Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
– Сангҳои кӯҳи Хоҷа Ғозиёни бузургвор ба имдоди мо расиданд, – воқеаи обхезии ҳамонсоларо ба хотир меорад Раҳматулло,-як гурӯҳ ба таркондани сангҳои кӯҳ машғул мешуданду гурӯҳи дигар ба сохтмони банди соҳил. Сангҳоро бо самосвалҳо мекашондем. Дар бадали як ҳафта дами обро гирифта бошем ҳам, сохтмони банди об дар ҳудуди колхоз беш аз се моҳ тӯл кашид.
Раҳматулло бо аъзои бригадаи худ корҳои соҳилбандиро ба дараҷаи хеле баланд анҷом дода будааст, ки дар тӯли солҳои минбаъда дарё ягон бор киштзори хоҷагиро пахш ҳам накардаасту ба оилаи ҳеч як аз сокини колхоз осеб ҳам нарасидааст. Воқеан ҳам ин марди фидоии ҷамъият кори дар арзи сию ҳашт соли мавҷудияти сохти колхозӣ анҷомнаёфтаро бо ин садоқату чашмикордонӣ ба субут расондааст. Дар ин муддат рӯд борҳо дамида, ғалаён кард, вале соҳили чапи он, ки бо сангҳои кӯҳи Хоҷа Ғозиён ва дастони Раҳматуллою ҳамкорони ӯ мустаҳкам гардида буд, ба ҳамаи ин мадду саркашиҳои дарё тоб оварда тавонист. Фаъолияти минбаъдаи Раҳматулло комилан ба роҳи ободонии деҳаҳои колхоз равона гардидааст.
Солҳои 70-80-уми қарни гузашта сатҳи зиндагии мардум боло рафта, қариб ҳар як оила имкон дошт, ки барои худ ва фарзандон манзилҳои замонавӣ бисозанд. Хоҷагӣ фақат аз лиҳози чӯбу тахта ва сементу шифер танқисӣ мекашид. Ҳаллу фасли ин мушкилотро ҳам ба зиммаи Раҳматулло вогузор намуданд. Дар деҳаи Курорт, ки аз чанголи обхезӣ наҷот ёфта буд, мағозаи масолеҳи сохтмон ташкил шуд, ки он ба ширкати давлатии «Тоҷиктара»-и идораи таъминоти ҷумҳурӣ вобаста буд ва Раҳматулло мудири мағоза таъин шуд.
Хушбахтона, дар ҳар давру замон шахсоне зуҳур мекунанд, ки пешбин ҳастанд, ояндаро дида метавонанд ва мувофиқи талаботу тақозо ва имконоти он амал менамоянд. Раҳматулло аз чунин шахсони варзида ва фаҳмидаи даврон аст. Мағозае, ки ӯ дар ихтиёр дошт, пурра аз тарафи давлат таъмин мешуд. Биноан, вай метавонист бо ҳамин маводи сохтмонии барояш тақсимшуда қаноат кунаду корро пеш барад. Агар ҳамин тавр фаъолият менамуд, нақшаҳоро иҷро мекарду ба кори ӯ касе эрод намегирифт. Вале дар ин сурат иддаи бештари одамон барои иморатсозӣ масолеҳи бинокорӣ намеёфтанд ва албатта, дар ҷустуҷӯи он бисёр азият ҳам мекашиданд. Раҳматулло инро ботинан эҳсос намуд ва дар назди худ ҳадафе гузошт, то мардум аз ин азобу азиятҳо раҳоӣ биёбанд.
Раҳматулло бори аввал кулба сохтани худро ҳеч фаромӯш намекард. Дар он даврони наврасӣ худаш танҳо хишт мерехт. Ҳар вақте ки аз хиштрезӣ хастаю лакот меомад, модари ғамхораш ба ӯ тухми таҳиаловӣ ва нони фатири қаймоқӣ медод, ки бихӯраду қуввати бадани худро барқарор намояд. Ҳашар карда, хишти хонаро чид, вале ҳамон вақт рави кулбааш якуним метр кӯтоҳӣ намуду аз боиси ин Раҳматулло хеле саргардон гашта, рави дарозтарро ҷӯё шуд, вале афсӯсу дареғо, ки онро наёфта, ба нӯги рав дастак васл кард. Ҳамон ҷойи якунимметрии бом чӯкид ва вақти зимистону дигар фаслҳои боришот аз он қисмати бом нам мегузашту Раҳматуллоро мушавваш менамуд. Ҳамон вақт ӯ дар дил аҳд карда буд, ки агар ягон вақт имкон фароҳам расад, дар деҳа ва ноҳия равҳоро фаровон хоҳад кард, на танҳо равҳои дарозу мустаҳкам, балки ҳамаи анвои маводи бинокорӣ – чӯб, шифер, тахта, семент, мех, ранг, хулоса, ҳар чизе, ки барои бино кардани хонаи замонавӣ ба инсон зарур аст.
«Одамон аз танқисии масолеҳи сохтмонӣ мисли ман зинҳор азоб накашанду деҳаҳои ноҳияамон ва дигар ноҳияҳо ҳам ободу маъмур гарданд. Одамиён сарсону саргардон нагарданду пас аз меҳнат дар хонаҳои барҳавою равшан бо фароғат умр ба сар баранд, дар ин хонаҳо ҷашну сур ва тӯю тамошоҳо барпо шаванд, тифлон ба дунё оянд... Худо кунад, ки одамон батолеъ ва хушбахт бошанд», ҳамон вақт Раҳматулло чунин хаёлҳоро дар дил мепарварид. Ана, акнун ҳамон имконият фароҳам омад, минбаъд ӯ кӯшиш мекунад, ки мағозааш мушкилкушои ҳар як шахси иморатсоз гардад.
Бо ҳамин мақсад Раҳматулло анбори мағозаро васеъ намуд. Ӯ бо меъёри тақсимоти муқаррарӣ қонеъ нагардида, ба идораи таъминоти давлатӣ меомад ва ба афроди дахлдор муроҷиат ва муносибати хуш менамуд, дилёбӣ мекард, ки ба мағозаи ӯ маводи сохтмониро бештар фиристанд. Албатта, ба ин қабил даргоҳҳо бидуни дастовез намеомад, бисёр вақт меваҳои шаҳдбори чорбоғҳои Қубодиён қуфлкушои дарҳои баста мегардиданд.
Раҳматулло боз ба ҳар идораю муассисае, ки аз он ҷо масолеҳи бинокорӣ дарёфтан мумкин бошад, сар мекӯфту мушкилотро ҳал мекард. Ба ин даргоҳҳо аксаран моҳи декабр, яъне дар охири сол меомад, зеро намояндагони баъзе ноҳияҳо фаромӯш менамуданд ва ё беҳавсалагӣ зоҳир мекарданду амволи барои ноҳияашон ҷудошударо намегирифтанд. Ин идораҳо молҳоро ба соли дигар гузарондан намехостанд, зеро ин амал аз лиҳози иқтисодӣ манфиат надошт, он амволро Раҳматулло барин шахсони кордон соҳибӣ менамуданд, ки ба манфиату зарурати халқи заҳматкаш масраф мегардид. Бо ҳамин ҳадаф ӯ тадриҷан ба берун аз марзи ҷумҳурӣ низ раҳсипор мешуд. Ба ин роҳ ӯро истеъдод ва фитрати покаш ҳидоят менамуд, ин роҳи ростини ҷӯяндагӣ ва созандагӣ буд, ки Худованди мутаол дар ниҳодаш сириштааст.
Падари бузургвори Раҳматулло амаки Абдулло Мирзоев, тавре ки зикр намудем, солҳои пеш дар ноҳияи Ғарм раиси колхози «Санги маликӣ» буда, пас аз муҳоҷират ба ноҳияи Қубодиён ҳам яке аз фаъолони колхоз ҳисоб меёфт, мудири ферма, сардори бригадаи пахтакорӣ буд, таҷрибаи фаровони зиндагӣ дошт, ба Раҳматулло ҳамеша як панд медод: «Писарам, қамишро сахт нақапӣ, дастатро мебурад». Падар бо оилаи дигараш зиндагӣ мекард ва бо Раҳматулло ҳам зуд-зуд мулоқот намуда, роҳнамои ҳаёташ мешуд. Раҳматулло ин ҳикмати падарро дар овони наврасӣ шунида, тадриҷан ба мазмуни амиқи он сарфаҳм рафта буд. Падар таъкид мекард, ки писар дар кору зиндагӣ ҳамеша ҷиддӣ бошад ва масъулиятро эҳсос намуда, мувофиқи он амал бикунад.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар вилояти Иркутски кишвари Русия комбинати мӯҳташами «Тоҷикҷангал» фаъолият мекард, ки тавассути ғамхории ҳукумат ҷумҳурии моро бо маводи сохтмонӣ таъмин менамуд. Он солҳо дар ин муассиса дастони корӣ кифоят намекарданд ва роҳбарони ҳамонвақтаи «Тоҷикҷангал» тавассути васоити ахбори оммаи сершумор гоҳгоҳ ба ҷавонони тоҷик муроҷиат менамуданд, ки ба Иркутск биёянду ба манфиати халқи худашон меҳнат кунанд. Ҳамон вақт ҷавонони тоҷик ба ин даъвати ватандӯстона ниҳоят кам ҳамовозӣ мекарданд ё умуман ин даъватро қабул наменамуданд. Раҳматулло дар ин комбинат одами худӣ буд. Худо медонад, ки он вақт ҳамкасбони ӯ аз дигар ноҳияю шаҳрҳои ҷумҳуриамон аз мавҷудияти чунин муассиса огоҳӣ дошта буданд ё не.
Боре Раҳматулло ба идораи комбинати «Тоҷикҷангал» бистуми декабр, яъне дар чиллаи зимистон омад. Ҳавои сарзамини Сибир хеле сард, ба истилоҳ туф куну ях кун буд. Раҳматулло метавонист, ки мисли дигарон дар як гӯшаи гарми хонааш бо фарзандони худ нишинаду аз пайи ороиши арчаи солинавӣ ё ягон ташвиши дигари иди анъанавӣ шавад. Не, ӯ аз рӯйи панди падар амал намуда, қамишро маҳкам қапида, барои манфиати мардум ба сафар баромада буд. Ба коргарони комбинати «Тоҷикҷангал» меваҳои лаззатбори боғҳои Тоҷикистон – лимӯ, анор, ғӯлинг, чормағз, писта, мавиз ва албатта, як-ду қуттӣ майи ноб савғотӣ овард. Маълум аст, ки бо чунин савғотиҳо дар Сибирзамин масъаларо ба таври мусбат ҳал намудан осон аст. Раҳматулло ба ноҳия расидан замон аз пайи ӯ вагонҳои чӯб, тахта, шифер, фанер ва ғайра ба Қубодиён расиданд.
Роҳбари ҳамонвақтаи ноҳия (он солҳо навоҳии Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав якҷоя буданд) шодравон Ҷалолиддин Муҳаммадов ин вагонҳои пур аз масолеҳи бинокориро дида, дар ҳайрат мемонад. «Роҳбари ноҳия ман ҳастаму хабар надорам, ки ин вагонҳои пур аз куҷо меоянд ва онҳоро кадом бачамарди шердил ташкил кардааст?» Пас аз пурсуҷӯ ва таҳқиқ ба котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия номи ин «бачамарди шердил»-ро маълум менамоянд. Роҳбари аввали ноҳия Раҳматуллоро ба дафтари кораш даъват мекунад.
– Комёбию чирадастии шумо маро бисёр хурсанд намуд, – гуфт Ҷалолиддин Муҳаммадов пас аз шиносоӣ бо Раҳматулло Абдуллоев, – ташаккур, писарам, барои ободонии ноҳия хизмататон калон аст. Агар шумо барин боз ду-се нафар мардони майдон медоштем, ноҳияамон хеле обод мешуд. Шумо дуруст мекунед, ки худатон часпу талош менамоед, роҳи муомиларо кофта меёбед. Сипас Муҳаммадов бо Раҳматулло дуру дароз сӯҳбат намуда, аз нақшаҳои кораш пурсон шуд.
– Ҳоло бо кадом корҳои таъҷилӣ машғул ҳастед? – роҳбари ноҳия ба чеҳраи Раҳматулло бо диққат нигарист.
– Пагоҳ барои супоридани имтиҳони давлатӣ ба Душанбе меравам, – ҷавоб дод Раҳматулло, – факултаи иқтисодии Донишгоҳро хатм карда истодаам.
– Офарин, ин коратон ниҳоят аъло ва дурандешона, – таҳният хонд Муҳаммадов. – Ба ман шумо барин кормандон лозиманд, шуморо ба вазифаи муовини раиси кумиҷроияи ноҳия оид ба сохтмон тавсия менамоям. Ҳамин корҳои ободонии худро дар сатҳи тамоми ноҳия давом додан мегиред. Коргарони бомаҳорат ва чолокро мо дастгирӣ менамоем. Канӣ, худатон дар бораи ин пешниҳоди ман чӣ мегӯед?
– Муаллими мӯҳтарам, барои ин боварии калонатон аз самими қалб ташаккур мегӯям. Лекин ман ҳоло як-ду сол мехоҳам, ки ҳамин корамро идома диҳам, зеро ин ҳам ба ободии ноҳияи азизамон нигаронида шудааст. Сонӣ ман бисёр ба сафарҳои хизматӣ меравам, агар худам наравам, ин масолеҳи бинокориро равон намекунанд. Дар ҳамон ҷо ҳам талабгорони ин мавод бисёранд.
– Дуруст мегӯед, лекин мо шуморо дар ин коратон дер намемонему ба вазифаҳои масъулияттари сатҳи ноҳия пешбарӣ менамоем. Умуман, ҳар вақт хоҳед, ба назди ман оед, бароям бо шумо барин шахси кордону зирак кор кардан фараҳбахш аст. Пешниҳоди маро фаромӯш накунед, ҳар вақт хоҳед, биёед.
– Ташаккур муаллим, мо ба хизмат тайёрем.
– Лекин як масъаларо бояд дар рӯзҳои наздик ҳал намоед,исрор кард Муҳаммадов, – дурусттараш пас аз супурдани имтиҳони давлатӣ ва гирифтани дипломи мактаби олӣ анҷом диҳед ҳам, мешавад. Он вақт, албатта, хотиратон хеле ҷамъ хоҳад шуд. Масъала ҳамин, ки, – каме ба хаёл рафт котиби райком ва давом дод: – ба қарибӣ дар водии Бешканд сохтмони калон оғоз мегардад, канали обёрии ин минтақа бунёд хоҳад шуд. Албатта, сохтмон аз тарафи давлат таъмин карда мешавад, лекин дар наздикии ин водӣ мавҷуд будани як шӯъбаи мағозаи шумо ниҳоят зарур аст. Одамон истиқоматгоҳ месозанд, барои чорвояшон оғил зарур мешавад, бошишгоҳ даркор, хулоса, ҳазору як масъалаю муаммо пеш меоянд.
Бинобар ин дар хизмати халқи водии Бешканд фаъол будани як шӯъбаи мағозаи шумо амри зарурист.
– Ин пешниҳоди хуб аст, шӯъбаи мағозаро дар мӯҳлати фармудаатон, албатта, ташкил мекунем, – даст пеши бар гирифт Раҳматулло ва хайрухушкунон аз идораи райком баромад. Овозаи корҳои неки ободонӣ, ки Раҳматулло дар сатҳи ноҳия ба субут мерасонд, ба гӯши роҳбарияти собиқ вилояти Қӯрғонтеппа низ расида буд. Дар он ҷо гуфтанд, ки чунин шахсияти кордон, ҳушманд, фидоӣ ва сарсупурдаи кори халқу ҷамъият бояд дар сатҳи вилоят хизмат бикунад, то ки аз меҳнату хизматҳои фархундаю шоистаи вай одамон ҳар чи бештар истифода намоянд.
Ба ҳамин минвол бо пешниҳоди роҳбарияти собиқ вилояти Қӯрғонтеппа фаъолияти Раҳматулло густариш ёфта, ин кори ободонии ӯ дар миқёси вилоят ташкил гардид. Ба ихтиёри ӯ бинои калону мувофиқро ҷудо намуданд. Мағозаи калони маводи сохтмонӣ дар маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа кушода шуда, дар ноҳияҳо (ба шумули минтақаи Бешканд) низ ҳашт шӯъбаи ин мағозаи калон яке пайи дигар ба кор шурӯъ кард. Баъд Раҳматулло ба нуқтаҳои зарурӣ соле се-чор маротиба сафар намуда, муносибатҳоро ба дараҷае хубу эътимодбахш кард, ки ҳар моҳ, фақат тахта ба вилоят зиёда аз се ҳазор метри мукааб меомад. Ӯ ғайр аз комбинати «Тоҷикҷангал»-и вилояти Иркутск бо мақсади ободию маъмурии диёр бо вилоятҳои Красноярск, Хабаровск, шаҳрҳои Тюмен, Благовешенск, Чита, Братск, Тайшет, Кемерово, Новокузнетск ва дигар гӯшаю канорҳои мамлакати нопайдоканори Шӯравӣ низ дӯстию ҳамкории хеле самимона дошт. Бинобар ин дар мағозаҳои Раҳматулло дигар навъҳои масолеҳи бинокорӣ ҳам ба ҳамин тартиб фаровон ворид мегардиданд.
«Ҳозир, ки имкон ҳаст, ба халқам хизмате бикунам» мегуфт Раҳматулло. Пиру барно аз дӯконҳои ӯ чӯбу тахта, сементу шифер, меху ранг, фанер ва дигар маводи сохтмонии мавриди зарурати худро мегирифтанду «барака ёбад, Раҳматулло» гӯён дуо медоданд. Вазифаю мартабаи Раҳматулло боз баландтар гардид. Ӯро раиси шӯъбаи вилоятии трести «Тоҷиктара» таъин карданд. Теъдоди мағозаҳои зери итоати вай ба ҳаждаҳ расид, инчунин ӯ дар муассисаи худ коргоҳи борҷомасозӣ ташкил намуд. Таъмини ҳамаи комиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят, ҳамчунин шахсони имтиёздору барҷомондагон, ёрӣ расондан дар вақтҳои офатҳои табиӣ куллан бо воситаи корхонаи ӯ амалӣ мегардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё