ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ
Дар Аврупо Ғарбӣ 24 мамлакатҳои мутараққӣ мавҷуда аст, ки масоҳати умумии онҳо 3,7 млн.км2 -ро ташкил медиҳад.
Давлатҳои Аврупоӣ Ғарбӣ дар миёни асрҳои XII–XVI аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб рафта, қариб тамоми илмҳои иқтисодӣ, аз давлатҳои Аврупоӣ Ғарбӣ эҳё гардиданд.
Англия
Бонки Англия – яке аз куҳнатарин бонкҳо дар ҷаҳон аст. Ин бонк дар охири асри XVII дар Англия дар натиҷаи додугирифти ҳукумати муфлисшуда ва гурӯҳҳои сармоягузор ба вуҷуд омадааст. Низоми бонкдории Англия дар соли 1690 аз кредиторҳо-бонкдорҳо иборат буд, ки қарзҳоро бо тариқи заёимӣ ва ҷавоҳирот пешниҳод мекарданд. Соли 1688 ҷанги дарозмуддати шаҳрвандӣ ба анҷом расид ва ба тахти шоҳӣ Вилиам ва Мери нишастанд. Дар ҳукумат ҳизби сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки сиёсати меркантилизм ва ғоратгариро пеш гирифт. Аз ҳама ҳарифи пурқуввати Англия дар ин солҳо Фаронса буд. Сиёсати милитаризм (сиёсати ҷангҷӯёна) ба Англия фоида наовард. Дар соли 1690 давлати Англия ҳис намуд, ки хазинаи давлат сарф шудааст ва пул нест. Барои ҳукумат фурӯхтани пули қоғазӣ ба мардум номумкин гашта буд, зеро мардум пас аз ҷангҳои дарозмуддат тамоман муфлис шуда буданд. Дар натиҷа ҳукумат нархи андозро ба маротиб боло бардошт, ки мардум имкони додани онро надоштанд.
Ҳамин тавр, соли 1693 кумитаи Маҷлиси Аввом, барои пайдо намудани роҳҳои дарёфти маблағ бюрои ҳукуматро ташкил намуд. Дар ин вақт сармоягузори шотландӣ Вилиам Петерсон ба саҳнаи сармоягузорӣ омад, ки ба ҷониби ҳукумат нақшаҳои нави молии худро пешниҳод кард. Бар ивази ин барои муайянкунии имтиёз аз ҷониби давлат, Вилиам пешниҳод намуд, ки Бонки Англия кушода шавадва асъори навро ба муомила барорад. Бо ин роҳ шартнома баста шуд. Баъд аз ташкилшавии Бонки Англия соли 1694 худи шоҳ Вилиам ва чанде аз вакилони Парлумон аз саҳмиягузорони “фабрикаи пулӣ”-и нав гаштанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё