ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Дар оғози асри IX дар мамалакатҳои араб низоми бонкии пешрафта ба вуҷуд омад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ аз бонкҳое, ки идораҳои асосиашон дар Бағдод ва шуъбаҳояшон дар шаҳрҳои дигар воқеъ гардида буданд, ё доварӣ карда мешавад. Ин бонкҳо асосан бо истифодаи чек (бо арабӣ – sakk) – забонхатҳои кафолатноки ба шакли акреддитив тартиб додашуда, фаъолият пеш мебурданд. Масалан, шахсе ё тоҷире чекро аз бонки дар Бағдод буда мегирифту, пулро бошад дар бонки Марокаш.
Аксарияти бонкдорон дар мамлакатхои исломӣ насрониён ё яҳудиён буданд, зеро Қуръон аз рӯи қарз фоиз гирифтанро манъ мекунад.
Дар империатори Бобул муомилот ба шеваи ибтидоии он ривоҷ дошт ва ҳатто дар кавонини хумурои муқаррароти барои додани вом ва қабули супоирдахои тиҷори зикр ва дастуроте дар бораи сармоягузорӣ омадааст. Дар шаҳри Бобул тиҷоратхона ва бонкҳои бузурге вуҷуд дошт, ки додани хавола, барот ва низ гирифтани рибх маъмул буд. Мизони рибх 20% ва дар баъзе мавридҳои ба саду чихил то ҷихилу се мерасид. Ибодатгоҳҳои ин шаҳр дар худуди 2000 сол кабл аз мелоди Исои Масеҳ ба амалиёти бонкӣ муносибат мекарданд ва дар муқобили васикаи аммоли ғайри манқул пул медоданд.
Аввалин амалиётҳои бонкӣ дар Аврупо ба соли 808 солшумории мо, ба замоне, ки савдогарони яҳудӣ дар Италияи Шимолӣ барои ташкили бонки содатарин, барои ба амонат гирифтани пули нақд муттаҳид гардидаанд, рост меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё