ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Пайдоиши бонкҳо дар Юнони Қадим
Пайдоиши бонкҳо дар кишвари Юнон аз маъбадхонаҳо оғоз ёфта, маъбадҳо ҳам ба кори саррофӣ машғул буданд. Супурдаҳои мардумро қабул намуда ва ба мардуми шаҳрҳо туҳфа мекарданд. Аз ҷумла, маъбади Делфи Буд дар шаҳри Афсан ва ба иллати ҷангҳои бардавоми дохилӣ, маъбадҳои мутмаинтарин маҳал барои нигоҳдорӣ ва муҳофизати амволи гаронбаҳои пурарзиш ба шумор мерафт.
Пайдоиши бонкҳо дар Чини Қадим
Дар асри шашуми пеш аз мелод бонкдорӣ ривоҷ дошт ва истеҳсоли коғаз (дар миёни 105 сол пеш аз мелод) дар Чин аз назари истифода дар амалиёти бонкдорӣ аҳамияти босазо ёфт, зеро ҳамин кашфиёт буд, ки барои аввалин бор таҳияи асноди бонкӣ, танзими муҳосибот ва нигоҳдории ҳисобҳо ва нақлу интиқоли молу мулк аз як ҷо ба ҷой дигар ба сурати арзон ва содда истифода бурда мешуд.
Дар оғози таъсиси давлати Рум муносибатҳои молиётҳо ба шакли гарав ба мардум вогузор мешуд. Маъмурин ғолибан ба шаҳрҳо ва муассисоти давлатӣ туҳфа медоданд. Дарвоқеъ ба навъи бонкдорӣ муносибат мекарданд. Бонкдорҳои румии гузашта истеҳсоли аз пулҳои хориҷӣ ба пулҳои кишвар ва мушаххас кардани меъёри онҳо, қабул намудан ва додани фоиз кори сандукдориро барои муштариёни худ анҷом медоданд. Амалиёти бонкии бонкдорони румӣ бисёре аз давлатҳои ҷаҳон шабеҳ ба бонкдории кунунӣ буд, ки иборат аз ҳисоби ҷорӣ ва муҳлатдор ба фоидаи шахсони аҳлоида, пардохти баҳра ба супурдаҳои муҳлатдор, додани қарзи бонки бо баҳраҳои тиҷорати буд.
Пайдоиши бонкҳо дар сарзамини Эрони Қадим
Дар сарзамини Эрон пеш аз давраи Ҳахоманишинӣ бонкдорӣ ба тарзи ибтидоӣ - марсум, вале дар инҳисори ибодатгоҳҳо ва шоҳзодагон буд ва дар замони Ҳахоманишиён бозоргонӣ равнақ ёфта, пули масхус ривоҷ ёфт. Машҳурфтарини ин бонкҳо Аҷибӣ буд, ки ба муҳоҷирини яҳудии муқими тааллуқ дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё