Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Дар маркази ҷумҳурӣ сарраёсати ин идора мавҷуд буда, он ба «Госснаб» итоат менамуд ва дар саросари кишвар ду шӯъба – яке дар вилояти Суғд ва дигаре дар вилояти Хатлон дошт, ки роҳбарии ин шӯъба ҳамин тавр ба зиммаи Раҳматулло вогузор шуда буд. Табиист, ки обрӯю эътибори Раҳматуллои мушкилкушо ба ҳамин ранг пайваста афзун мегардид ва ӯ бехабар аз ҳилаю найрангҳои чархи каҷрафтор ва баъзе ашхоси дилсиёҳи ғаддор рӯзу шаб аз пайи кори хайр буд... Боре ӯро ба як идораи баландмартабаи тафтишотӣ даъват намуда, аз кораш пурсуҷӯ карданд, вале аз ҷавобҳои боэътимоди Раҳматулло қанаоатманд гардида, дар амали вай нуқсу камбудие надиданд. Аммо бо ин пурсуҷӯю тафтишот басанда нашуда, муддате баъд боз шиддат гирифт. Ба коргоҳи Раҳматулло аз идораҳои кумитаи назорати халқӣ, рӯзномаи вилоятӣ ва боз аз кадом як дастгоҳи тафтишотию бозрасӣ пай дар пай намояндагон омадан гирифтанд.
Ҳар яке аз ин тафтишгарон ҳуҷҷатҳои масолеҳи овардаи Раҳматуллоро дақиқона тафтиш мекарданд, саволҳои печ дар печ медоданд, вале айбею норасоие наёфта, мутаҳаиру ноумед мешуданд. Пас аз чанд рӯз ҳамин идораҳо боз тафтишро аз нав оғоз мекарданд. Тафтишу пурсуҷӯйҳои беасосу бебунёд Раҳматуллоро аз кори асосӣ мемононд, ӯ аз ин коғазбозиҳо сахт дилгир шуда буд. Оқибат решаи ин иллат маълум гардид. Ҳасуде бо дили пуркинаи хеш ин ҳама дасисаҳо барангехта будааст. Дар ин хусус Раҳматулло чунин ҳикоят мекунад:
– Дӯсте доштам, ки ҷияни зани роҳбари аввалдараҷаи ҳамонвақтаи вилоят буд. Сонӣ маълум шуд, ки ӯ дӯст набуда, балки ҳасуди хиёнатпеша дар либоси дӯст будааст. Номи вайро зикр кардан зарурате надорад, агар ин сатрҳоро тасодуфан бихонад, корҳои сиёҳи кардаашро ба хотир оварда, эҳтимол пушаймон шавад. Ӯ борҳо ба хонаам меҳмон шуда, ба қавле ҳаққи намак гардида буд. Ба ҳамин дӯсти тамаъкори хомпӯст мансаби ман писанд афтода будааст. Вай ба аммаи худ изҳор мекунад, ки почомуллои иқтидормандаш вазифаи маро бо як ишораи бурут кашида гирифта, ба ӯ бидиҳад. Идораи тафтишгар ягон камбуди корамро наёфта бошанд ҳам, ман бо хоҳиши худ ариза навишта, аз вазифаам сабукдӯш гардидам.
Дар дил гуфтам, ки мон, ин бача ҳам ҳавасашро бинад. Вале дар ин дунёи дурӯза Худованд ба ҳар кас рӯзию насибаашро ато кардааст, аз он болотар ҷаҳидан амрест беҷо ва корест хато. Кору кирдори ӯ афсонаеро ба ёдам меорад: асперо ба дӯкони оҳангар овардаанд, ки пеш аз оғози корзор наълаш бикунанд. Қурбоққа инро дида ба наъли суми асп ҳавасаш омадаасту ба дӯкони оҳангар рафта, арз кардааст, ки пойҳои ӯро ҳам наъл бизананд...
Алғараз, почомуллои шофбурути панҷадароз бо як занги телефони худ он вазифаро ба хусурбурдаи пастфитраташ арзонӣ доштааст. Вале он ҳариси заифбунёд ба мансаби ман чашм ало карда, дар асл ин фаъолияти сертараддудро ду моҳ низ саришта карда натавонист. Бо он равобиту ҳамкориҳои бисёрҷонибае, ки ман ташкил карда будам, ягон роҳу равиши муносибат наёфт ва ноилоҷ монда маҷбур шуд, ки ин даргоҳро тарк созад. Вай гумони ботиле доштааст, ки ин ҷо ба гови сершире монанд асту бемалол дӯшида ширу қаймоқ нӯши ҷон кардан мегирад. Ҳайҳот, ба ин хаёлоти ботил... Беҳуда нагуфтаанд, ки кори ҳар буз нест хирман кӯфтан. Баъдтар маро дубора ба ҳамон вазифа даъват намуда, бо хоҳишу исрор гуфтанд, ки дастгоҳи худро соҳибӣ бикунаму хизмати халқро идома диҳам. Вале ман ин пешниҳодро рад кардаму гуфтам:
– Шумо нагузоштед, ки ба ҷамъият хизмат бикунам. Акнун гӯё суроҳии булӯринро аз дасти ман чанг зада гирифтеду шикастед, он шикастпораҳо дигар пайванд намешаванд. Чи тавре ки гуфтаанд: Дил, ки ранҷид аз касе хурсанд кардан мушкил аст, Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст. Барои ман кор бисёр аст, умуман халқ мегӯяд, ки шахси коргар ҳамеша шуғли мувофиқи худро зуд меёбад ва ба кордон ҳам кор осон аст. На ба мансаб бувад баландии мард, Балки мансаб шавад ба мард баланд... Котиби аввали райком Ҷалолиддин Муҳаммадов кайҳо фавтида буд.
Аслан Раҳматулло мансаби баландро чандон дӯст намедошт, парастиш ҳам намекард. Дилаш мехост, ки соҳиби як қитъа замин бошад, дар замин кор кунад, файзу баракат аз замин биёбад ва фарзандони худро ҳам ба ин кори поку ҳалол ҳавасманд намояд. Насиҳати қиблагоҳаш низ ҳамин буд, ки дар замин меҳнат кунад, дарахт нишонад, боғ бунёд намояд. Таъкиди падарро дар ёд дошт: бачам, ганҷ дар замин аст, кӯшиш бикун, ки соҳиби як порча замин бишавӣ... Қиссаи кӯли Раҳматулло Дар таърихи давлати Шӯравӣ давраи демократиасоси горбачёвӣ шурӯъ гардид. Ҳарчанд ки салтанати ин императори вопасини мамлакат кӯтоҳ буд, дар низоми давлатдории ӯ бисёр навгониҳои масарратбахш ба вуқӯъ омаданд. Боре Раҳматулло яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриро ба даст овард ва дар он кадом як маърӯзаи котиби генералии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Президенти иттиҳодро дид ва ба хона рафта, рӯйи кӯрпача паҳлӯ кашиду онро амиқан мутолиа намуд.
– Ҳамон рӯз маърӯзаи Горбачёро ду бор хондам, – ба хотир меорад ӯ, – баъзе ҷойҳои онро дар дафтарчаи ҷайбиам қайд кардаму гуфтам: иншоаллоҳ, акнун ман ба орзуи деринаи худ мерасам, акнун имкон меёбам, ки панду насиҳати қиблагоҳамро иҷро намоям, яъне як порча заминро обод кунам. Дар маърӯзаи роҳбари онвақтаи давлат ишораҳо буд, ки фақат акнун замин соҳиби ҳақиқии худро меёбад. Ва ба шахсе, ки дар замин имкони кор кардан дорад, ба таври қонунӣ озодиҳо дода мешавад. Пас аз ин воқеа Раҳматулло ҳамвора рӯзнома мехонд.
Ӯ дар хусуси усулҳои нави истифода ва коркарди замин маълумот пайдо намуд. Огоҳ гардид, ки шахси алоҳида метавонад заминро ба иҷора гирад, хоҷагии деҳқонӣ ташкил бикунад. Дар ин хусус баъзе қонунҳои ҷумҳуриро низ ҷиддан мутолиа намуд. Раҳматулло ҳамеша дар дил мақсаде дошт, ки бо фарзандони худ ягон партовгоҳ ё чӯлу биёбонро ба ихтиёр гирифта, обод кунад, дарахту гул шинонад, боғ бунёд намояд.
– Ҳар гоҳ ки ба сафарҳои ҷумҳуриҳои Қафқозу Назди Балтика, Украину Белорус мерафтам, – ёдоварӣ менамояд Раҳматулло, – бисёр боғистону гулгаштҳои зебо, дилрабою дилпазир, истироҳатгоҳҳои фараҳфизоро дида, ба Қубодиён бармегаштам ва ба сарам фикру хаёлҳое меомаданд, ки барои чӣ дар водии мо чунин минтақаҳои хушманзара нестанд? Чаро гузаштагони мо дар хаёли ободу зебо кардани мулку макони аҷдодии хеш нашудаанд? Дар ҳудуди ноҳияи ҳозираи Носири Хусрав (собиқ Бешканд) ба номи Чашмаҷон (Чилу чор чашма) макони муқаддасе ҳаст, ки мутаассифона он ҳам нообод мебошад...
Аз саҳифаҳои таърихи куҳан ба ёди Раҳматулло расид, ки умуман мулки Қубодиён саропо аз ёдгориҳои хеле боғановати фарҳангӣ ва таърихӣ иборат аст. Дар маркази ноҳия қалъаи мирнишин воқеъст, ки мувофиқи навиштаҳои бостоншиносон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, тақрибан ҳазор сол пеш аз ин бунёд гардидааст. Қалъаи аввалини асосгузори мулки Қубодиён Кайқубодшоҳ дар соҳили чапи Наҳри Калон, наздиктари доманаи кӯҳи Хоҷа Ғозиён бунёд ёфта буд, ки олимон синну соли онро беш аз панҷ ҳазор сол гуфтаанд. Деворҳои ғафси ин қалъаи хеле мустаҳками Кайқубодшоҳ то солҳои панҷоҳуми асри гузашта мавҷуд буданд. Баъд он минтақа ҳамвор гардида, ба киштзори пахта ва истиқоматгоҳи мардум табдил ёфт.
Ҳоло дар ҷойи ин қалъаи қадима беморхонаи дуошёнаи ноҳиявӣ сохта шудааст, ки дар гирду атрофи он деҳаи Қиёт воқеъ аст ва номи аслии ин деҳа ҳам Қубод буда, ёдгоре аз шоҳаншоҳи як вақтҳо муқтадири ин сарзамин будааст. Ин ҷо мо лозим медонистем, ки дар бораи як фоҷиае, ки дар буни девори қалъаи мирнишини Қубодиён рух додааст, ҳикояте бикунем. Чи тавре ки аз як назари сатҳӣ ҳам возеҳу муайян мегардад ва аз рӯйи гуфтаҳои олимон низ маълум аст, ки ба тӯли беш аз панҷ ҳазор сол қалъаи Кайқубодшоҳ ва раияти он ҳамлаҳои сипоҳиёни истилогари юнонӣ, арабҳо, муғулон, туркҳо ва ғайраро аз сар гузаронида, барои озодӣ ва истиқлол муборизаҳои сахту шадид бурдаанд. Умуман водии дарёи Кофарниҳон ва мавзеъҳои гирду атрофи он аз замонҳои қадим бо зарбаҳои теғу табар ба ҳайати давлатҳои ҳахоманишиҳо, империяҳои юнону мақдунӣ, селевкиён, кӯшониён, эфталитҳо, сосониён, арабҳо, сомониён, ғазнавиён, муғулон, темуриён, шайбониён, аштархониён, манғитҳо тобеъ гардида будааст.
Гуфтан мумкин аст, ки ин мулк таърихи хунинеро аз сар гузаронидааст. Инак, як воқеаи хунине, ки дар зери деворҳои қалъаи Қубодиён дар давраи ба рӯзҳои мо наздик рӯй додааст. Ин воқеа ба таври ваҳшиёна кушта шудани шоир ва арбоби давлатӣ Мирзо Ҳаити Саҳбои Вобкандӣ бо фармони вопасин амири манғитӣ мебошад. Шоир Саҳбо яке аз намояндагони пешқадами адабиёти охирҳои асри XIX ва аввали асри XX тоҷик ба шумор меравад. Номи аслии шоир Мирзо Ҳаит буда, Саҳбо тахаллуси адабии ӯст. Саҳбо дар ноҳияи Вобканди шаҳри Бухоро ба дунё омадааст.
Ӯ дар зодгоҳи худ таҳсили ибтидоиро фаро гирифта, пас барои такмили маълумот ба яке аз мадрасаҳои Бухоро дохил мешавад ва ҳамчун шоир машҳур мегардад ва аз тарафи амир Абдулаҳад пеш аз хатми мадраса ба дарбор кашида шуда, мансабҳои гуногуни аморатро иҷро мекунад. Умуман ҳаёти Саҳбо дар давраҳои ҳукмронии ду амири охирини хонадони манғитӣ-Абдулаҳад ва Олимхон ҷараён ёфтааст. Донишманди тоҷик Шарифҷон махдуми Садри Зиё дар китоби «Тазкор-ул-ашъор» (тазкираи манзум)-и худ дар хусуси Саҳбо маълумот додааст. Ба қавли Садри Зиё шоир Саҳбо шахси далер, нотарс ва ҳақгӯ будааст, ки ҳатто дар ҳузури амир ҳам аз ҳақгӯӣ ибо намекардааст. Ҳамаи ин боиси ранҷиши хотири амир мегардад.
Садри Зиё чунин менависад: Яке буд шоир ҳақиқатталаб, Миёни адибон будӣ мунтахаб. Фазилатшиоре ғаюру далер, Ба гуфтору кирдор чун наррашер. Ба изҳори ҳақ ошкору ниҳон, Надорад ҳазар аз кеҳону меҳон. Ба ҳадде, ки дар пеши шаҳ з-ин насақ, Кунад доимо нашр эълони ҳақ. Барои ин хислати ҳақгӯиаш амир ба ҳар роҳ мехост, ки аз Саҳбо интиқоми маънавӣ гирад. Шоир аввалҳо дарбони ҳузури амир буд. Чун табъи амир ранҷид, Саҳборо аз дарбор дур карда, ба вазифаи миробии Шаҳрӯди Бухоро таъин кард. Миробони онвақта бо ришвату пораситонӣ машғул мегардиданд, вале Саҳбо бо ин роҳи разилона нарафта, ба деҳқонон холисона хизмат кард ва дар натиҷа обрӯи калон пайдо намуд.
Сонитар амир Саҳборо аз ин кор низ барканор намуда, ба ӯ мансаби миршабиро дод, ки аз вазифаи аввалааш ҳам бадтар буд. Зеро миршабони пешина бо дуздону кисабурон ва нашъафурӯшон алоқа намуда, маишати зиндагии худро таъмин мекарданд. Таъби нозуки шоир чунин омолро набардошт ва ин вазифаро ҳам ба хубӣ адо намуда, баҳри ободонии шаҳри Бухоро хеле заҳмат кашид. Амир Олимхон дид, ки ба ҳеч роҳ аз Саҳбо қасос гирифта наметавонад, ӯро тамоман аз кор дур карда, бо таъини андак маош ба гӯшанишинӣ маҷбур месозад. Дар вақти аз дарбор дур будан, шоир ба муқобили амир ва атрофиёни ӯ боз ҳам тезу тундтар баромад мекунад. Давлатдорон аз ин хашмгинтар шуда, фурсати мувофиқ меҷустанд, то ки ба шоир ҷазо диҳанд.
Ниҳоят, соли 1915 барои рӯзномахониаш ба Саҳбо танбеҳи сахт медиҳанд. Дар айёми инқилоби февралӣ бошад, бинобар худро тарафдори инқилоб эълон намуданаш Саҳборо аз пойтахти кишвар дур ронданӣ мешаванд. Ба ҳамин мақсад амир шоир Саҳборо ба Қубодиён мири муваққатӣ таъин менамояд, ки ин маънии бадарғаро дошт. Пас аз чанде дар ҳамин ҷо ӯ ба таври фоҷеаангезе кушта мешавад. Сокинони куҳансоли Қубодиён дар хусуси рӯзҳои охирини ҳаёти Саҳбо ҳикоят менамоянд. Аз рӯйи ҳикояти онҳо Саҳбо марди сӯҳбаторо ва хирадманде будааст.
Дар бадарға ҳам ӯ аз ташвиқу тарғиби ақидаҳои пешқадами худ даст накашидааст, ҳамеша тарафдори ҳақиқату адолат ва мардуми камбизоату камбағал будааст. Чунон шахси хоксору фурӯтан будааст, ки бо вуҷуди доштани мансаби калон барои зарурати рӯзгораш пиёз кишта, онро худаш хишова менамудааст. Амир аз адолатпарастию ҳақиқатхоҳии шоир дар ин ҷо ҳам огоҳӣ ёфта, яке аз гумоштагони худ – боҷааш Давронбекро ба ҷойи Саҳбо мири Қубодиён таъин мекунаду ба дасти ӯ фатвою фармоне ҳам медиҳад, ки Саҳборо ба қатл расонад. Давронбеки қотил ба Қубодиён омада, як гурӯҳи рӯҳониёни ҷоҳилро дар атрофи худ ҷамъ намуда, бо онҳо забон як мекунад. Сипас ин тӯдаи ҷаҳолатпараст Саҳборо ҷадид эълон карда, ба қатл маҳкум менамоянд. Ин гурӯҳи ҷоҳилон бо саркардагии Давронбек ба Саҳбо дармеафтанд ва Давронбеки қотил, аввалин шамшерро бар пайкари Саҳбо мезанад ва дигар золимони кӯрботин низ ба ӯ пайравӣ намуда, барои «ғозӣ» шудан Саҳбои «ҷадид»-ро ваҳшиёна сангсор мекунанд. Баъд ҷасади шоирро дар қабристони мӯътабарини назди қалъаи мири Қубодиён, ки дар самти ғарбии он воқеъ буд, дафн мекунанд.
Пас аз ин воқеа дарҳол кадоме аз рӯҳониёни қалъа дар қабристони мӯътабарин дафн шудани Саҳборо нораво меҳисобад. Ва ҷасади шоири ҷабрдида ва азияткашидаро аз гӯр кашида бароварда,бо ресмоне ба зини асп мебанданд ва бо чунин таҳқири зиёд кашолакунон аз ҳудуди шаҳр берун мебаранду дар қабристони Муллоқара, ки дар самти шарқии Қубодиён, дар доманаи кӯҳи Хоҷа Ғозиён воқеъст, ба хок месупоранд. Ҳамин тариқ, шоири шӯҳратманд, закитабъ ва маорифпарвари машҳури тоҷик Мирзо Ҳаити Саҳбо дар пойи девори қалъаи ин шаҳри қадим хеле золимона кушта шуд. Хуб мебуд, ки донишмандони ҷумҳуриамон эҷодиёти шоир Саҳборо омӯхта, таҳлил карда таълифоте ба чоп мерасонданд, то ки мо дар бораи ин адиб маълумоти мукаммал пайдо намоем. Дар мактабҳо омӯхта шудани ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири маорифпарвар ва абадӣ гардонида шудани хотираи ӯ низ аз корҳои хайр маҳсуб мегарданд.
Шеърҳои Саҳбо равон ва дилчаспанд, аз ҷумла ғазали зерин, ки гурӯҳи ҳофизони ҷумҳуриамон як вақтҳо онро бо оҳанги «Шашмақом» хеле дилкашу форам месуруданд: Гуфтам: ҳама побанди ту шуд, гуфт: шумо чӣ? Гуфтам: зи ғамат сӯхт дилам, гуфт: ба мо чӣ? Гуфтам: чӣ шавад ҳосили ман, гуфт: надонам! Гуфтам: ба сарам даст бинеҳ, гуфт: ба по чӣ? Гуфтам: кӣ барад дил зи барам, гуфт: ки чашмам. Гуфтам: ки ҳазар нест туро, гуфт: ибо чӣ? Гуфтам: чӣ диҳам, бӯса диҳӣ, гуфт: ки ҷон деҳ! Гуфтам: бикуш имрӯз маро, гуфт: паго чӣ? Гуфтам: диҳамат ҷавҳари ҷон, гуфт: чӣ лозим? Гуфтам: ки бало нест маро, гуфт: бало чӣ? Гуфтам: кӣ шавад ошиқи ту, гуфт: ки Саҳбо, Гуфтам: ки маро зулм кунӣ, гуфт: чаро чӣ? Шоире, ки чунин ғазали ширинро бо ин санъати баланди суханварӣ гуфтааст, шоистаи иззату эҳтиром ва мадҳу ситоиш буд, на ба ин сурати ваҳшиёна қатл намудан.
Вале чӣ илоҷ, ки дар таърихи халқамон чунин саҳифаҳои сиёҳ бисёр будаанд... Дар қалъаи Кайқубодшоҳ, дар бари деворҳо, бурҷҳо, дарвозаҳои он чунин воқеаҳои фаромӯшнашудании таърих басе таҷассум ёфтаанд, ки пайдо намудан, хонда тавонистан ва аз он маънии дилхоҳ дарёфт кардан вазифаи ватандӯстонаи насли имрӯз аст! Шаҳристонҳо, талу теппаҳо, қасру кӯшкҳо, деворҳои ғафси бораҳо, сангарҳо, ки аз ниёгони шарафманди мо мерос монда, дар худ осори ҳамлаҳои урдуҳои бисёр душманони миллату Ватанамонро доранд, воқеаҳои зиёди ибратбахши таърихи гузаштаи халқро дидаанд, бароямон бояд макони муқаддаси таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисоб меёфт. Вале ин макони муқаддаси таърих ва фарҳанги Ватан дар охири солҳои чилум ва панҷоҳуму шастуму ҳафтодуми асри гузашта ба таври ваҳшиёна нобуд карда шуд. Дар ин солҳои орому фаровонӣ мубориза барои ба даст овардани ҳосили рекордии пахта авҷ гирифта буд. Барои ҳосили рекордӣ нишонҳо ва унвонҳои олӣ медоданд. Маҳз дар ҳамон давраҳо бисёр қалъаҳо, шаҳристону шаҳракҳои таърихии қадима, кӯшку қасрҳо ва талу теппаҳои дорои осори арзишманди фарҳангӣ тахту ҳамвор шуда, ба майдони кишти пахта ва дигар зироатҳо табдил ёфтанд.
Ҳамаи инҳо натиҷаи кӯшишҳои амалӣ гардондани шиори «Ҳар порча заминро пурсамар истифода мебарем!» будааст. Албатта, кишвари мо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромада, хеле қашшоқу бенаво буд, ба халқ нон, либос, пойафзол додан ва шароити маишии рӯзгорро беҳтар намудан зарур буд. Инҳо ҳама, албатта, маълуманд, лекин ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ эҳтиёткорона муносибат намудан ҳам муҳим буд, вагарна ин қадар ваҳшитабиату бефарҳанг ва парешонҳол намемондем... Қалъаи дигари Кайқубодшоҳ дар минтақаи Бешканд ҷойгузин аст, ки он ҳам ба қалъаи маркази ноҳия монанд буда, нисбатан ободтар боқӣ мондааст. Замонҳои қадим дар ин вилояти серганҷ ҳафтае ду маротиба бозор баргузор мешуд – рӯзи ҷумъа дар Қубодиён ва рӯзи чоршанбе дар назди қалъаи Бешканди бостон. Қалъаи дигари Кайқубодшоҳ бо номи Тахти Қубод машҳур аст, ки таърихи пайдоиши он басо аҷоибу ғароиб аст.
Ривоят мекунанд, ки боре духтари яккаю ягонаи подшоҳи бузурги мулки Қубодиён – Кайқубоди Аввали Каёнӣ – Рашкиқамар бемор мешавад. Бемории шаҳдухт ба ҳадде шиддат меёбад, ки табибони дарбор дар муолиҷаи он ноилоҷ ва оҷиз мемонанд. Сипас аз деҳаи дурдасти қаламрави кишвар табиби солхӯрдаеро барои табобати Рашкиқамар меоранд. Табиби куҳансол аз илми нуҷум низ воқиф будааст. Ӯ баъд аз муоинаи бемор ва мушоҳидаи гардиши ахтарони гардуни даввор аз якчанд навъи гиёҳу шарбатҳо даво тайёр карда медиҳад.
– Вале илоҷи аслии табобат ба ҳавои соҳили дарё вобаста аст,
– мегӯяд табиби куҳансол, – шаҳдухт бояд дар минтақае зиндагӣ кунад, ки ба он насими чор дарё вазон бошад... Надимони подшоҳ пас аз ҷустуҷӯ ва маслиҳату машварат дар доманаи кӯҳи Хоҷа Ғозиён, дар ҳамон ҷой, ки мавҷҳои дарёҳои Панҷу Вахш мастона кафкандозӣ карда, омезиш меёбанду рӯди Омуро оғоз медиҳанд, чунин минтақаеро пайдо менамоянд. Дар ҳақиқат, ба ин маъво насими рӯҳбахши чор дарё мевазид, ғайр аз Панҷу Вахш, андаке поёнтар аз соҳили чап рӯди Куҳандиз ва аз соҳили рост рӯди Кофарниҳон ба дарёи Ому васл меёбанд.
Ба ҳамин минвол, насими ҷонбахши чор дарё вазида, ин ҷоро ба боғи Ирам табдил медиҳад. Шаҳдухтро бо дугонаҳо ва хизматгоронаш ба ин минтақа меоранд. Дар ҳақиқат насими чор дарё ба ҷисму ҷони нозуки шаҳдухт даво мебахшад. Шаҳаншоҳи Қубодиён аз ин воқеа басе фараҳманд гардида, дар ҳамин мавзеъ қалъаи азиме бунёд менамояд.
Ва он қалъа бо номи Тахти Қубод машҳур мегардад. Ба муносибати сохтмони ин қалъа аз тарафи пойтахт роҳ эъмор мешавад. Зимни сохтмони роҳ як санги калони кӯҳдоманро мешикофанд, ки он хати масири роҳро банд карда буд. Ва деҳе, ки тадриҷан дар паҳлӯи ин хорасанг пайдо мешавад, бо номи Санги Шикофта маълуми ҳамагон мегардад. Деҳаи Санги Шикофта дар доманаи ғарбии кӯҳи Хоҷа Ғозиён воқеъ ёфтаасту қалъаи Тахти Қубод дар доманаи шарқии ин кӯҳ доман густурдааст.
Дар байни деҳаи Санги Шикофта ва қалъаи Тахти Қубод фақат як девораи кӯҳи Хоҷа Ғозиён хобидааст. Яъне аз он пораи таърихи боғановати қадимаи халқамон то ҳаёти имрӯзаи диёр гӯё як қадам роҳ аст. Мо аз ҳаёти минбаъдаи афсонавии шаҳдухти парирухсор дар қалъаи зебо, хушҳаво ва мустаҳками Тахти Қубод чандон огоҳ нестем. Ривоят, албатта, ривоят аст, аммо он ҳикмати бузурге дошта, хеле соҳибтадбир ва хирадманд будани шаҳаншоҳи Қубодиёнро возеҳ месозад. Қалъаи Тахти Қубод ғайр аз табобатгоҳу тафреҳгоҳи духтараш Рашкиқамар будан барои давлат боз ду вазифаи муҳимро адо менамудааст: аввалан ҳамчун нуқтаи муҳими сарҳадӣ вазифаи дидбонгоҳиро адо менамояд, зеро то он ҷо киштиҳои давлатҳои аҷнабӣ меомадаанд ва сониян – ба сифати боҷхона тоҷирони кишварҳои мухталифро пешвоз мегирифтааст.
Барои муҳорибаҳо муҳим будани мавқеъи қалъаи Тахти Қубод боз ба ҳамин ҷиҳат возеҳ мегардад, ки Искандари Мақдунӣ дар наздики он Тахти Сангинро бунёд менамояд. Дар ин шаҳр ибодатгоҳи юнониён сохта шуда буд, ки Искандари Мақдунӣ қабл аз лашкаркашию кишваркушоиҳои фотеҳонаи худ дар ин ҷо ба даргоҳи худоён ниёиш менамуд. Ба Раҳматулло ин қиссаи афсонавӣ, ки бунёди ҳаётӣ доштанд, хеле писанд меомад. Зеро макони ин қиссаҳо дар ҳудуди колхози «50-солагии СССР» (ҳоло хоҷагии истеҳсолии «Авасто») воқеъ буда, ин ҳама афсонаҳо маҳз аз ҳамин сарзамини биҳиштосои бостонӣ ибтидо ёфтаанд. Раҳматулло боз ба қиссаи дигаре таваҷҷӯҳи хоса дорад, ки ба пайдоиши хизонаи Амударё вобаста аст ва маҳали пайдоиши он ҳам дар ҳудуди ҳамин хоҷагӣ воқеъ гардидааст.
...Рӯзе деҳқони қубодиёнӣ чорвои хусусии худро дар соҳили дарё мечаронд. Он минтақа ҷойи ба ҳам пайвастани рӯдҳои Вахшу Панҷ ва оғоз гардидани дарёи паҳною пуршӯри Ому буд, ки арабҳо онро Ҷайҳун, яъне азим номидаанд. Гӯсфандон дар доманаи теппае мечариданд ва деҳқон бехабар аз гапу кори олам аз пайи чорвояш оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ӯ гумоне ҳам надошт, ки пас аз лаҳзае кашфиёти бузургу оламшумуле мекунад. Марди деҳқони қубодиёнӣ боз қадаме ниҳоду ногаҳон дар рӯйи хок чизе зардеро дид, ки борон хокро шустаасту ними он аз хок берун мондааст. Ӯ сӯйи ин ашёи зардранг хам шуд ва аз мағзи хок ҳайкалчаи заррини зебосохтеро пайдо намуд.
Деҳқон дигар гӯсфандонро ба ҳоли худ гузошта, замини нарму фулхро бо дастонаш кофтан гирифт. Ҳар дафъае, ки даст ба хок мебурд, сиккае ва ё ҳайкалчае ба дасташ меомад. Ҳам сиккаҳо ва ҳам ҳайкалчаҳо сурату нақш ва ороишҳои гуногуни зебо доштанд. Деҳқон рӯймоли калони гулдӯзиашро, ки ба он як порча нони зағора печонида буд, аз миён кушода, ба замин густурд ва ашёи нодири пайдокардаашро дар он ҷо ҷамъ намуд. Ба зери нохунҳояш хоку сангрезаҳо даромада, баъзе ангуштонаш хунолуд шуданд, вале ӯ хокро ханҷол зада, тит менамуду ҳар дафъае, ки даст мезад, ҳатман ягон асбоби аҷиб меёфт. Ана, ҳайкалчаи мард, аробачаи зебое, ки асп бо шаст ба пеш мекашад, кӯзача, суроҳӣ, ҷомчаҳо ва сиккаҳои бисёре. Деҳқон ҳамон рӯз то бегоҳ хоки теппаро тагурӯ карда, чизҳои ёфтаашро дар рӯймол басту дастонашро дар оби ҷӯйчаи соҳили дарё шуст ва нони зағораро тановул намуд.
Ӯ қарор дод, ки субҳдам белу каланд оварда, ин ҷойро дурусттар кофтуков хоҳад кард. Деҳқон рӯймоли тангбастаро ба ҷома печонида, чорвои ба чарогоҳ бурдаашро ба тарафи ҳавлиаш меронду аз бозёфташ хурсанд буд. Вай, албатта, дарк намуд, ки чизҳои пурқимате пайдо кардааст, аммо ҳеч тасаввур карда наметавонист, ки бозёфташ хазинаи беназири ҷаҳон аст ва аз ҷиҳати арзиши илмию фарҳангӣ берун аз ҳар ҳадду ҳудуд мебошад. Деҳқон ашёи пурқимат будани бозёфташро аз ҳамин сабаб медонист, ки дукондорони атиқафурӯши шаҳри Қубодиён гоҳгоҳе ба деҳаи онҳо омада, сиккаю зарф ва дигар олоти қадимаро пурсуҷӯ мекарданд ва ҳамин ки одамон ин қабил олотро пешниҳод намоянд, дарҳол пули ночизе дода мехариданд. Деҳқон сапедадам бо белу каланд ба ҷойи хазина омада, тамоми рӯз кофтуковашро давом дод, вале нисбат ба дирӯза чизҳои камтаре пайдо кард. Ӯ ҳамаи асбоби ёфтаашро як ҷо ҷамъ намуда, ба касе ҳарфе ҳам нагуфту роҳи Қубодиёнро пеш гирифт. Ҳамин тавр хазина бо нархи арзоне ба дасти дукондорони атиқафурӯш – Вазеҳаддин, Шукуралӣ ва Ғуломмуҳаммад гузашт, ки онҳо аслан бухороӣ буданду дар Қубодиён бо тиҷорат шуғл меварзиданд. Зеро дар Қубодиён як зумра дукондорон аз Бухоро, Афғонистон, Бадахшон ва дигар шаҳрҳо тиҷорат доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё