Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Яке аз роҳҳои нисбатан бештар таъминкунандаи бехатарӣ дар танаи девор часпондани банкомат мебошад. Дар ин ҳолат дар кӯча, минтақаи барои мизоҷон дастрас танҳо қисми пеши банкомат намудор шуда меистад. Қисми боқимондаи банкомат, ки дар он асбобҳои идоракунии банкомат ҷойгир аст ва аз онҳо ходимони бонк бояд истифода баранд, дар дохили бино меистад.

Дар қуттӣ асбобҳои зерин ҷойгир аст:

  • асбоб барои қабул ва ҳисоб кардани кортҳо;

  • асбоб барои додани пули нақд, кассетаҳо ва базаи

    маълумот;

  • протсессори марказӣ;

  • НМД (винчестер) барои нигоҳ доштани таъминоти

    барномавӣ ва базаи маълумот;

  • НГМД (флоппи-дисковод) барои табодули иттилоъ ба

    воситаи дискетаҳо;

  • асбобҳои алоқа;

  • асбобҳои идоракунӣ;

  • блоки нерӯи барқ. Асбобҳои дохили банкомат дар акси

    1.3 ифода шудааст.

Дар асбоби қабул ва ҳисоб кардани кортҳо маъмулан пардаи махсусе гузошта шудааст, ки аз шикастан муҳофизат менамояд. Асбоби мазкур ноқили барқӣ ва ҳисобкунак дорад.

Ноқили барқӣ барои ба дарун кашидани корт ҳангоми ба сӯрохии барои гузоштани кортҳо пешбинишуда хизмат мекунад. Ҳангоми ба дарун кашидан майдони магнитдори корт аз паҳлӯи головкаи ҳисобкунак мегузарад ва ахбори дар корт мавҷудбударо мехонад. Асбоб кортро баъди хондан ба берун мепартояд.

пешина
аз 42
навбатӣ