ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Навъҳои кортҳои пластикӣ
Корти пластиқӣ ҳуҷҷате мебошад, ки аз пластикаи сахт сохта шуда, онро ба каси дигар додан мумкин нест ва соҳибаш онро барои муомилот ҳангоми харидани молу хизматрасонӣ истифода мебарад ва аз суратҳисобаш маблағ мегирад.
Аломатҳои бисёре мавҷуданд, ки кортҳоро аз рӯи онҳо ба навъҳо ҷудо менамоянд.
1. Аз рӯи маводе, ки кортҳо аз он сохта шудаанд:
• қоғазӣ;
• пластикӣ;
• оҳанӣ.
Ҳоло қариб дар тамоми олам кортҳои пластикӣ маъмул шудаанд. Аммо барои мушаххас намудани соҳиби корт аксар вақт кортҳои қоғазии бо пленкаи шаффоф рӯйпӯшшуда истифода бурда мешавад.
2. Дар асоси механизми ҳисобу китоб:
• системаҳои дутарафа – дар заминаи қарордодҳои
дуҷонибаи байни иштирокчиёни ҳисобу китоб ба вуҷуд омадаанд, ки дар ҳолати мавҷуд будани онҳо соҳибони кортҳо онҳоро барои хариди молҳо дар шабакаҳои маҳдуди истифодабарандагони (эмитент) кортҳо (ба монанди мағозаҳои универсалӣ, нуқтаҳои бензинфурӯшӣ ва ғайраҳо) мавриди истифода қаррор мегиранд.
• системаҳои бисёртарафа – ба соҳибони кортҳо имконият медиҳанд, ки аз тоҷирони гуногун ва ташкилотҳои хизматрасоне, ки ин кортҳоро ҳамчун воситаи пардохт эътироф менамоянд, мол харид кунанд. Системаҳои бисёртарафа ба анҷуманҳои миллии кортҳои бонкие, ки кортҳои туризм ва фароғатиро интишор медиҳанд, сарварӣ менамоянд.
3. Аз рӯи намуди ҳисобу китоб:
• кортҳои кредитӣ, ки бо барномаи қарздиҳии бонк
алоқаманд мебошанд ва ин чиз ба соҳибони кортҳо имконият медиҳад, ки ҳангоми ҳариди молҳо ва гирифтани қарзҳои кассавӣ аз кредит истифода баранд;
• кортҳои дебетӣ ба мақсади аз автоматҳои бонкӣ, ё барои гирифтани молҳо ба воситаи терминалҳои электронӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми чунин муомилот пул аз суратҳисоби соҳиби корт дар бонк аз ҳисоб тарҳ карда мешавад. Агар дар суратҳисоб маблағ мавҷуд набошад он гоҳ аз кортҳои дебитӣ истифода бурдан имкон надорад. Бартарии кортҳои дебитӣ аз кредитӣ аз он иборат аст, ки андозаи як пардохт маҳдуд нест.
Баъзе муаллифон кортҳои пардохтиро (charge card) ҳамчун кортҳои кредитӣ ба навъи махсус ҷудо менамоянд. Фарқ дар он аст, ки суммаи умумии қарз ҳангоми истифодабарии корти пардохт бояд дар мӯҳлати вақти муайяни баъди дастрас намудани нусхаи бе ҳуқуқи дароз кардани мӯҳлати қарз, пурра пӯшонда шавад.
4. Аз рӯи хусусияти истифодабарӣ:
• корти инфиродӣ, ба мизоҷони ҷудогонаи бонк дода
шуда, метавонанд, «анъанавӣ» ё «тиллоӣ» бошанд; кортҳои «тиллоӣ» ба шахсоне дода мешаванд, ки дорои имконияти васеъи кредитӣ мебошанд ва ба
соҳибони чунин кортҳо имтиёзҳо пешбинӣ мешавад;
-
корти оилавӣ, ба аъзои оилаи шахсони шартномабаста, ки аз рӯи суратҳисоб дорои
масъулият мебошанд, дода мешавад;
-
корти корпоративӣ ба ташкилотҳое дода мешавад,
ки дар асоси ин кортҳо ба шахсони ҷудогона (роҳбарон ва коркунони пурқимат) корти худашро медиҳад. Барои онҳо ҳисобҳои корпоративие кушода мешаванд, ки ба суратҳисоби корпоративиашон вобаста аст. Аз рӯи чунин суратҳисоб на шахси алоҳида, балки ташкилот масъул мебошад.
Баъзан кортҳои сайёҳӣ ва фароғатиро (travel and entertainment cards) ҷудо менамоянд. Кортҳои мазкур аз тарафи ширкатҳое интишор дода мешаванд, ки ба чунин хизматрасонӣ машғуланд. Ин кортҳо дар садҳо ҳазор нуқтаҳои савдои олам ҳамчун воситаи пардохти молҳо ва хизматрасониҳо истифода мегарданд.
Фарқи асосии ин намуди кортҳо аз кортҳои кредитии бонкӣ дар он аст, ки аввалан, барои хариди молҳо имтиёзҳо надоранд, дуюм, соҳиби корт дар муддати як моҳ бояд қарзашро пардохт кунад ва мӯҳлати пардохтро дароз накунад. Дар ҳолати аз мӯҳлат дертар пардохт намудани қарз фоизи қарз зиёд мешавад.
Боз як намуди дигари кортҳо кортҳои чекии кафолатдор (cheque guarantee cards) мебошад. Ин намуди кортҳо ба соҳибони суратҳисобҳои ҷорӣ барои дар бонк мушаххас намудани соҳиби чек ва кафили пардохт аз рӯи чек дода мешавад.
5. Аз рӯи усули сабти иттилоот дар корт:
-
сабти графикӣ;
-
эмбоссирование;
-
штрих-рамзсозӣ;
-
рамзсозӣ дар майдони магнитӣ;
-
чип;
-
сабти лазерӣ (кортҳои оптикӣ).
Сабти графикӣ намуди аввалини сабти иттилоот дар кортҳо буд ва он то имрӯз боқӣ мондааст. То ҳол дар бисёр кортҳо ин намуди сабт истифода мешавад. Дар ибтидо ба корт танҳо ному насаби соҳиби корт ва маълумот дар бораи эмитети ӯ сабт карда мешуд.Баъдтар дар кортҳои маъмулии бонкӣ намунаи имзои соҳиби корт сабт карда мешуд ва ному насабро эмбоссироват (бо усули механикӣ дар болои корт навишта мешаванд) менамудагӣ шуданд.
Маънои эмбоссироват кардан – дар болои корт дар шакли аломатҳои релефӣ ворид намудани маълумот мебошад. Ин усул имконият дод, ки суръати ҷавраёни пардохт ба восити корт камтар гардад. Маълумоти дар болои корт эмбоссироватшударо ба воситаи асбобҳои нусхабардории ксерокс нусхабардорӣ карда мешавад.
Сабти иттилоот дар корт бо кӯмаки штрих-рамзсозӣ то замони ба вуҷуд омадани майдони магнитӣ пайдо шуда буд, вале дар системаҳои паҳнкунӣ муваффақият пайдо накард.
Кортҳои магнитӣ ҳам ба шакли кортҳои пластикӣ мебошанд, вале дар як рӯи он майдони магнитӣ мавҷуд аст. Дар ин майдони магнитӣ қариб 100 байт иттилоотро нигоҳ доштан мумкин аст, ки онро минбаъд асбоби махсус мехонад. Иттилооте, ки дар майдони магнитӣ нигоҳ дошта мешавад, бо навиштаҷоти рӯи дигари корт: ному насаб, рақами суратҳисоби соҳиби корт ва мӯҳлати анҷом ёфтани корт монанд аст. Кортҳои магнитӣ маъмулан ҳамчун кортҳои кредитӣ (намуди VISA, MasterCard, EuroCard, American Express) ва кортҳои дебитии бонкӣ, барои банкоматҳо, инчунин кортҳои кредитии телефонӣ истифода мешаванд.
Сабти магнитӣ яке аз паҳнгаштатарин усулҳои муосири ворид намудани маълумот ба кортҳои пластикӣ мебошад. Аммо аллакай имрӯз маълум гаштааст, ки майдони магнитӣ амнияти кортҳоро пурра таъмин карда наметавонад.
Корти хотира ҳам ба монанди қартаи муқаррарии пластикӣ мебошад, дар он танҳо микросхема часпонда шудааст. Кортҳои хотираро аксар вақт смарт-корт ҳам меноманд, аммо худи номи кортҳо шоҳиди дар онҳо мавҷуд будани асбоби хотира мебошад. Андозаи хотираи корти муқаррарӣ қариб 256байт мебошад, аммо инчунин кортҳои аз 32 то 8 Кбайт мавҷуд аст. Сатҳи амнияти чунин кортҳо он қадар баланд нест, аз ин рӯ, онҳо дар системаҳои амалие, ки ба монанди пардохти гуфтугӯи телефонӣ истифода мегарданд, онҳо амнияти сахт талаб намекунанд. Чунин намуди кортҳо дар Фаронса ва Олмон васеъ паҳн гаштаанд. Бо чунин кортҳо якчанд маротиба бо телефон занг задан мумкин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё