ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Кортҳои дебетӣ ба мизоҷ аз лиҳози техникӣ мувофиқ мебошанд. Бо истифода аз чунин кортҳо пардохтҳои ғайринақдӣ, гирифтани пули нақд, идоракунии ҳисоб ба воситаи асбобҳои автоматиро анҷом додан мумкин аст.
• Агар корт кредитӣ бошад, бартарии дигараш аз он иборат аст, ки метавонед, қарз гиред. Хариди молҳо бо қарз як хосияти муҳими иқтисоди бозорӣ мебошад. Дар ИМА 80 фоизи молҳои мариди ниёзи мардум ба воситаи кортҳои кредитӣ харида мешавад. Ҳангоми системаи ҳисобу китоб ба воситаи корт қарзгирӣ ба таври автоматӣ анҷом дода мешавад, барои қарз гирифтан махсус ба бонк муроҷиат намудан лозим нест. Аз харидор ҳангоми истифода қарз дар мӯҳлати аз 4 то 8 ҳафта фоиз дошта намешавад. Илова бар ин, мизоҷ бо хоҳиши худаш метавонад, мӯҳлати баргардондани қарзашро дароз кунад ва ба бонк фоизи иловагӣ пардохт намояд. Ин намуди хизматрасонӣ ба воситаи корт барои мизоҷ мувофиқ аст.
• Боз як бартарии ҳисобӣ кардан ба воситаи корт – аз бонк дастрас намудани иттилоот дар бораи амалиётҳои бонкӣ мебошад. Бо ҳамин восита, назорат ва ба нақша гирифтани буҷет пурзӯр мегардад.
• Дар бораи конвертатсия намудани арз фикри зиёд кардан майна об кардан лозим нест. Ин корро бонк анҷом медиҳад ва мизоҷ вақти пурқиматашро сарфа менамояд.
• Истифодабарӣ аз корт боиси афзудани обрӯю эътибори мизоҷ мегардад. Махсусан, дар кишварҳое, ки кортҳо ҳанӯз маъмул нагаштаанд, ин кор боз аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳиби корт аз технологияи муосири бонкӣ бохабар аст.
• Дигар бартариҳои кортҳо наз мавҷуд аст. Пеш аз ҳама, имтиёзҳо ҳангоми харидани молҳо, барқарор кардани кортҳои гумшуда, имтиёзҳо ҳангоми брон кардани ҷой дар меҳмонхонаҳо, авиабилетҳо ва ғайра.
Ҳисобу китоб ба воситаи кортҳо барои соҳаи савдо бартариҳои зеринро медиҳад:
-
васеъ намудани савдо ва ҷалби харидорони нави сарватманд;
-
дар бораи конвертатсияи арз ва инкассатсияи маблағ майна об кардан лозим намешавад;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё