Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

ИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан
  • имконияти пешниҳод намудани қарз бе истифодаи маблағҳои худ ва ба роҳ мондани системаи махсуси ҳисобу китоб;

  • кам кардани таваккал;

  • одаме, ки дар даст корт дорад, нисбат ба одаме, ки дар

    даст пули нақд дорад, бештар ба харид кардан майл

    дорад;

  • амнияти корт зиёд мешавад (зеро чекҳо бо имзоҳои

    мизоҷоне, ки дар мағоза боқӣ мемонанд, маънои ворид гаштани маблағҳои нав дорад ва барои дӯздон мувофиқ нест);

  • обрӯю эътибори мағоза меафзояд.

    Ташаббускори ҷорӣ кардани кортҳои кредитӣ ва ғайра бонкҳо буданд ва онҳо умедвор буданд, ки фоидаҳои зеринро ба даст меоранд:

  • қарзҳои истеъмолӣ зиёд мегардад;

  • маблағҳои ҷалбшуда меафзояд (пул дар суратҳисобҳо,

    депозитҳои суғуртавӣ);

  • васеъ гаштани соҳаи фаъолияти бонк дар ноҳияҳои

    дурдаст;

  • фурӯши маҳсулот ва хизматҳо ба соҳибони кортҳо;

  • ташкили нисбатан босуръат ва ҳисобу китоби мувофиқ

    барои мизоҷон;

  • кам шудани ҳаҷми пулҳои нақди истифодашаванда ва

    кам шудани амалиёт;

  • санҷидани технологияи наву пешқадам;

  • дафтари марказии бонкро аз сели мизоҷон холӣ кардан;

  • маблағҳои комиссионие, ки бонк аз ҳамаи амалиёт бо

    кортҳо ба даст меорад.
    Илова бар ин, мизоҷ барои ба даст овардани корт маблағ

    медиҳад;

• имконияти рақобатии бонк бо назардошти аз муомилот

танг карда баровардани пулҳои нақд ва чекҳо зиёд шуда, обрӯю эътибори бонк ҳамчун иштирокчии равандҳои навоварона афзун мегардад;

пешина
аз 42
навбатӣ