ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Ҷараён ва аҳамияти навовариҳо дар бонк
Навовариҳои стратегӣ асосан ба пешгирӣ кардани зарурияти таҷдиди инноватсионӣ нигаронида шудаанд, мақсади асосии он дарёфти афзалиятҳои муйяни рақобат ва дурнамост. Мисоли чунин инноватсия дар айни замон татбиқи системаи комплексии идоракунӣ ба ҳисоб ва пешниҳоди маҳсулот ба муштариёни худ мебошад.
Нишон додани робитаи дутарафаи хароҷотҳо ва самаранокии инноватсияи бонкӣ зарур буда саҳми бонкро дар масалаи рушди хизматрасонӣ мустаҳкам мегардонад. Ҳангоми амалӣ намудани инноватсияи реактивӣ ҳолате мушоҳида карда мешавад, ки инноватсия аз ҷониби ташкилоти қарзӣ-рақиб даровардашуда стандарти самаранокро ба сатҳи дигар, қаблан баланд эътирофкардашуда мегузаронад. Барои подоши «қафомонии» бавуҷудомада бонк зарар дида, вазифадор аст, ки таҷдиди ҷараёни технологӣ ё ки спектри маҳсулоти пешниҳоддшударо барои ба даст овардани таносуби нави хароҷотҳо ва самаранокӣ дар мади назар қарор диҳад.
Яке аз чунин инноватсия дар давраи гузаштани бонк ба системаҳои пардохти байналхалқӣ Visa International MasterCard International ва ғ. барои эмиссия кортҳои хусусии пластикӣ сабаб шуданд, ки дар он давра воситаи маъмули пардохт буданд. Аз рӯи мавқеъи фаъолияти бонк инноватсияро ба гурӯҳҳои асосӣ ва таъминкунанда ҷудо намудан мумкин аст. Инноватсияи асосӣ қисми асосии фаъолияти инноватсионии бонкро дар бар мегирад, зеро ги муваффақияти он дар бозор бевосита аз пешниҳоди сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ вобаста аст. Дар дохили инноватсияи асосӣ инчунин ду категорияро ҷудо намудан мумкин: инноватсияи хусусӣ ва инноватсияи бозорӣ.
Инноватсияи хусусӣ маҳз бо муҳайёкунии маҳсулоти нави бонкӣ, такмили хизматрасонии нав, инчунин бо ҳаракати онҳо дар бозор алоқаманд аст. Инноватсияи бозорӣ маҷмӯи тадбир ва чорабиниҳоеро меноманд, ки барои муттаҳидгардони оид ба фурӯши маҳсулоти дар бозор ҳамчун навофаридашуда, барои кушодани соҳаҳои нав имконият медиҳанд.
Мисоли инноватсияи категорияи якум эмитатсиякунонӣ ва тавсияи векселҳои хусусӣ аз ҷониби бонк ва пешниҳоди онҳо ба муштариёни худ ҳамчун роҳи нави амонат шуда метавонад. Категорияи дуюми инноватсия истифодаи векселҳои хусусии бонкро дар нақшаҳои ҳисобии занҷираи истеҳсолӣ дар бар мегирад, ки ба самт гирифтани маҳсулоти маъмули бонкӣ ба бозори нави муштариёни соҳаи муайян имконият медиҳад, ки то инҷониб дар муомила асбобҳои маҳсулии молиявӣ надоштанд.
Инноватсияи таъминкунанда нақши дуюмдараҷаро мебозад, зеро ки онҳо бевосита бо вазифаҳои асосии ташкилоти қарзӣ алоқаманд нестанд. Ин гурӯҳи инноватсия хусусияти технологӣ дошта, ислоҳоти инноватсионии сохтори идоракунанда, усули ташкили ҷараёни асосии истеҳсолӣ, яъне ҷараёни хизматрасонӣ ва фурӯши маҳсулоти бонкӣ, такмилдиҳии технологияи бонкиро дар бар мегирад.
Дар ин ҷо қайд намудан зарур аст, ки чунин тақсимкунӣ афзалиятнокии инноватсияи асосиро дар назди инноватсияи таъминкунанда нишон медиҳад. Чи тавре ки маълум аст, ин ҳақиқат, пеш аз ҳама боиси он гардидааст, ки муваффақияти ҳар як бонк бо мавҷуд будани талаботи босубот ба хизматрасонӣ ва маҳсулоти пешниҳодшуда муайян карда мешавад. Дар натиҷаи ин хусусияти бозор ҳамаи ҷараёни идоракуниро танҳо мувофиқи стратегияи аз ҷониби бонк интихобшуда ба вуҷуд оварад, ки дар навбати худ оиди таҳлили муҳити атрофии бозор ба роҳ монда шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё