ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Одатан ҳангоми ҳисобу китоб барои молҳо ва хизматҳо се субъект ҳамчун корти пластикӣ истифода мешавад. Инҳо бонки корти эмитент, мизоҷи он (соҳиби корт) ва мағоза (муассисаи савдо хизматрасоние, ки мутобиқи шартнома бо эмитент корти онро ба сифати воситаи пардохт гирифтааст). Бонк ба мизоҷе, ки ба ӯ миқдори муайяни маблағ вобаста аст, корт медиҳад. Ҳамин маблағро (ё аз ҳисоби қарзи бонк ё аз ҳисоби мабалағи худаш) мизоҷ метавонад дар мағоза харҷ кунад. Амалиёт чунин сурат мегирад, ки мағоза дар номи мизоҷ ба миқдори маблағи харҷкардааш қарз менависад. Бонк дар навбати худ баъди аз тарафи мағоза ба дасташ расидани ҳуҷҷат аз суратҳисоби мизоҷ ҳамон маблағро ба ҳисоби мағоза мегузаронад.
Баъди соли 1951 дар ИМА кортҳои бонкӣ пайдо шуда, ба зудӣ ҳамчун воситаи пардохтӣ дар тамоми олам паҳн гаштанд, зеро кортҳо аз лиҳози амният ва истифодабарӣ барои мизоҷон воситаи мувофиқ буданд. Ин намуди ҳисобу китоб барои мизоҷон фоидаовар низ мебошад.
Хосиятҳои асосии кортҳо, ки диққати мизоҷонро ба худ ҷалб намудан аст:
• Бароҳатии истифодабарии корт барои соҳибаш аз он иборат аст, ки ҳангоми ба мағоза ва муассисаи хизматрасон омадан бо худ миқдори зиёди пули нақд гирифта гаштан лозим нест, аммо дар ҳар лаҳза шумо метавонед, ягон мол харид кунед. Дар баробари ин кортҳоро вақте истифода бурдан мумкин аст, ки агар муассисаҳои хизматрасон ва нуқтаҳои савдо тавонанд, кортҳоро қабул кунанд. Агар чунин шабака мавҷуд набошад, кортҳоро истифода кардан мумкин нест. Дар ИМА ҳамин масъаларо ба зудӣ фаҳмиданд ва кӯшиш намуданд, ки истифодабарии кортҳоро васеъ ба роҳ монанд. Дар дигар мамлакатҳо ҳам бо ҳамин роҳ рафта, савдо бо кортҳоро ба роҳ монданд. Баъди он ки кортҳои ассотсиатсияҳо аз доираи миллӣ берун рафта, ба байналхалқӣ табдил ёфтанд, шабакаи савдо ҳам мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Имрӯз кортҳои ширкатҳои VISA ва MasterCard дар тамоми олам аз ҷониби миллионҳо нуқтаҳои савдо мавриди истифода қарор мегиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё