Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

ИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан

Механизмҳои асосии гурӯҳбандии инноватсияи бонкӣ

Инноватсия ҷараёни бисёрпаҳлуҳаи фаъолияти бонкӣ буда дар он тамоми нишондиҳандаҳои наву афзалиятдор инъикос мешаванд. Дар айни замон вазъияти рақобатӣ дар бозорҳои молиявӣ афзун гардида истодааст. Сарфи назар аз он ки низоми бонкӣ дар ҷаҳон то ҳол дар оғози роҳи такмилдиҳӣ қарор дорад, талабот ба хизматрасонии молиявӣ дар сатҳи паст қарор дошта, бонкҳо барои ҷалби муштарӣ талош мекунанд. Даромади соҳаи бонкӣ бошад аз ҳисоби инноватсия мувофиқ бо шароити имрӯза он қадар устувор нест.

Мувофиқи мунтазам тағйир ёфтани шароити фаъолият ҳар як бонк ҳамчун иштирокчии комили бозор бояд роҳҳои ташаккули ташаббускорӣ ва ҷараёни дохилиташкилии инноватсиониро пеша намояд.. Табиатан, чунин ҷараён бояд ба таври системавӣ дар доираи стратегияи такмилёфтаи инноватсионӣ амалӣ гардад, ки қисми стратегияи умумии рушди бонк мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани инноватсияи стратегӣ қабл аз рақибони хароҷотҳои камкардашуда ба даст оварда мешавад.

Интихоби ҳар як стратегия, ба мисли фаъолияти инноватсионӣ, ҳамеша бунёди механизмҳои инфиродии ташкилӣ-хоҷагиро дар бар мегирад, ки амаликунии онро таъмин менамояд. Тамоюли он, хусусияти фаъолият ва сохтори бунёди он бештар аз хусусияти ҷараёни инноватсионӣ вобаста аст, ки бо навовариҳо дар ҷараёни фаъолияти инноватсионии бонк афзалиятдор мегарданд. Барои аниқ муайян намудани мақсад ва натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ, таснифи пурраи навовариҳо ва дар амал дуруст ҷорӣ намудани онҳо мақсади асосӣ мебошад.

Такмили чунин таснифот ҷараёни арзишнок ва комили мавзӯи таҳқиқотро дар соҳаи иноватсияи бонкӣ таъмин намуда, ба муайян намудани робитаи дутарафа ва муносибатҳои гурӯҳ ва шаклҳои гуногуни инноватсияи бонкӣ имконият медиҳад. Ба ғайр аз ин, ҷорӣ намудани таснифи сохторишудаи навовариҳо ба муайян кардани интихоби стратегияи аниқ ё ки тарзи бунёди механизми иқтисодӣ ва ташкилию идоракунии шакли фурӯш ва ҳаракати маҳсулоти бонкӣ имконият медиҳад, ки онро дар шаклҳои иноватсия муайян метавон кард.

Инноватсияи реактивӣ ба стратегияи дифоии аз ҷониби бонк гузаронидашуда тааллуқ дорад ва онҳо барои беҳбудбахшии ташкилоти қарзӣ дар бозор равона карда шуда, саҳми бонкро тавассути навоварӣ дар бозори рақобат пурзўр мегардонад. Дар ин ҳолат бонк маҷбур аст фаъолияти инноватсиониро барои таъмини беҳбудии худ дар бозори рақобат ба амал орад.

пешина
аз 42
навбатӣ