Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
– Кори олиҷаноб кардаӣ, ки ту, дӯстам, ба деҳқонӣ машғул шуда, бо бачаҳоят пиёз парвариш намудаӣ. Лекин ман бо воситаи телевизион гоҳ-гоҳ аз пойтахти ҷумҳуриатон ҳар хел хабарҳои ташвишангезро шунида зиқ мешавам. Ҳақиқатан ҳам ту боз исбот кардӣ, ки марди асил ҳастӣ ва бо равишу маҷрои зиндагӣ бел зада метавонӣ. Ман аз ин пайғомат бисёр хурсанд шудам. Пиёзро ба шаҳри Хабаровск биёрӣ шуд, он тарафаш дар дасти ман аст, зеро ҳоло роҳбари муассисаи тиҷоратӣ ҳастам. Ҳар қадаре ки биёрӣ, худам аз дасти ту мехараму пас бо воситаи муассисаи тиҷоратиам ба Сахалин, ҷазираҳои Курил ва ҳатто ба Ҷопон ҳам мебарам. Аз камбудии доруи исқорбут сокинони тарафҳои мо бе дандон мешаванд, – дар охир хандид Антон Петрович ва илова намуд:
– Пиёзро бо вагон фиристода, худат бо тайёра биё. Пеш аз парвоз як бор занг бизан, дар фурудгоҳ пешвоз мегирам. Раҳматулло аз сӯҳбат бо Антон хеле хушҳол гардида, моҳҳои июлу августи соли наваду ду бо фарзандон ва хешу табор ба ҷамъоварии пиёз оғоз кард. Замини навобод воқеан ҳам ҳосили фаровон дода буд, ҳар донаи пиёз бо пӯстлохи зардчатобаш ба шаҳчиникосаи зарандуда шабоҳат дошт. Ӯ дар нимаи моҳи сентябри ҳамон соли наваду ду як миқдор анор ва сесад тонна пиёзро ба ҳашт вагон бор карда, ба унвони муассисаи тиҷоратии Антон Петрович фиристод ва худаш ҳамроҳи писари калониаш Иззатулло бо тайёра парвоз намуд.
Анори шириндонаи Қубодиён ва хусусан пиёзҳои зарандуда ба Антон Петрович хеле писанд омаданд. Аввал мувофиқи шартнома як килои пиёз 16-сӯмӣ қайду байъ гардида буд. Сифати хуби онро дида, бо пешниҳоди худ Антон Петрович шартномаро аз нав тартиб дода, нархи ҳар килои онро 22-сӯмӣ савдо карданд. Ба ин ваҷҳ тиҷорат хеле хуб ҷараён гирифта, вале ба иллати коғазбозии айёми гузашта сафари Раҳматуллою писараш то ибтидои моҳи декабри ҳамон сол тӯл кашид. Ду-се рӯз пеш аз анҷоми сафар Раҳматулло шабе хоби даҳшатноке дид...
...Ӯ ҳамроҳи зану бачаҳояш ҷӯяҳои сабзавоти наврустаро хишова мекард. Ҳаво гарм буд, офтоб замину осмонро тафсонида мунаввар менамуд. Ногаҳон тундбоди шадиде вазид. «Боди афғон! Боди афғон!» Шунид Раҳматулло овози касеро, вале нафаҳмид, ки ин овози кӣ буд. Шамоли тунд ҳар лаҳза қувват мегирифт. Ана, он хоку регтӯдаҳои аз киштзор дурро ҳам боло бардошт. «О, ин регтӯдаҳоро мо хокпӯш карда будем-ку?» – ин чӣ тӯфони балост, ки ҳамаро ба осмон бардоштан дорад?» – мегуфт худ ба худ Раҳматулло. Ҳақиқатан ҳам тӯфон бархоста буд, ки дар як дам рӯйи офтобро тира кард, осмон, замину замон, дору дарахтонро тамоман сип-сиёҳ намуд.
Раҳматулло ба само нигарист, симҳои барқ канда шуда буданду аз онҳо шарора мепариданд. «Во аҷабо, то ин дараҷа пурқудрат шудани боди афғонро бори аввал мебинам, бо нерӯи шамол ҳама чиз дар осмон мепарид. Булдозер, экскаватор, скрепер ва одамон, хурду калон, марду зан ва ба ҳадде, ки ҳеч касу ҳеч чизро дидаю ёфта намешуд. Ҳама ба шӯру ғирев омада, доду фарёд мебардоштанд, лекин овози касе фаҳмо набуд. Осмон акнун тамоман тира гардид, гӯё шаби тори ялдо бошад. Худоё, ин чӣ даҳшат аст, бачаҳоям куҷо рафтаанд, кӯл аз рег пур гардид, Худоё, ин чӣ даҳшат аст... Даҳшат!..» Раҳматулло дар ҳамин вақт аз хоби вазнин бедор шуда, овози писараш Иззатуллоро шунид:
– Ота, отаҷон, бедор шавед, бедор шавед, чаро дар хобатон ин қадар баланд-баланд гап задед? Раҳматулло бедор шуда, рӯйи кати меҳмонхона як тоб хӯрду қабл аз ҳама дар хусуси он андешид, ки хайрият, ин ҳама чизҳои пурдаҳшат хоб будаанд... Сипас ӯ писарашро ором карда, аз чойники рӯйи миз як пиёла чой кашида нӯшид ва ба кӯрпа печида хост, то ба ғанабе равад. Вале то субҳ дигар Раҳматулло мижа таҳ карда натавонист, хобаш тамоман парида буд.
Саҳарӣ ӯ бидуни иштиҳо наҳорӣ карда, ба почта рафт, то ба Қубодиён занг зада, аз вазъият воқиф шавад. Вале бо ноҳия иртибот карда нашуд, гуфтанд, ки касе ҷавоб намедиҳад. Хост, ки ба шаҳри Душанбе занг зада, аҳволпурсӣ намояд. Аммо аз пойтахт низ чунин посухро шунид. Танҳо баъди ду рӯз бо яке аз дӯстони дар шаҳри Душанбе буда гуфтугӯ намуда, дар бораи даргириҳои бемаънӣ ва машъуми ҷумҳурӣ ва ба тарафи сарҳад гурехтани мардум маълумот пайдо карду чашмонаш сиёҳӣ заданд.
«Аҳволи халқ чӣ шуда бошад, фарзандони ман ба чӣ ҳоле гирифтор бошанд ва оё он порчаи замине, ки бо чӣ азобе обод кардаам, вайрон нашуда бошад?» – чунин саволҳои беҷавоб тамоми вуҷуди ӯро фаро гирифта буданд. Раҳматулло дӯсташ Антон Петровичро низ аз вазъияти диёри худ огоҳ намуда, дар маврид хоҳиш дошт, ки ба фарҷоми ҳар чи зудтари муомилаи доду ситад мусоидат бикунад. Пас аз як рӯз Раҳматулло пули пиёзро ба миён баста, «ё Худо, мадад!» гӯён бо писараш Иззатулло ба тайёра нишаст...
...Нахустин кори хайре, ки Раҳматулло баъди ба Душанбе омадан нияти анҷоми онро дошт, расонидани ёрӣ ба гурезаҳои пушти симхори лаби дарё буд. Ӯ бо маблағи худ як чархболро пур аз нон намуду ба тарафи сарҳад парвоз кард. Вале ҳазор афсӯс, ки вақти мусоид сипарӣ гашта, одамон аз сарҳад гузашта, ба кишвари ҳамсоя паноҳанда гардида буданд. Ҳини бозгашт Раҳматулло аз сарнишинони чархбол хоҳиш намуд, ки аз самти замини навободаш парвоз бикунанд. Вай дар минтақаи ободкардааш аз боло осори ғоратгарию вайронкориҳоро мушоҳида намуд. Аз ин ваҳшонияти иддае дарду аламаш омад... Рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ҳамон вақт дар хусуси ин ҷавонмардию олиҳимматӣ иттилоъ интишор намуда буданд, лекин аз чӣ бошад, ки дар он хабарҳо номи мубораки Раҳматулло Абдуллоев зикр наёфта буд. Имтиҳон Давраи душвортарини ҳаёти Раҳматулло фаро расид, гӯё тамоми умри то ин дам сипаригаштааш ӯро барои ҳамин айёми санҷиш обутоб дода буданду омодаи ҳамин давра намудаанд... Мегӯянд, ки қаҳрамонони ҷанг ҳам корнамоӣ ва ҷонфидоии худро дар як лаҳза анҷом медиҳанду дигар тамоми умрашон то лаҳзаи ҳамин қаҳрамонӣ тайёрии маънавию ҷисмонии дақиқаҳои ҷовидон мебошад.
Масалан, ҷавонмарди кишвари тоҷикон Тӯйчӣ Эрйигитов, ки дар майдони ҷанг корнамоии Александр Матросовро такрор намуда, бо синааш дами маргбори тири душмани хунхорро гирифту бо ин фидокории олӣ ҳамнабардони худро муҳофизат намуд, тамоми ҳаёти пешинааш гӯё дебочаи ҳамин лаҳзаи олитарини рӯзгораш буд. Ё худ деҳқонӣ оддӣ Ҳайдар Қосимов сардори гурӯҳи аскарон гардида, бо амри фармондеҳ ба убур аз дарёи Днепр сафарбар гардид. Ӯ то ин ҷанг борҳо корнамоиҳо нишон дода, ба гирифтани нишони «Ситораи сурх» ҳам сазовор шуда буд, ки ин зинае ба сӯйи қаҳрамонӣ мебошад. Лекин корнамоии олии ин марди ҷасур ҳангоми гузаштан аз дарёи Днепр зоҳир шуд. Ӯ ба дастаи худ бо маҳорату шуҷоат роҳбарӣ карда, аз дарёи хунбору оташфишон нотарсона гузашт ва мавқеи зарурро ишғол намуда, ба убур намудани сарбозони артиши Шӯравӣ шароити мусоид фароҳам овард. Оре, лаҳзаи олии ҳаёти ин марди қаҳрамон ҳамин убур аз дарёи Днепр аст! Барои Раҳматулло ҳам чунин лаҳзаи санҷиш ва имтиҳони зиндагӣ наздик омад.
Мо бисёр шунидаем, хондаему мушоҳида кардаем, ки халқ дар давраҳои мураккабтарини гирудори зиндагӣ сарварашро худаш интихоб намуда, аз пайи ин раҳбари интихобкардааш сарбаланду синасипар меравад ва албатта, ба пирӯзӣ ва футӯҳоти ҳаёт ҳам муваффақ мегардад. Вақте ки се сол пас аз даргириҳо зарурати интихоби раиси колхози «50-солагии СССР» ба миён омад, гурӯҳи деҳқонон, фаъолони хоҷагӣ, собиқадорони меҳнат, зиёиён ва равшанфикрони деҳот ба Раҳматулло Абдуллоев муроҷиат намуданд, ки ин вазифаи масъулро ба дӯши худ бигирад. Колхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Қубодиён як вақтҳо аз хоҷагиҳои машҳуртарини ҷумҳурӣ маҳсуб мегардид. Ба он Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, фидоии сохти колхозӣ Саидназар Худойқулов роҳбарӣ мекард. Мошинҳои қатор андар қатори ин колхоз кӯчаҳоро пур намуда, пахтаи аълосифати деҳқононро ба хирманҷойҳо мекашонд.
Давраҳое буд, ки ин колхоз ҳамчун дорулфунуни кадрҳои роҳбарикунанда номвар гардид. Раиси ҳамин колхоз Маъруф Ҳакимов дар солҳои минбаъда ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳритус ва муддате чанд дар вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Қубодиён ва сонитар раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор хидмат намуд. Раиси дигари колхоз Зардакшо Сияров хеле баобрӯ гардида, вакили анҷумани ҳизби коммунисти умумииттифоқ интихоб шуд, ки он солҳо чунин мартабаю манзалат на ба ҳар раиси колхоз муяссар мегардид. Дар давраи роҳбарии ҳамин раис соли 1980 хоҷагӣ ба мукофоти олии Ватан – ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сазовор гардида, шӯҳрату шарафи бузургеро соҳиб шуд. Баъдан Зардакшо Сияров котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Куйбишев (ҳоло н. Абдураҳмони Ҷомӣ) интихоб гардид ва ӯ дар вазифаи вазирӣ ҳам масъулиятшиносии баланд дошт. Раиси минбаъдаи хоҷагӣ Аҳлиддин Афғонов низ ҳамчун роҳбари кордон, дурандеш ва машҳури ҷумҳурӣ дар Шӯрои Олӣ вакили халқ интихоб гардид, яъне узви парлумони мамлакат ҳисобида мешуд.
Аҳли сермиллати колхоз ҳамчун дӯстону бародарони содиқ зиндагӣ доштанд, хоҷагӣ обод буда, манзилҳои зебою барҳавои деҳқонон, биноҳои замонавии макотиби миёна, роҳҳои мумфарши байни ҳамаи минтақаҳо, кӯдакистонҳои доимоамалкунанда, хонаҳои фарҳангу бошишгоҳҳои саҳроӣ, фермаҳои чорводорӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, устохонаҳо, осорхонаҳои колхозӣ ва ғайраю ва ҳоказо назаррабою дилфиреб менамуданд. Тамоми ин ободонӣ сарвати ҳамаи сокинони ин ҷо буд, ки бар ивази меҳнати бунёдкоронаи садҳо ва ҳазорон фарзандони халқ бо ёрию имдоди давлат ва дар оилаи дӯстию бародарӣ муяссар гардид. Солҳои 1960-1980 сардорони бригадаҳои пахтакории хоҷагӣ Аҳмад Шамолов, Сомончӣ Давлатов, Ҳоким Ҳакимов, Чоршанбе Зиёев, Назар Олимов ва Эргаш Раҷабов ба олитарин мукофоти мамлакат – нишони Ленин мушарраф шуда буданд.
Бисёр деҳқонон бо нишону медалҳои гуногуни давлат сазовор гаштанд. Ба касофати даргириҳои ба сари халқи тоҷик таҳмилгардида аксари ободиҳо тороҷ гашта, ба яғмо рафтанд, вайрону валангор шуданд ва дар байни мардум эҳсоси нобоварӣ, бадхоҳӣ, кинаю адоват пайдо шуд. Дар чунин лаҳзаи сарнавиштсоз ба Раҳматулло пешниҳод намуданд, ки сарвари халқ бошад, хоҷагиро роҳбар шавад, вайронаҳоро обод кунад, парешониҳоро сарҷамъ намояд, ба дили абгори сағираву ятимон, беваю бечораҳо, пирони барҷомонда марҳам бошад. Бале, ҳамин тавр ҳаёт бо амри тақдир ба дӯши ин родмарди асил бори хеле гароне гузошт.
– Ту таҷрибаи калон дорӣ, дар мактаби зиндагӣ сабақ омӯхтаӣ,
– гуфт ба Раҳматулло собиқ муовини раиси колхоз, нафақахӯр Шаъша Сиёҳаков, – оламу одам дидаӣ, ҳама медонанд, ки як умр дар хизмати халқ ҳастӣ, акнун рӯзе фаро расидааст, ки ба ҳамин халқ сарвару сардор бошӣ, худро фидои мардум бисозӣ. Сармуҳосиби хоҷагӣ, шодравон Ҳақназар Гадоев, собиқ мудири мактаб, устоди бисёр шогирдони номдор Ҳаннон Ҳусайнов, дӯсти давраи наврасии Раҳматулло – муҳосиби колхоз Даврон Бураков, сарагроном Аврод Пӯлодов, мутахассисони хоҷагӣ Абдулаҳад Абдусаломов ва дигарон низ ҷонибдори пешниҳоди боло буданд.
Сарагрономи колхоз Аврод Пӯлодов, сармуҳандис Эмом Худойдодов, мутахассиси варзида Абдулаҳад Абдусаломов ақида доштанд, ки Раҳматулло бо ақлу заковати худ амал карда, регзори биёбонро обод намуд, ба он ҷо об овард. Ҳол он ки ин кори душворро дар ин тарафҳо ягон кас анҷом надодааст. Бинобар ин мо боварӣ дорем, ки дар марҳилаи ҳозира хоҷагиро фақат Раҳматулло обод карда метавонад. Раҳматулло Абдуллоев вазифаи раисии колхози «50-солагии СССР»-ро ҳамин тавр бо камбудию вайрониҳои бисёр ва анбори тиҳӣ қабул намуд. Дар колхоз сездаҳ ҳазор нафар гурезаҳои иҷбории бо талафоту хисорот ва азобу маҳрумиятҳои зиёд ба ватан баргашта, сесаду ҳаштод нафар занони бевамондаи ҷанги шаҳрвандӣ (умуман бевазанони ҷавону калонсол ҳафтсаду даҳ нафар буданд), бачаҳои ятиммондаи бемодар ё бепадар – нӯҳсаду сӣ нафар, оилаҳои шаҳидон чунин буданд осори нангин ва хеле вазнини даргириҳои бемаънӣ ва беҳадаф дар хоҷагӣ.
Лекин Раҳматулло нағз медонист, ки чархи зиндагӣ бояд гардон бошад, бо умеди фардо, барои ояндаи халқу миллату Ватан бояд ҳаёт пеш равад ва барои ин ҳадафҳои воло зиндагӣ мебоист кард. Дар рӯзи аввали раисиаш ба ноҳияи Шаҳритус рафта, дари дӯстони ҷониашро кӯфт ва барои хоҷагӣ чоруним тонна гандум дарёфт кард. «Анбори колхоз набояд холӣ бошад» гуфт дар дил Раҳматулло. Вақте ки ҳаждаҳуми май ҳосили гандуми нав пухт ва мошини ғалладарав ба кор шурӯъ намуд, бо супориши раис охирин донаҳои ғаллаи анборро ба эҳтиёҷмандон тақсим карданд. (Мо ба пеш муроҷиат намуда, ин ҷумларо нигоштем, дар асл барои расидан то рӯзи ғалладарав Раҳматулло азобу заҳматҳои зиёдеро дидаю таҳаммул кард.)
Раиси собиқи колхоз, ҳоло шодравон Маъруф Ҳакимов ӯро аввалин шуда табрик кард: «Вақти ронанда буданат ман дар симои ту осори бузургиро мушоҳида намуда, бовар доштам, ки ба халқ сарварӣ карда метавонӣ, зеро маҳорати ташкилотчигӣ дорӣ, соҳиби дили поку ғамхор ҳастӣ ва бо ҳамин ният туро аз вазифаи ронандагӣ ба сардории бригада тавсия намуда будам». Дар рӯзи дуюми кораш Раҳматулло ба устохонаи хоҷагӣ омада, ҳамаи фаъолон ва кулли ононеро, ки ба техникаи колхоз вобаста буданд, дар ин ҷо ҷамъ овард. Раис аз сармуҳандиси колхоз Эмом Худойдодов хоҳиш намуд, ки дар хусуси ҳолати васоити техникии хоҷагӣ маълумот диҳад.
– Ҳоло ҳамагӣ чордаҳ адад мошину трактор дорем, – ҷавоб дод сармуҳандис, – аксарашон вайрону валангоранд, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ, равғаниёт нест. Дирӯз хабардор шудем, ки як адад тракторамон дар деҳаи Бешканди ноҳияи ҳамсояи Носири Хусрав буда, ким-кадом шахс соҳибӣ кардааст. Трактори дигарамонро дар деҳаи Чорбоғи колхози «Пахтакор» дидаанд. Вале на инашро медиҳанду на онашро.
– Қонун ҳаст, идораҳои интизомӣ амал мекунанд, – гуфт Раҳматулло-раис, – шумо ҳуҷҷату адресҳои аниқро ба раёсат пешниҳод намоед, он тарафашро мо ба воситаи идораҳои маъмурии ноҳия, вилоят ва бо роҳи қонун ҳаллу фасл мекунем. Бародарон, ҳоло хуб аст, ки шумо тракторҳои комилро ёфтаед, корро аслан аз ҷустуҷӯи мӯҳраву печу мурват ва чарху покришка сар кардан даркор аст. Ҳозир кори ҷонии ҳар яке аз мо ёфтану ба кор андохтани воситаҳои техникии колхоз аст, зеро шудгор ба анҷом нарасидааст, баъд кишт шурӯъ мешавад, ба бачаҳо нон додан даркор аст, масъулияти онҳо дар гардани мост.
Инро ҳам дониста монед, ки тамоми ин корҳоро худамон бояд иҷро кунем, ҳеч кас ба ҷойи мо омада анҷом намедиҳад. Хоҳиш мекунам, агар дар ягон ҷо оҳанпорае ёбед, ҳатман ба устохона биёред, албатта, рӯзе даркор мешавад. Замони Ҳукумати Шӯравиро фаромӯш кунед, дигар ҳеч кас техникаро ба хонаатон оварда намедиҳад. Зарур шавад, бар ивази маҳсулот қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворию равғаниёт мегирем. Пас аз ин суханони Раҳматулло-раис ду-се нафар фаъолон ва механизаторон ҷойҳои тахминии трактору мошинҳои колхозро изҳор намуданд. Раис ба онҳо низ супориш дод, ки адресҳоро саҳеҳу дақиқ намуда, ба идораи хоҷагӣ пешниҳод кунанд.
...Ин рӯзҳо давраи пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлиси вилоятӣ ҷараён дошт. Интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии шастум Раҳматулло Абдуллоевро ҳамчун номзади арзандаи худ ба вакилии маҷлиси вилоятӣ пешбарӣ намуданд. Ва ӯ бо интихобкунандагони худ мулоқот кард. Зимни мулоқот яке аз интихобкунандагон ба номзад ба вакили маҷлиси вилоятӣ чунин савол дод:
– Худатон нағз медонед, ки колхози «50-солагии СССР» ба қарзи бисёр ғӯтидааст, пас шумо чӣ тавр ҷуръат намуда, роҳбарии чунин хоҷагиро ба зимма гирифтаед?
– Ба меҳнату ваҳдати халқ бовар карда, ин масъулиятро ба зиммаи худ гирифтам, – ҷавоб дод Раҳматулло-раис, – илҳомбахши асосии фаъолияту зиндагии ман иқдомҳои қаҳрамонона ва фидокориҳои Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сардори давлатамон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки он дар таърихи навини Ватанамон иҷлосияи сарнавиштсоз аст, изҳор намуданд, ки гурезаҳои иҷбориро ба ҷойҳои муқимиашон бармегардонанд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш мекунанд. Ин вазифаҳои муҳими таърихӣ аз тарафи он кас комилан иҷро гардиданд. Дар ҷумҳурӣ фазои ваҳдату муттаҳидӣ фароҳам омадааст, акнун навбати меҳнати созанда расидааст. Суханони як шоир ба ёдам мерасанд, ки гуфтааст: «ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?». Инак, даврае омадааст, ки ҳар яки мо, агар зарур шавад, барои ободии Ватан ҷони худро дареғ надорем.
Ман фарзанди ҳамин диёрам ва диёри худро ҳоло ба мисли давраи пеш аз ҷанг дӯст медорам ва ба ободии пешина мерасонам. Ба ин фақат як шарт аст, ки ҳамаамон бояд як тану як ҷон шуда кор кунем. Ман боварӣ дорам, ки колхози мо аз қарзҳои худ халос мешавад ва рӯзе мерасад, ки хоҷагии мо ба хоҷагиҳои дигар ёрӣ медиҳад. «Агар ман дил кунам, дусад бома гил кунам», гуфта шудааст дар як зарбулмасали мардуми Қубодиёни бостон. Ман маҳз ба мазмуни ҳамин зарбулмасал амал намуда, чанд сол пеш ба ободонии чӯлу биёбон камар баста будам. Бисёриҳо ба кори ман шубҳа доштанд, «замини шӯра сунбул бар наёрад, дар ӯ тухми амал зоеъ магардон», мегуфтанд. Вале ман аз ин шакку шубҳаҳо дудила нашудам, шабу рӯз меҳнат кардам, оқибат меҳнатам самар овард. Колхози мо одамони якдилу якрӯ, меҳнатдӯсту садоқатманд, сарбаланду баору номус дорад, мутахассисону ихтироъкороне дорад, ки мисли олимон кашфиёту ихтироъҳо кардаанд. Ана, ман ба чунин одамон такя менамоям...
Номзад ба вакили маҷлиси вилоятӣ Раҳматулло-раис Абдуллоев ба дигар саволҳои интихобкунандагон низ чунин ҷавобҳои қаноатбахш дод. Пас аз чанде интихобот барпо гардид ва ӯ бо афзалияти калон вакили маҷлиси вилоятӣ интихоб шуд... Хоҷагӣ тадриҷан соҳиби васоити техникӣ мешуд. Механизаторон дар устохона бо таъмир машғул гардида, трактору мошинҳои вайронаю шикастаро оҳиста-оҳиста роҳгардон менамуданд. Аз деҳаҳои Бешканду Чорбоғ тракторҳоро кашола карда, ба устохонаи колхоз оварданд. баъдан воқиф шуданд, ки як мошини хоҷагиро ба деҳаи дурдасти Арабхона бурда будаанд.
Исбот намудани он ки ин мошин марбути колхози «50-солагии СССР» аст, хеле душвор шуд. Лекин оқибат ҳақиқату адолат ба пирӯзӣ расид ва ин мошинро ҳам ба устохонаи хоҷагӣ оварданд. Бо супориши раис таъмирчиёни устохона дар навбати аввал тракторҳои шудгоркунандаро таъмин намуданд, зеро ҳар чӣ зудтар шудгорро ба анҷом расонида, заминаи асосии киштро гузоштан зарур буд. Тамоми сӯзишворӣ ва дигар имконияти иқтисодии колхоз ба шудгор равона шуда буд. Дар баъзе минтақаҳо ҳатто ғӯзапоя ҷамъоварӣ нагардида, замин ҳанӯз тоза нашуда буд. Раис дар ҷаласаи оҷили ҳаррӯза ин вазъиятро сахт танқид намуда, ҳашари якҳафтагӣ эълон кард, то ҳамаи қувваи кории хоҷагӣ ба ҷамъоварии ғӯзапоя сафарбар шавад.
– То фаро расидани соли нав рӯзҳои башумор мондаанд, – қайд намуд раис дар ҷаласаи оҷили ҳаррӯза, – бояд мо ғӯзапояро аз замин тоза кунему шудгорро низ ҳатман ба анҷом расонем! Сармуҳандиси колхоз Эмом Худойдодов ва сарагроном Аврод Пӯлодов ба сифати шудгор назорати қатъӣ бурда, кори анҷомшудаи ҳар як қитъаро дар ҷаласаи оҷили ҳаррӯза иттилоъ медоданд. Ташвишу тараддуд, ҷаҳду талош ва роҳбарии оқилонаи Раҳматулло-раис натиҷаҳои аввалини дилхоҳ ба бор оварданд: то таҷлили соли нав киштзор аз ғӯзапоя тоза карда шуда, дар саросари қитъаҳо шудгор бо сифати хуб анҷом ёфт, яъне ба ибораи дигар гӯем, вазифаҳои муайннамудаи сарвари хоҷагӣ иҷро гардиданд. Акнун замин бояд зери кӯрпаи барфи зимистон мешуд. Лекин ба раис ташвиши нав пеш омад.
Ӯ ният кард, то оғози киштукори баҳорӣ барои ҳамаи киштзори хоҷагӣ тухмии аълосифат муҳайё намояд. Солҳои охир сифати тухмӣ коҳиш ёфта, боиси паст гардидани ҳосилнокии пахтазор шуда буд, иллат дар он ифода меёфт, ки тухмӣ як навъ не, балки омехта ва пастсифат буд, яъне аксаран дар як қитъа якчанд навъи тухмӣ кошта мешуду дар фарҷом ҳосили матлуб ба даст намеомад. Раҳматулло-раис азм дошт, ки аз ибтидои роҳбарии худ ба ин хоҷагии номдор тухмии аълосифат ёфта, коркарду нигоҳубини пахтазорро мувофиқи илми ҳозиразамон ба роҳ монад ва обрӯю шӯҳрати пешини хоҷагиро барқарор намояд.
Таърифу тавсифи тухмии навъи «НС-60»-ро аз мутахассисон борҳо шунида буд. Ба ҷустуҷӯи ин навъи тухмӣ ба хоҷагии ба номи Даврон Нуриддинови ноҳияи Бохтар омад ва бо ихтироъкори он Неъмат Сулаймонов мулоқот намуд, зимнан унвони ин навъи пахта ҳам аз ҳарфҳои аввали ному насаби ихтироъкор гирифта шуда буд. Ихтироъкор Неъмат Сулаймонов доир ба парвариши пахтаи ихтироъкардааш дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Вале Раҳматулло-раис аз ин хоҷагӣ тухмии мавриди зарурати худро гирифта натавонист. Ба ӯ соли ояндаро ваъда намуданд. Аммо ба хислату тинати Раҳматулло дар нимароҳ гузоштани кори оғозкардааш бегона буд.
Ҳарчанд дар он айём рафту омад ҳанӯз душвор ва хатарнок буд, ӯ гоҳ пинҳонию гоҳ ошкоро аз ҷустуҷӯи дӯстону қадрдонҳои пешин даст накашид. Бо мадади дӯстон тухмиро пайдо намуд. Маъмурини корхонаи пахта ба Раҳматулло-раис гуфтанд, ки ба пунбадона талабгорон хеле зиёданд ва аз ин рӯ, то Қубодиён интиқол додани он душвор, ҳатто ғайриимкон аст. Дар роҳҳо постгоҳҳои низомӣ бисёранд, барои молатон ҳуҷҷат дошта бошед ҳам, касе ба он эътибор намедиҳаду зӯран кашида мегирад ва тухмӣ ҳайф мегардад. Раис панду андарзи хайрхоҳонро бо таҳаммул шунида, дар фарҷом гуфт:
– Шумо ба ман пунбадона диҳед, он тарафашро як илоҷ мекунем. Корхонаи пахта бар ивази пули нақд тухмӣ дод. Раис онро бо ҳамкорони худ шабонгоҳ пинҳонӣ аз чашмони ғайр берун оварда, дар ҳавлии яке аз дӯстони худ пинҳон кард. Баъди чанд рӯз бо сад азобу машаққат ва зорию тавалло ба анбори колхози худ овард. Раис хурсанд буд, ки ин масъала ҳам ба хубию хушӣ ҳал гардид. Вале ҳоло дар пеш масъалаҳои ҳалношуда бисёр буданд. Чи тавре ки дар боло зикр намудем, бар асари бенизомиҳо ва даргириҳои солҳои охир дар ҳудуди хоҷагӣ нӯҳсаду сӣ нафар бачаҳои ятими синну соли гуногун зиндагӣ доштанд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз Раҳматулло-раис тӯйи суннатии панҷоҳ нафари ин бачаҳои ятимро ба маблағи шахсии худ барпо намуд. Тӯйи суннатӣ рӯзи якшанбе дар идораи колхоз гузаронида шуд: аз субҳидам оҳангҳои шодиёна, ки ҳаваскорони санъат иҷро менамуданд, оғози тӯйро ба хурду калон маълум карданд. Раис ба ҳар як писарак тӯҳфаи дилчаспу марғуб супурд, суханрониҳои ҳозирон таъсирбахшу хотирмон ва мағзу чағз, қанду қурс ва албатта, палави рӯйи дастархон ширину гуворою лаззатбахши комҳо буданд...
Раҳматулло-раис собиқадори меҳнат Амонқул – муаллимро аз овони бачагӣ мешинохт. Ин марди ӯзбек пас аз хатми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатӣ ба фарзандони қавми худ сабақ меомӯхт. Амонқул солҳои тӯлонӣ дар мактаби деҳа ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, бо обрӯю номи нек ба нафақа баромад. Солҳои охир ӯ аз хирагии чашм шикоят менамуд, ба ягон маъракаи ҳаққу ҳамсояҳо бидуни ҳамроҳии занаш ё ҳамроҳии ягон бачаи ҳамсоя рафта наметавонист, зеро Худованд хонадони ӯро аз садои тифл бенасиб гардонида буд. Ба сари Амонқул-муаллим бадбахтӣ сояи сиёҳи худро густурд.
Ягона муттакои зиндагиаш, ки ҳамсари бовафояш буд, ногаҳон олами ҳастиро тарк намуда, ӯро тамоман бекасу кӯй кард. Акнун ҳақиқатан ҳам замину замон ва тамоми ҷаҳон барояш тираю тор гардид. Вақтҳое ки ҳамсараш дар бари ӯ зинда буд, пеши чашмонаш торик бошад ҳам, қаъри дилаш рӯшноӣ дошт, кунун яздони пок ҳамин рӯшноиро низ аз ӯ бирабуд. Халқ мегӯяд, ки бадбахтӣ болои ҳам меояд, ки рост будааст. Чанде қабл бобои Амонқул-муаллим ба ҳовани аз кундаи чинор тарошидаи рӯйи ҳавлиаш пешпо хӯрда афтодаасту дасташро шикастааст. Раҳматулло-раис аз ин воқеа огоҳ гардида, дарҳол ба аёдати бемор омад ва ҳамроҳи худ гӯшту равған, чой ва орду шакар овард. Пештар ҳам раис ба ҷанозаи ҳамсари муаллим омада, кӯмаки моддӣ расонида буд.
– Ташаккур, писарам, ки маро дар ин ҳоли тангдастӣ фаромӯш накардӣ, дили ту дарёи накӯкорӣ аст,-изҳори миннатдорӣ намуд муаллими куҳансол.
– Амонқул-ако, ҳамаамон фарзанди як падару модарем, – дилбардорӣ намуд раис, – дар парешонҳолию дармондагӣ бояд аз ҳоли ҳамдигар хабар бигирем. Шунидам, ки ба дастатон осеб расидааст.
– Ҳа, дина шикастабанд бо тухм баста буд, вале варамаш нагаштааст.
– Муаллим-бобо, ман бо кори худ ба Душанбе рафтаниам, – гуфт раис, – агар хоҳед, ба беморхонаҳои шаҳр мебарам, шиносҳоям ҳастанд, якбора ҳам дастатонро муолиҷа мекунед, ҳам чашматонро.
– Илоҳӣ, ин некиҳоятон, агар аз ман нагардад, аз Худо гардад,
– ба миннатдории бузург дуо кард Амонқул-муаллим, – ҳатман меравам, дунёи равшан пеши чашмам торик гардидааст. Раҳматулло-раис Амонқул-муаллимро ба беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло овард. Пас аз якчанд рӯз ӯро ба беморхонаи чашм интиқол дода, як чашмашро ҷарроҳӣ намуданд. Дар муддати начандон тӯлонӣ пирамард ҳам аз дарди даст халос шуду ҳам тирагии чашмаш бартараф гардид. Ӯ баъди аз беморхонаи пойтахт баргаштан як бегоҳӣ ба ҳавлии раис омада, айнаки сабзро аз чашмонаш гирифта гуфт:
– Раис-бобо, чеҳраи нуронии шуморо бе айнак ҳам дида истодаам, ҳазорон ташаккур ба шумо. Дар синну сол шумо хурд бошед ҳам, аслан падари маънавии мо ҳастед, падари маънавии ҳамаи қавму қабоиле, ки дар ҳудуди колхози «50-солагии СССР» ва ҷамоати ба номи Худойқулов зиндагӣ доранд. Бо аҳли оилаатон ҳазорсола шавед. Ман дар умри худ аз ҳеч кас ин қадар некӣ надида будам.
Шумо, ки чӯлу биёбонро обод карда, ба боғу бӯстон табдил додед, иншоаллоҳ, акнун ҳамаи минтақаҳои хоҷагӣ ҳам бо дастони гулфишони шумо ободу гулзор хоҳад шуд. Шумо чӯлистони дилҳоро ҳам гулзор мекунед. Тамоми қавми ӯзбек, ки дар ҳамсоягии шумо зиндагӣ доранд,барои ин накӯкориҳоятон миннатдоранд... Иди Рамазони соли наваду шаш пеш аз ҷашни Наврӯз омад. Раҳматулло-раис қабл аз фарорасии ид як гурӯҳ меҳтарон, ришсафедон, хулоса, шахсони мӯътабари қавму қабоили маскуни ҳудуди колхозро ба меҳмонхонаи худ даъват намуд. Ҳадафи раиси хоҷагӣ аз ин сӯҳбат боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату муттаҳидӣ ва дӯстию бародарӣ дар байни сокинони колхоз буд.
– Солҳои сол дар як мулку макон зиндагӣ дорем, – гуфт дар сари як пиёла чой Раҳматулло-раис, – бозорамон як, мазорамон як, акнун бояд саҷдагоҳамон ҳам як бошад. Ҳамаамон бародарони аҳли ислом ҳастем, биноан хуб мешавад, ки дар як масҷид ба намози ид ҷамъ биёем, агар дар як масҷид нағунҷем, дар ягон макони пок ба гузордани намози иди Рамазон гирду ғун шавем. Шайх Саъдии Шерозӣ хеле хуб фармудааст: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ. Дар як ҷо намоз гузордани бародарони ҳар қавму қабоил ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва дӯстию бародарии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
– Шумо суханони пурқимат гуфтед, раис, – мақсади сарвари хоҷагиро тақвият бахшид ришсафеди минтақаи Калинин, – дирӯз набераам аз рӯзномае бароям як шеър хонд, ки хеле писандам омад, гӯё ки муроди дили ман бошад. Эй Худо, пайванд кун, бишкастаро, Ҷамъ кун, ҷамъи парешонгаштаро. Қудрату тавоноии мо дар сарҷамъию ягонагист. Акнун ҳар яки мо бояд ба гузашта салавот гӯем, минбаъд риштаҳои ҳамдилию қадрдониро байни ҳам мустаҳкамтар бубандем.
– Ҳар як одам ҳам рӯзи хуш дорад, ҳам рӯзи бад, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ришсафеди минтақаи Санги Шикофта, – бародари ҳақиқӣ бояд дар чунин рӯзҳо ҳамдаму ҳамнафасат бошад. Хусусан дар рӯзи мушкилӣ муттакои якдигар будан қарзи инсонии ҳар як шахс аст. Некии дар чунин рӯз дидаатон ҳеч фаромӯш намешавад. Чунин одамгарию ғамхориро мо бояд аз раисамон Раҳматулло омӯзем. Аз рӯзи мусибат Худо нигоҳ дорад. Лекин ин ҳаёт аст, агар чунин рӯз ба саратон ояд, Раҳматулло-раис аввалин шуда, ба хонаатон меояд. Ва аз ҳолу аҳволатон пурсон мешавад, дилдиҳӣ мекунад ва мувофиқи имкон мадад мерасонад.
– Амакӣ, мақсади ман шуморо ҷамъ карда, таърифу тавсифи худро аз забони шумо шунидан набуд,-эътироз намуд раис.
– Мо инро медонем, – гуфт ришсафеди Санги Шикофта, – лекин ман ин ҷо ҳақиқати ҳолро зикр намудам. Ман ҳам охир аз ҳафтод гузаштаам, бо ҳар тоифа роҳбарон кор кардаам, гармию сардии ҳаётро бисёр дидаю санҷидаам. Мо муроду мақсади шуморо фаҳмидем. Шумо ният доред, ки ҳамаи деҳқонон ва сокинони ҳудуди колхоз даст ба дасти ҳам бидиҳанд, як ҷо бошанд, бо ҳамин роҳ хоҷагиро обод кунем, рӯзгори худамонро пуру фаровон намоем.
– Ташаккур, амакӣ, ҳадафи ман ҳамин аст, – суханони мӯйсафедро тарафдорӣ намуд Раҳматулло – раис,-имрӯз, ки халқ маро сарвари ҳамин колхоз интихоб намудааст, орзу дорам, хоҷагиамон пешқадам шавад, хонаи ҳар якамон обод гардад. Ин вазифа фақат бо роҳи боварӣ ба якдигар, муттаҳидӣ ва ягонагию ваҳдат муяссар мешавад. Аз таърих маълум аст, ки давлатҳои муқтадир ҳам дар натиҷаи набудани муттаҳидӣ пароканда шудаанд. Мутафаккири бузург Низомии Ганҷавӣ некӯ фармудааст: Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад, Паркандагӣ аз нифоқ хезад. Давлати хеле пурқудрат ва доманфарохи тоҷикон – Сомониён, ки дар асри X қисми зиёди хоки кишварҳои ҳозираи Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёнаро муттаҳид менамуд, бар асари дасисабозиҳо, ноаҳлӣ, ғадру хиёнати худи шоҳон ва шоҳзодагони ин хонадони бузург аз байн рафту ба мулк аҷнабиёну ғосибон соҳиб гардиданд. Ё худ оқибатҳои пурфоҷиаи заминҷунбии даҳшатноки Ашқободу Ҳоит ва Тошкандро ҳама медонанд.
Дӯстию бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва аҳлию тифоқӣ буд, ки вайрониҳои ин заминларзаро бартараф намуданд. Биноан харобиҳои имрӯзаи диёрамонро ҳам бояд бо қувваи бешикасти дӯстӣ обод намоем. Мегӯянд, ки баракати кору зиндагӣ низ дар якҷоягӣ ва сарҷамъист. Фақат сулҳи доимӣ кишварамонро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт мебарад. Аз якрӯза ҷанг чилрӯза баракат мепарад, гуфтаанд, ки ин ҳикмати халқ беҳуда нест...
Он рӯзи иди Рамазон ҳаво ниҳоят софу беғубор буд, офтоби оламтоб замину замонро нурборон менамуд. Бо таъсири ташвиқот ва суханони пурҳикмати Раҳматуллораис намозгузорони колхозҳои «Оқ олтин», «50-солагии СССР» ва ба номи С.Худойқулов қарор доданд, ки намози иди Рамазонро дар якҷоягӣ адо намоянд. Азбаски намозгузорони ин хоҷагиҳо ҳазорон нафар буданд, минтақаи марказии ин хоҷагиҳо – колхози «Оқ олтин»-ро намозгоҳ муайян намуданд. Дар хирманҷо чодарҳои брезентӣ густурда, дар симчӯби паҳлӯи намозгоҳ шиорҳои зерин бо хатҳои ниёгон ва кирилӣ навишта насб гардида буданд: Иди Рамазон омаду моҳи рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт. Бузургтарин ҳадя гузашт аст Мӯъмин –бародари мӯъмин.
Ваҳдати миллат бақои давлат аст. Намозгузорон хабари ин намозгоҳро шунида, ҳатто аз деҳаҳои дурдасттарин пиёдаю савора омада буданд. Воқеан ҳам чунин намозгузории якҷояи се колхози ноҳия бори аввал барпо мегардид, ки гӯё худ оштии воқеии бародарони аҳли исломи ин водиро шабоҳат дошт. Имом-хатибони масоҷиди ҳудуди ин хоҷагиҳо амри маъруф намуда, ҳозиринро ба афву гузашт, олиҳимматӣ, дӯстию бародарӣ даъват карданд ва доир ба ин мафҳумҳои ҷовидони зиндагӣ аз ҳаёти паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом, хулафои рошидин ва дигар шахсиятҳои таърихии олами ислом қиссаҳои таъсирбахш ва фаромӯшнашаванда ҳикоят карданд. Як нафар имом-хатиб амри маъруф намуд, ки солҳои охир баъзе бародарони мо ягон кори хайре накарда, якчанд маротиба ба зиёрати амокини муқаддас, яъне ба ҳаҷ мераванд. Вале мақсади ин тоифа тиҷорат буда, бо ҳирсу кизбу риё пулу мол ҷамъ мекунанду ҳатто ба хоҳарону бародарони дар фақру бенавоӣ будаи хеш ҳам саховат наменамоянд. Имом-хатиб дар охир ин байтҳоро қироат кард: Хари Исо гараш ба Макка баранд, Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад. Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй, Чун шавад тар, палидтар бошад. Ҳозирини намозгоҳ суханони Раҳматулло-раисро бо диққати том гӯш карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё