қаҳрамонона ва корнамоии Раҳматулло амалӣ гардидааст, пешниҳод менамоям, ки минбаъд рӯзи сиюми марти ҳар сол дар ноҳия ҷашни обу ободонӣ таҷлил карда шавад. Шоир ба ин муносибат хеле нағз гуфтааст: Дашти лабташна шунав, оби равон меояд, Об не, бар тани берӯҳи ту ҷон меояд! Ҳозирон ин пешниҳоди муаллим Абдуллозодаро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ҷонибдорӣ намуданд.
– Ҷамъомади имрӯза таҷлили нахустини Ҷашни обу ободонии ноҳия ҳисоб меёбад, – илова намуд муаллим дар охири сухан. Иддае доир ба он изҳори ақида намуданд, ки ташаббуси бузурги Раҳматулло қобили дастгирист. Дар ноҳия ва берун аз он ҷавонмардони асили олиҳиммат ба ин корнамоӣ бояд пайравӣ бикунанд. Зеро дар чанголи чӯлу биёбон ҳоло заминҳои кашфнашуда ва нообод бисёранд. Ҳар кас дар ин кори ватандӯстона бояд аз худ ҷасорате ва ғайрате нишон диҳад...
...Обе, ки рӯзи сиюми март ба кӯл сар дода шуд, ба муддати бисту чор рӯз ҷорӣ гашта, кӯлро пур кард ва кӯли Раҳматулло ба баҳри пуртуғёне табдил ёфта, дар миёни биёбон ба оинаи паҳною зебои нилгун мушобеҳ гардид. Сипас чор соҳили онро бо чим мустаҳкам карда, аз замини гирду атроф боқимондаҳои хору буттаҳо, хотинаку саксавулҳои решакангардида, сангҳои замонаҳои яхбандии саросар бо диққату ҳавсалаи том барчида шуданд.
Раҳматулло бо фарзандон, хешу табор ва ёру дӯстон ҳашар ташкил карда, ин корҳоро анҷом дод. Ин зинаи аввалини тавфиқи кор буд. Раҳматулло аз ин муваффақият хурсандии беҳадду каноре дошт. Вале ӯ аз зумраи он одамон нест, ки аз муваффақияти нахустин хотирҷамъ гарданду минбаъд пой ба саҳрои беғамию фориғболӣ биниҳад. Ҳол он ки барои комилан обод намудани замини кашфшуда ҳанӯз кори бисёреро анҷом додан ва маблағи зиёдеро сарф намудан зарур буд. Алғараз, муваффақияти нахустинро бо иҷрои корҳои мушаххас мебоист таҳким бахшид. Бо ҳамин ният Раҳматулло тасмим гирифт, ки ба як қисмати замини тахту ҳамвор пиёз кишта, маблағи аз он ба дастмеомадаро дар роҳи ободонии худи ҳамин минтақа сарф намояд. Ӯ тухмии аълодараҷаи пиёзро аз як хоҷагии тухмипарварии ноҳияи Ҳисор харида, дар ҳавлии худ онро бо аҳли оилааш тоза кард. Пас заминро маҳин шудгор намуда, бо писаронаш кулӯхҳоро майда кард ва решаи алафу гиёҳҳоро бичид. Раҳматулло моҳи ноябри соли наваду як бо ёрии писарон ва хешу табори худ тақрибан масоҳати шаш-ҳафт гектарро ҷӯя кашида, пиёз кишт ва бо обдиҳию хишоваи киштзор машғул гардид. Дар замини асрҳои аср зироате кишта нашуда, ки хеле бақуввату серғизо буд, ҳосили хубе рӯид.
Пиёз дар ҷӯяҳо хеле ғафс сабзида, инкишоф ва нашъунамои олиҷанобе дошт. Писарони Раҳматулло як миқдор баррапиёзи нирғаро чида, чун навгонии ҳосили замини ба тозагӣ кашфшуда ба ҳамқишлоқиҳо ҳадя намуданд ва дуои шукронаю хайр гирифтанд. Раҳматуллою писарони ӯ чандин моҳи ҳамон сол аз байни киштзор набаромада, аз сидқи дил меҳнат карданд. Дар замини нарм ва ғизодор, инчунин бо дастранҷи шерамардони Раҳматулло решабандии пиёз хеле калон шуд. Раҳматулло азм кард, ки пиёзро ба тарафи Шарқи Дур бибарад. Аз таҷрибаи хеш медонист, ки дар он минтақа ба пиёз талабот хеле зиёд аст. Вақтҳои дар мағозаи масолеҳи бинокории шаҳри Қӯрғонтеппа кор карданаш боре ба кишвари Хабаровск сафар намуда, бо мадади дӯстону шиносонаш масъалаи ба ватан интиқол додани миқдори зиёди чӯбу тахта, шиферу мехурангҳоро ҳаллу фасл намуд ва аз ин барори сафари хидматиаш хеле мамнун гардид.
Бо ин фараҳу шодмонӣ дар сӯҳбати дӯстони шарқидурӣ Раҳматулло ваъда дод, ки пагоҳ палави тоҷикӣ пухта, онҳоро зиёфат хоҳад кард. Вай аз субҳидам ба тараддуди харидкунию палавпазӣ афтода, гӯшту биринҷ ва равғанро зуд пайдо кард, аммо дар ҷустуҷӯи пиёзу сабзӣ басо сарсону саргардон шуд. Ба таксӣ савор шуда, тамоми бозорҳои шаҳрро аз назар гузаронд, ҳатто ба хонаҳои баъзе ҷӯраҳояш рафта, ин сабзавотро ҷӯё шуда бошад ҳам, ду аркони асосии палавро ҳеч ёфта наметавонист. Оқибат баъди ду соати таксисаворӣ аз як мағозаи сабзавотфурӯшӣ бо ёрии дӯсташ ду кило сабзӣ ёфт, вале аз пиёз ҳоло ҳам ному нишоне набуд. Чӣ бояд кард, дар соати муайяншуда дӯстон ҷамъ мешаванд ва ҳамаи онҳо, албатта, мехоҳанд, ки лаззати палави тоҷикиро бичашанд. Вале аз унсури асоситарини ин таоми миллии тоҷикӣ, ки Раҳматулло ваъда кардааст, ҳанӯз дарак нест, сонӣ Раҳматулло бо маслиҳати ронандаи таксӣ ба тарабхонаи марказӣ ва калонтарини шаҳр рафтагор гашт ва хайрият, ки дар он ҷо ба миқдори кам бошад ҳам, пиёз ёфт шуд ва Раҳматулло онро бо нархи даҳчанд ба даст овард.
Дӯстони Раҳматулло ҳангоми палави лазизи тоҷикиро нӯши ҷон кардан, ҳикоят намуданд, ки дар Сибиру Шарқи Дур пиёз ва сир доруи асосии бемории исқорбут аст. Одамизод, агар сиру пиёзро кам истеъмол кунад, ба ин бемории милку вора гирифтор мегардаду дар фарҷом беҳолу бемадор шуда, вораҳояш мепӯсанд ва дандонҳояш батамом мерезанду доии аҷалро лаббайк мегӯяд. Раҳматулло ин воқеаро ба хотир оварда, аз дафтарчаи ҷайбиаш рақами телефони хонаи Антон Петрович Кравчук ном ҷӯраашро пайдо кард, ки ӯ дар шаҳри Хабаровск зиндагӣ дошт. Вақте ки Раҳматулло ба Хабаровск занг зад, гӯшакро ҳамсари Антон гирифта, ҷавоб дод, ки шавҳараш пас аз як рӯз ба хона меояд ва албатта, занги вайро интизор хоҳад шуд. Раҳматулло дар рӯзу соати муайяншуда дӯсти раҳдурашро пайдо намуд.
– Бо фарзандон пиёз парвариш кардаам, – гуфт Раҳматулло, – пас аз салом ва ҳолу аҳволпурсӣ ба Антон, – бо лутфи ҳақ ҳосилаш фаровон аст, агар зарур бошад, то Хабаровск мебарам, он тарафашро ту медонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё