Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

– Ин чизҳоро аз куҷо ёфтӣ?-пурсид Вазеҳаддин аз деҳқон.

– Аз теппаи Тахта Қувват, – ҷавоб дод деҳқон бо таъзим. (Мардуми оддии маҳаллӣ Тахти Қубодро то ҳол ҳамин тавр талаффуз менамоянд).

– Ин пулро бигиру он ҷойро ба ҳеч кас нагӯй, – таъкид намуд Вазеҳаддин, – ман боз ба ту пул медиҳам.

– Хуб шудааст, ҷаноби дӯкондор, – боз таъзим кард деҳқон. Вазеҳаддин шахси босавод ва чолоке буда, дар куҷо фурӯхтани ин хазинаро нағз медонист. Бинобар ин аввал ӯ бозёфтро рӯйхат карда, баъд ба анбони чармин ҷой намуд ва бо мақсади рафтан ба шаҳри Равалпиндии Ҳиндустон (ҳоло Покистон) ҳамроҳи дигар тоҷирони шарикаш ба сафар баромад. Ба ҳамин тариқ, соли 1877 ганҷинаи беқиёс ва гаронбаҳои мулки Қубодиён бадар рафт. Дар роҳ тоҷирон ба дасти дуздони қабилаи гилзайи паштуи Афғонистон меафтанд ва як қисми хазина ба ғорат меравад. Ҳароина, тоҷирон ба Равалпиндӣ расида, боқимондаи ганҷинаро ба сиккашиноси англис А.Каннингем, нигаҳбони осори қадимаи осорхонаи Британия О.Френкс ва директори роҳи оҳани Ҳиндустон А.Грант фурӯхтанд. Дертар ҳиссаи бештари онро О.Френкс харида, соли 1896 бо хату васиқа ба осорхонаи Британия васият мекунад.

Олими машҳур, атиқадӯсту сиккашиноси англис А.Каннингем барои донистани тафсилоти ин бозёфти гаронбаҳо, ки иборат аз як ҳазору панҷсад сиккаи нодир ва яксаду ҳаштод маснуоти зарину симини аҳди ҳахоманишиҳову юнониҳо буд, кӯшиши бисёр кард. Аз ҳикояти тоҷирон ва капитани англис Ф.Бартон, ки шоҳиди воқеа буд, чунин бармеояд, ки дафина аз қисми шимолии соҳили рости дарёи Окс (Вахш), ки аз он ҷо то шаҳри Қундузи Афғонистон дурӯза роҳ будааст, дар қарибии убургоҳи роҳи Самарқанду Хулм ёфт шудааст.

Тоҷирон ганҷинаро аз деҳқони таҳҷоӣ мехаранд ва ба анбонҳои чармӣ ҷой карда, ба сӯйи Ҳиндустон раҳсипор мешаванд. Дар рӯйхати Вазеҳаддин ишора шудааст, ки дар анбони сафарии онҳо чанд зарфи тилоӣ, пайкараҳои хурди зарину нуқрагини бут, ороишот, инчунин дастпонаи калону паргари зарин пинҳон будааст. Деҳқони таҳҷоӣ ба тоҷирон гуфтааст, ки ин дастпона ва пайкараҳои Искандари Мақдунӣ аст ва бо он асбоби зиннате, ки ба шоҳи Ҳинд тақдим шуда буд, дар як вақт пайдо гардидаанд. Чи тавре ки Раҳматулло дар маҷаллае хонда буд, дар роҳи сафар бодиянишинони қабилаи гилзай бозаргононро тороҷ намуда, як қисми ашёву сиккаҳои заринро бо худ мебаранд.

Тақдири минбаъдаи ганҷинаи Ому аз гуфтаҳои капитан Ф.Бартон маълум мешавад. Вай бо сарбозон шабона ба ғоре, ки нишемангоҳи тороҷгарон буд, меравад ва бақияи хазинаро мегирад. Зоҳиран Ф.Бартон ба дуздон таҳдид мекунад, ки занону фарзандонашонро қатл хоҳад кард, бинобар ин ғоратгарон аз тарс қисме аз моли ғораткардаашонро ба Ф.Бартон медиҳанд. Тоҷирон барои ин шуҷоату ҷавонмардӣ ба Ф.Бартон дастпонаи зарин тақдим мекунанд, ки капитан дертар он дастпонаро ба осорхона месупорад. Аз шаҳодати мувассақи Вазеҳаддин бармеояд, ки сеяки бозёфт беному нишон гум шудааст. Ба гуфтаи А.Каннингем савдогарон ин ганҷинаро аз деҳқон ба қимати ночизе харида, сипас нархашро даҳчанд афзудаанд. Кормандони Эрмитажи давлатӣ Е.В.Зеймал ва Т.И.Зеймал, ки бо муайян намудани ҷойи дарёфти хизонаи Ому машғул буданд, маълумоти хеле аҷиби генерал-майори рус Н.А.Маевро ёдовар шудаанд.

Дар рӯзномаи «Туркестанские ведомости» аз 18 марти соли 1880 Н.А.Маев навишта буд: «Дар ҷои ба ҳам омехтани Вахшу Панҷ харобаҳои Тахти Қубод воқеъ аст. Аз ин ҷо собиқан ашёи қадимӣ меёфтанд, ҳатто боре аз байни хоктӯда ҳайкалчаи зарини паланг ва дигар ашёҳои тилоӣ ёфт шуданд. Тамоми ин бозёфтҳо дар Бадахшон ба савдогарони Ҳинд ба қимати гарон фурӯхта шудаанд». Афсари дигари рус, аз ҷумла Н.И.Покотило соли 1889 дурустии маълумоти Н.А.Маевро тасдиқ карда менависад: «Сарфи назар аз он ки ин мавзеъ биёбон аст, даҳҳо нафар одамон дар ин ҷо ҳамеша дафина меҷӯянд». Чунин таърихи аҷиб дорад ин бозёфти нодир, ки дар илм бо унвони «Хизонаи Амударё» машҳур аст. Ин хазина баъди ёфт шуданаш ба муддати бист сол даст ба даст гашта, соли 1896 дар осорхонаи Британия ҷой мегирад. Соли 1979, яъне пас аз ҳаштоду се сол ҷавобан ба намоиши «Тилои Сибир», ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари Англия ташкил намуда буд, ин ганҷина бори аввал берун аз хоки мамлакат, дар Эрмитажи давлатӣ (Ленинград) ва сипас дар осорхонаи таърихи санъати ба номи А.С.Пушкин (Москва) ба намоиш гузошта шуд. Раҳматулло боре дар рӯзномае «Хизонаи Амударё ба Ватан баргашт» ном мақолаеро мутолиа намуда, ин маълумоти барояш хеле муфид ва таъсирбахшеро дарёфт кард.

Мақола ба муносибати намоиши ин хазина дар Эрмитражи давлатӣ дарҷ гардида буд. Раҳматулло бисёр афсӯс хӯрд, ки ин бозгашти ганҷина муваққатӣ буда, он боз дар сандуқҳои фӯлодини осорхонаи Британия ҷойгузин мешавад. Дардову надомато, ки мардуми мо ин хазинаро дида наметавонанд. Ҳол он ки соҳибони ҳақиқии ин хазина онҳоянд ва ватани аслии хазинаи Амударё ноҳияи Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва боз агар мушаххасан бигӯем, ҷойи ёфт шудани он ҳудуди хоҷагии «Авасто»-и ҳозира мебошад. Биноан, хазинаи Амударё моли ҳаққу ҳалоли халқи тоҷик буда, он бояд ба ватани ҳақиқиаш баргардонда шуда, дар осорхонаи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҷойгир гардад. Фақат дар ҳамин сурат ҳақиқату адолат ба пирӯзӣ мерасад!

– Ноҳияи мо сар то сар макони осори таърихи бостони Ватан аст, – мегӯяд Раҳматулло, – дар ин ҷо ҳар як сангу сафолпорае ҳазору як асрори ниҳон дорад. Таърихи Наҳри Калон ҳам хеле ҷолиб аст. Он аз шимол то ҷануби ноҳия, яъне то охирин нуқтаҳои пахтазорони хоҷагии моро обёрӣ мекунад ва зиёда аз се ҳазор сол пеш кофта шудааст. Ба донишу маҳорати миробони Кайқубодшоҳ ҳазорон бор қоил шудан даркор аст, ки ин ҷӯйбор, ин канали мӯҳташамро чунон сохтаанд, ки барои ҷорӣ шудани оби он ягон оббанде сохтан зарурат надорад.

Об аз замонҳои қадим бо маҷрои худ равон гашта, киштзорони тамоми водиро шодоб намуда, сокинони минтақа, чорвои онҳоро аз об сер карда, ҳавои гармро дар тобистон фараҳбахш менамояд ва даҳҳо адад осиёбҳоро гардон месохт. Ин Наҳри Калон ҳоло низ ба ҳамон мизони мувофиқ ба халқи тамоми водии Қубодиён хизмат мекунад. Дуруст аст, ки дар ноҳияи мо ҷойҳои таърихӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ бисёранд, вале онҳо ба тӯли солиёни дароз харобу валангор гардидаанд. Мутаассифона, ҳоло мо ягон боғи фарҳангӣ ё тафреҳгоҳе надорем, ки истироҳатгоҳи маърифатомӯзи сокинони ноҳия бошаду меҳмонони мӯҳтарамро ҳам дар он ҷо қабул намоем. Ана, ҳамин масъала солҳои дароз фикру хаёлам ва тамоми вуҷуди маро фаро гирифта буд...

...Боре дӯсти Раҳматулло – Аҳлиддин Афғонов, ки раиси колхози «50-солагии СССР» буд, дар яке аз рӯзҳои баҳор барои ҷӯраҳояш ҷашни наврӯзӣ ташкил намуд. Дастархони ин маҳфили ёру дӯстон дар регзори хоҷагӣ, ки онро саксавулзор ҳам мегуфтанд, густурда шуд. Дар баҳорон манзараи регзор низ хеле назаррабо мешавад, гулҳои зарди биёбон мешукуфанд, насими нарм мевазад, гунҷишкон чуғур-чуғур месароянд ва гоҳе ҳам абрпораи чун қарс сафеде пайдо мешавад ва гирду атрофро боронаки гарм шакарнам мекунад.

Дар ҳамин наздикӣ чуқурии начандон калоне ба чашм мерасид, ки дар қаъри он оби борон ҷамъ шуда, ба ботлоқ табдил ёфта буд. Аз рӯйи нақли мардум ин ботлоқро Чорикӯл меномиданд. Замонҳои пеш дар ҳамин атрофу акноф Чорӣ ном чорводоре мезистааст ва ӯ молашро дар регзор чаро медодааст. Гӯё вай бо чӯпонони худ гирдогирди ин чуқуриро бо регу хок баста будааст, то дар он оби борон ҷамъ ояду чорвояшро об диҳад. Бо ҳамин ин ҷойи ҷамъшавии об, ки на ба ҳавзу толоб мемонду на ба кӯл шабоҳате дошт, аз тарафи халқ Чорикӯл ном гирифт, вале дар асл як ботлоқзоре беш набуд. Раҳматулло, ки дар ҷашни наврӯзии ташкил намудаи Афғонов иштирок дошт, пиёлаи чой дар даст гирифта, ба ин ботлоқи миёни регзор хаёломез менигарист. Ду-се нафар ҷавонон аз чалаки мошин об кашида, ба зарурати меҳмондорӣ истифода менамуданд. Ҳамин лаҳза дар сари Раҳматулло як фикре пайдо шуд, ки аз ин чинҳои пешониаш зиёдтар гардиданд ва ӯ чойро нӯшида ба Афғонов гуфт:

– Раис, чӣ мешавад, ки ҳамин ботлоқро тоза мекардию васеътар кофта, ба як кӯл табдил медодӣ. Колхоз қудратманд аст, техникаи бисёр дорад, фақат як қарори раёсати хоҷагӣ зарур асту бас. Пас дидӣ, ки ин ҷо, дар миёни биёбон оинаи сабзи кӯл пайдо мешаваду манзараи ин минтақаро тамоман тағйир медиҳад. Одамон аз оби зулоли он ташнагӣ шикаста дуоят мекунанд, ки савоб мегирӣ. Ҷонварон менӯшанд, ки савоби ин аз ҳама калон аст. Об бошад, боз дигар корҳоро ҳам анҷом додан мумкин. Ба ин пешниҳодам чӣ гуфтӣ? – саволомез нигарист.

– Пешниҳоди хуб, – гуфт Афғонов, ки суханони Раҳматуллоро бо диққат гӯш мекард, – бо ҳамкорон маслиҳату муҳокима намудан лозим. Бо ҳамин дар ин ҷашн доир ба Чорикӯл касе ягон ҳарф нагуфт ва ёру дӯстон пас аз зиёфат хона ба хона рафтанд. Пас аз чанд рӯз Раҳматулло ба коргоҳи раис Афғонов омада, пурсон шуд, ки масъалаи ботлоқро ҳал намуд ё не?

– Худат хабар дорӣ, ки ҳашт гектар пахтазорро сафолак пахш кардааст, – ҷавоб дод раис, – то ба ҷойи он кишти дубора гузаронда хотирҷамъ нашавам, дар бораи ботлоқи Чорикӯл фурсати хаёл кардан ҳам надорам. Аз ин гуфтугӯи кӯтоҳ чандин моҳ сипарӣ шуд ва Раҳматулло дар як вохӯрӣ масъалаи Чорикӯлро ба Афғонов боз хотиррасон намуд. Раис ин дафъа ҳам кори оҷил доштани худро иброз дошт. Баъди ин Раҳматулло тасмим гирифт, ки ба дӯши раис ташвиши хоҷагии калоне бор аст, биноан ӯ имконе надорад, то ботлоқи Чорикӯлро тоза карда, онро ба ҳавз, толоб ва ё ба кӯли ҳақиқӣ, яъне ба манбаи оби пок табдил бидиҳад. Ин дам ӯ суханони қиблагоҳи худро ба ёд овард, ки доимо таъкид мекард: «Бачам, ганҷ дар замин аст, кӯшиш бикун, ки соҳиби як порча замин бишавӣ...».

Падари Раҳматулло, ки умре деҳқони донапош буд, қадри заминро медонист. Раҳматулло бо ҳамин андешаҳо барои обод намудани замини биёбон ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия менамуду бо баъзе ҳамдиёриён маслиҳату машварат мекард. Охир, анҷом додани кореро, ки ӯ пеш гирифтааст, хурду назарногир, ба истилоҳ,андак нест. Меҳнати ҷонкоҳи зиёд ва албатта, маблағи калонеро ҳам тақозо дорад. Баъзеҳо мегуфтанд, ки кори беҳудаеро пеш гирифтаӣ, ранҷ ройгон мекашӣ, дар куҷо дидаӣ, ки дар ин биёбони тафсон гули умед бирӯяд. Мувофиқи ривоятҳо дар замони худ Чорӣ шахси давлатманду тавоно будааст, Чорибой мегуфтаанд ӯро, рама-рама гӯсфандон, гала-гала аспон доштааст ва подаи говонаш ҳам беҳадду ҳисоб будааст, вале регзорро ба гулзор табдил дода натавонистааст.

Охир мебинӣ, ки Чорикӯл ба ном аст ва дар асл ботлоқи бадбӯест. Мегӯянд, ки регзор ҳеч аз об сер намешавад, оби Наҳри Калон ва ё дарёи Кофарниҳонро ҳам ба ҷониби он равон кунӣ, беҳуда хоҳад буд, регистони сӯзон ҳамаи обро то қатраи охирин ҷабида мегираду заҳмати вазнинат, ду-се тангаи доштагиат ба ҳадар мераванд. Бар ивази ин нақшаи ботил, ки дар сар дорӣ ва он ба ибораи бузургон «ба ҳован об кӯбидан аст», хубтар мешавад, ки ҳавлии боҳашамате бисозӣ ва мошини нав бихарӣ ва бо кайфу сафо саворӣ бикунӣ, ба назари мо ин авлотар аст. Ва ё ҳар сол ба истироҳатгоҳҳои Қафқозу соҳили Баҳри Сиёҳ биравӣ, даҳрӯза умратро ба роҳат гузаронӣ, маишат бикунӣ, сонӣ дар айёми пириат роҳату маишати овони ҷавонию бардамиатро ҳикоя карда мегардӣ ва сомеъонатро мафтун месозӣ... Раҳматулло ин суханонро хомӯшона гӯш мекарду бо тааммуқ андар дил таҳаммулу тааммул менамуд.

Ва мӯзаи соқбаландеро пӯшида андешаманд ҷониби он ботлоқи байни регзор рафт. Он минтақаеро, ки соҳиб шудан мехост бори дигар ваҷаб ба ваҷаб аз муоина гузаронд ва дуру дароз ҳисобу китоб намуду дар дафтарчаи ҷайбиаш қайдҳо кард. Дар нақшае, ки ӯ барои ободу сабзу хуррам ва гулзор намудани ин мавзеъ дар дил дошт, албатта, кори асосӣ бунёд кардани кӯл буд. Ӯ хаёлан арзу тӯл, умқу сатҳ ва гирду атрофи онро пеши назар овард. Раҳматулло бо тамоми вуҷуд ва қаъри дили худ тасаввур кард, ки ин вазифаи пешгирифтааш ҳақиқатан ҳам бузург аст, вале он номумкин нест, балки иҷрошаванда аст, зеро илман асоснок гардидааст, мувофиқи нақша ва ҳисобу китоби дақиқ оғоз шуда, ҷараён хоҳад ёфт. «Охир ман обро ба реги мурда равон намекунам, ки он то қатраи охирин ҷабида гирад. Аввал регро бо қувваи техника ба ҷои дур мекашонам, сонӣ тамоми минтақаи обод мекардаамро бо хоки зиндаи ғизодор таъмин менамояму баъд бо дуои бобои деҳқон обро равон хоҳам кард», – мегуфт дар дил ӯ.

Боре Раҳматулло дар порчаи китоби «Авасто», ки дар маҷаллае дарҷ гардида буд, ин ҷумлаҳои муқаддасро хондааст ва ҳоло онҳоро ба лавҳи хотирааш меовард. Аҷдоди тоҷикон офарандаи замину кишварҳо – Аҳурамаздо ва фариштаи обҳо – Аноҳиторо мепарастиданд. Ва Зардушти Спитамон, ки обҳои неку маздоофаридаро ситоиш мекард, ба Аҳурамаздо гуфт: «Эй Аҳурамаздо, ба ман мадад расон, фариштаи обро аз осмон бифирист, то замин ҳамеша сабзу хуррам бошад, табиат поку тоза, кишти гандум дубора файз диҳад». Бо амри ӯ олиҳаи об ва дарёҳо Аноҳито пероҳани ҷилодор дар тан аз тахти сангин фуруд омад. Пас Зардушт муроҷиат намуд: «Эй Аноҳито, ту олиҳаи об ва дарёҳои рӯйи заминӣ, ту ба кишварҳо афзунӣ мебахшӣ. Ту нерӯманди бузурги замин, дорандаи ҳазор дарё ва ҳазор рӯд, ҳар як бо дарозии чиҳил рӯз роҳи марди чобуксавор. Маро комёб дор». Аноҳито, ки ҳамеша хостори бахшоянда буд, Зардушти ашавандаро комёбӣ бахшид...

...Замин модар аст, – мегуфт Зардушт ба насли башар,-об шири модар, аз он кулли махлуқот, ҷонварону чорво, наботот мемаканду меҷабанд ва рушду нумӯъ мекунанд. Биноан, заминро чун модар ва обро чун шири модар муқаддас доред...» Ва Раҳматулло афсонаи модаркалонро низ ёд овард. Он афсонаро, ки об ҳамчун зебопарӣ, рамзи покӣ ва ризқу рӯзӣ тасвир мешуду момозамини ганҷрасон ҳамеша ташнаи як қатраи булӯрини об буд. «Ба ҳалқи ман қатраи об чаконед, пас аз бағалам ҳар чи хоҳед, ситонед, – мегуфт момозамин, – дастархони шуморо бо нозу неъмати ройгон – мекунам рангину пуралвон...»

...Об ва замин ба мисли он ду хоҳараконе буданд, ки байни худ доим ҷанҷолу арбада доштанд ва... об гурезон мешуду бар қаъри замин ниҳон... Ҷанҷолу арбадаи обу замин нишонаи паридани хайру баракат буд. Одамон талош меварзидаанд, то чоҳҳо ва ҷӯйҳо кофта, роҳи обро кушоянд ва онро бо замин оштӣ намоянд. Баракату гулшукуфии замин ҳам дар оштии он ба оби файзрасон будааст.

...Бибиаш ҳамин зайл ба такрор афсонаҳо мегуфту Раҳматулло хомӯшона гӯш мекард ва худро дар сафи чоҳканҳову ҷӯйкобон мепиндошт, ки онон обро ҷустуҷӯ доштаанд... Ва Раҳматулло он дам гумон мекард, ки роҳи обро хоҳад ёфт... Раҳматулло бо ҳамин гуна хаёлҳо ва андешаҳои нек ба нуқтаи баландтарини хомаи рег баромад, ки ин ҷо тамоми гирду атроф баръало намоён мешуд. Тасаввур намуд, ки кӯл пуроб асту ин сатҳи фирӯзагун ба ранги нилии гардун монандӣ дорад. Дар соҳили кӯл шамшоду санавбарони зебо қадафрозӣ менамоянд. Одамон дар чойхонаи хуштарҳу мунаққаш, ки устоёни исфарагӣ бунёд намудаанд, чойи гуворо ва асалу қаймоқро бо нони ширмол нӯши ҷон мекунанду ба заврақҳо ва мурғони зебо, ки дар оби кӯл шино доранд, ишоракунон суханҳое мегӯянд ва табассум менамоянд. Маълум, ки табъи ҳама хуш ва болида аст. Дар паҳлӯи чойхона деги шӯрбо биқир-биқир меҷӯшад ва дар деги дигар зирбаки палав ҳам тайёр шуда истодааст. Як қисми истироҳаткунандагон дар хонаи махсуси самти чапи чойхона шоҳмоту шашка ва билярд мебозанд.

Дар самти шарқии кӯл боғҳои зардолую шафтолу, бодому хурмо ҷилва менамоянд, ки баъд ангурзор ва аз паси ангурзор гулгашти арчаю санавбаристон ҳуснфизоӣ доранд ва гулҳои садбарг, раъно ва савсан шукуфта, зебоии чаманистонро даҳчанд афзун сохтаанд. Ҳоло аз меваҳо фақат зардолуи ҷавпазаки лаззатбор пухтааст, ки боғбони нуронӣ бо ёрии духтарони малеҳчеҳра дар сабадҳо ҳосилғундорӣ дорад. Дар бари гулгашт ва тарафи шимолии кӯл зироатҳои полезӣ ба чашм намудоранд, ки он ҷо ду-се нафар деҳқонон қулфинай мечинанд. Хӯшаҳои пурмағзи гандумзор ҳам ба чашми кас хеле шинам ва ҷамил метобанд. Дар тарафи ҷанубии кӯл, ки он ҷо ҳавзи бачаҳо сохта шудааст, минтақаи хеле калони боғ мавҷуд буда, дорои тамоми меваҳои шаҳдогини минтақаҳои ҷумҳурӣ ва гӯшаҳои гуногуни олам мебошад. Дар он ҷо аз биҳию турунҷ сар карда, то олуи бухороӣ, гелоси самарқандӣ, шалели қубодиёнӣ, норинҷи ҷалолободӣ, анҷиру анори тошқӯрғонӣ, шаҳтути балхӣ ва ғайра рустаанд. Боз ҳам ба самти ҷанубтар, тақрибан панҷсад қадам дуртар аз боғ бинои фермаи говони ширдеҳро дидан мумкин аст, ки он ҳоло холӣ аст, зеро пода дар чарогоҳ асту гӯсолаҳо дар оғили қаноти рости ферма парвариш меёбанд.

Дар қаноти чапи ферма тӯдаи баланди хок ранги сиёҳчатоб дорад. Бале, ин хоки серғизост, ки захира карда шудааст ва ба ҳар ҷое, ки зарур ояд, ба мизону тартиб истифода мегардад. Дар самти ғарбӣ се-чор нафар бемор таҳти назорати духтур ваннаи регӣ қабул менамоянд, зеро ба гурдаҳои онҳо хунукӣ таъсир кардааст. Ба самти машриқ, ба дуродур назар андохта, силсилаҷиболи Хоҷа Ғозиёнро дид, ки аз шимол ба ҷануб ба дарозо хобидааст ва ба болои қуллаи баландтарини он уқоби оҳанинчанголе бо виқор нишастаасту бо чашмони тезбини худ ба пушти кӯҳ, ба соҳили дарёи Ому, ба тарафи вайронаҳои Тахти Сангин ва хоктӯдаҳои ҳазорон бор белгардоншудаи қалъаи Тахти Қубод менигарад, то тӯъмаи имрӯзаи хештанро биёбад... Ин манзараҳо, ки Раҳматулло дар оинаи хаёлоти худ тасаввур кард, ба тамоми ҷисму ҷонаш наздик, марғуб ва мақбулу ҷовидонӣ намуд. Ва дар дили хештан азми қавӣ кард, ки ба рағми баъзе маслиҳату машваратҳои номатлуб ҳамаи ҳастӣ ва буду набуди худро барои амалӣ намудани ҳамин орзуи азалиаш сарф хоҳад кард.

«Мақсуди ман он аст, ки замини чӯлро обод кунам, – аз дил гузаронд Раҳматулло, – дар ин ҷо боғистонҳо бисозам, ки тамоми меваю гулҳои диёрамон бирӯяд ва ҷойи тафреҳу тамошо, истироҳатгоҳу дармонгоҳи одамон бишавад. Ва ҷиҳати аз ҳама асосии обод кардани ин чӯлу биёбон иборат аз он аст, ки аз рӯйи панди падар амал намуда, фикру андешаи фарзандонам Иззатулло, Амриддин, Ибодулло, Нурмуҳаммад, Азиз ва Муродуллоро ба кори ободии замин ҷалб бисозам. Чунки ман ба онҳо пулу моли зиёдеро ба мерос гузошта наметавонам, умуман пулу мол бақое ҳам надорад. Падарам мегуфтанд, ки пулу моли падар ба фарзанди нағз ҳам ба кор несту ба фарзанди бад ҳам. Чунки фарзанди нағз худаш пулу мол ёфта метавонад, фарзанди бад бошад, пулу моли падарро зуд несту нобуд карда, ба роҳи боз бадтаре меравад. Бинобар ин мероси падар ба фарзанд танҳо ҳунар аст, яъне «мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз». Мероси ман ба онҳо заҳмату ҳунари деҳқонист, азбаски инро ман аз падари худ омӯхтаам...» Ва боз ба лавҳаи хотираи Раҳматулло ин сатрҳо барқ заданд, ки ӯ аз «Китоби муқаддас» хонда буд: «Бар теппаҳои беоб наҳрҳо, ва дар миёни водиҳо чашмаҳо хоҳам кушод: биёбонро ба кӯли об, ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об табдил хоҳам дод.

Дар биёбон арз, ақоқиё, ос ва зайтуни ёбоӣ хоҳам шинонид; дар саҳро сарв, коҷ ва шамшодро якҷоя хоҳам рӯёнид...» Сипас Раҳматулло вузӯъ карда, локии худро дар сояи саксавул густурд ва намози пешин ва ду ракъат намози шукрона гузошт ва ду даст ба дуо бардошт: Поко, Парвардигоро, шукрона мегӯям ба даргоҳи муқаддасат, ки аз дили ман ҳирси молу чизро бардоштӣ ва бар мазраи замирам ҳаваси кору заҳмат ва меҳри обу замини покро коштӣ... Эй бор Худоё, карам фармою ба ин дастранҷи ман кушоише деҳ, ё амонатиатро бигир, ки ман ба худ номи Раҳматуллои ноӯҳдабароро бардошта гашта наметавонам, ё Худоё, Худовандо, кушоише ато фармо, ки он раҳоиши ман хоҳад буд, Худоё, кушоише!.. Ин омурзиш ва истиғфору ниёиши Раҳматулло буд ба даргоҳи Яздони пок қабл аз оғози кор баҳри кашфи замини шаҳднок... Дили ӯ лабрези нерӯи қавие буд, ки он аз эҳсосоти ваҳдату ягонагии қавлу амали ӯ сарчашма мегирифт. Дигар ягон қуввае набуд, ки ин марди покизасиришт ва ростинро аз роҳи сарнавишт ва бо амри дили хештан интихобнамудааш бозпас гардонад. Ва ин роҳ ҳам ифтитоҳи замини кишт буд аз чанголи биёбон, ки чунин роҳи нек аз замони ҳазрати Одам то ин дам барои насли башар роҳи фарзонаю баргузида ва созандаю ризқофарандагист...

Ризқест барои инсону вуҳушу туюр... Дар Вазорати хоҷагии ҷангал ин раъйю нияти Раҳматуллоро хуш пазируфтанд, зеро он солҳо минтақаи заминҳои партови кӯҳдоману биёбон дар итоати ҳамин вазорат буд. Пас аз тасдиқ шудани санадҳо ба таври расмӣ ба ӯ амри оғози кор содир гардид. Ва Раҳматулло бо ҳиммати олии ҷавонмардӣ ва камоли ғайратмандӣ бо дуои пирони рӯзгор ба кор шурӯъ намуд. Хешу табор ва ёру дӯстон дар паҳлӯяш буданд ва ба ҳар роҳе ёрию ёвариаш менамуданд. Ҳар кӣ ба зиндагӣ назари нек дошт, ин иқдоми ободкунанда ва созандагию офарандагии Раҳматуллоро дастгирӣ менамуду тақвият мебахшид.

– Сардори мудирияти муассисаи «Бешкандобсохтмон» Надежда Михайловна Собирова ин меҳнати заминкушоии маро бисёр мададгорӣ намуд, – бо миннатдорӣ зикр мекунад Раҳматулло, – аз лиҳози васоити техникӣ ва масолеҳи бинокорӣ ҳамкории худро дареғ намедошт. Қубурҳо ва дастгоҳҳои обкашӣ бахшоиш намуд. Муассисаи «Бешкандобсохтмон» дар он давра хеле иқтидори калон ва васоити бисёри техникӣ дошт. Ва ҷабҳаи кори он ба фарҷом расида, иддае аз васоити техникӣ бекор буданд. Раҳматулло бо ин муассиса тибқи таомул гуфтугӯ намуд, зеро бидуни ёрии белҳои муқтадири экскаватору булдозеру скрепер дар ин регзори сурхранги тафсон кореро анҷом додан муҳол буд.

Минтақаи биёбони атрофи ботлоқи Чорикӯл, ки Раҳматулло нияти ободгарии онро дошт, чиҳилу ду гектарро ташкил менамуд ва он саросар аз регзор иборат буд. Мушкилоти хеле сангини кор дар ин минтақа кандану тарошидани сатҳи болоии регзор, ба ҷойи дуртар интиқол додани ин мурдахок ва ба ивази он овардани хоки зиндаи ҳосилхез ҳисоб меёфт. Механизаторони пуртаҷриба ва кордидаю корозмудаи муассисаи «Бешкандобсохтмон» Саидмуин Бобоев, Абдулҳамид Валиев, Музаффар Норматов, Лутфулло Мӯсоев, Ҳазратқул Саидов, Рифъат Мифтоҳиддинов ҳикоят мекунанд, ки кори минтақаи кӯли Раҳматулло аз обод намудани чӯлистони Бешканд мушкилтару вазнинтар буд. Зеро тақрибан ҳар рӯз дар ин ҷо пас аз пешин шамол мехесту регҳои чун сурб тафсону гаронро ба сару рӯ мезад ва чашм кушодану ҳаракате намудан ғайриимкон мешуд.

Регҳои тафсон фаъолияти мӯътадили васоити техникиро низ халалпазир менамуд. Вале дар саросари чӯлистони Бешканд, ки ин механизаторон футӯҳот намудаанд, қисматҳои регдори замин хеле кам ба назар мерасиданд. Мушкилоти сахту сангини дигар он буд, ки шамоли тунд регтӯдаҳо, яъне хомаҳои регро дар бадали фосилае чанд аз як минтақа ба минтақаи наздику дуртари дигаре кӯч медод. Масалан, ронандаи скрепер имрӯз регтӯдаеро аз назди ботлоқ ба самти берун аз замини Раҳматулло дур андозад, баъди шабе ва ё рӯзе дар назди ботлоқ регтӯдаи аз дӯшина ҳам калонтару саҳмгинтаре пайдо мешуд.

Тундбоди гармсели регзор чунин қудрати аҳримании коршиканӣ дошт. Азму иродаи қавӣ, рӯҳи бешикасту хастагинопазир, матонату устувории Раҳматулло ба фаъолияти механизаторон илҳом мебахшид. Бо шиддат ёфтани кор ҷойи буду бош ва хобу хӯри Раҳматулло ҳамин регистон шуд. Албатта, кашондани реги сурхи масоҳати чилу ду гектар ва ба ҳамон миқдор овардани хоки зинда чандон кори осоне набуд. Зиёда аз ду миллион метри мукааб регу хоки талу теппаҳоро ба ҷойҳои дур интиқол додан зарур буд, то ҷои кӯл ва гирду атрофи он васеъ гардад. Кӯле, ки Раҳматулло пас аз тоза намудан дар ҷои ин чуқурии ботлоқдор сохтанӣ буд, ба дарозӣ чорсаду даҳ метр, ба бар ду саду даҳ метр ва ба умқ сездаҳ метр гардида, бештар аз якуним миллион метри мукааб обро ғунҷоиш медод.

Ҳар қатраи оби зулоле, ки ба воситаи Наҳри Калон аз рӯди Кофарниҳони муқаддас дар кӯли бунёднамудаи Раҳматулло ҷамъ мегардид, ба ҷисму ҷони чилу ду гектар замин рӯҳу дармон мешуд. Дар чӯлистоне, ки аз давраи бино шуданаш боз обеву ободиеро надидааст, сохтани чунин кӯл ва ободу корам намудани замини атрофи он ҳақиқатан ҳам кори мӯъҷизавӣ буд, дар тасаввури анҷом додани он ақли одамӣ оҷиз мемонд. Барои ба фарҷоми муваффақона расонидани чунин вазифаи ҳайратангез ҷасорату шуҷоати бузург ва дилу гурдаи комил доштан зарур буд. Раҳматулло соҳиби ин ҳама ҷасорату ғаюрӣ, ҳиммати баланди инсонӣ ва фаросату басорату дурандешӣ буд, ки ба чунин корнамоӣ иқдом намуд. Овозаи користони Раҳматулло тадриҷан ба атрофу акноф паҳн шудан гирифт ва ононе, ки ба оғоз гардидани чунин сохтмони мӯҳташам шакку шубҳа доштанд, оҳиста-оҳиста ба дидани ин ҷабҳаи заминкушоӣ меомаданд.

пешина
аз 29
навбатӣ