ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Смарт-кортҳо шаклан ба кортҳои хотира монанд мебошанд, аммо дар микросхемаи смарт-корт «мантиқ» (микропротсессор) ҷойгир карда шудааст, аз ин рӯ, чунин кортҳо «бофаросат» мебошанд. Номи смарт-корт (smart- бофаросат, ё боақл) аз маънояш бармеояд ва имконият дорад, якчанд амалиётро анҷом диҳанд. Микросхемаҳои смарт-кортҳо як навъ микрокомпютер мебошанд. Дар амал ҳам смарт-кортҳо компютери начандон калоне мебошанд, ки имконият доранд, амалиёти ҳисобу китоб анҷом диҳанд. Смарт-кортҳо дорои ҳаҷми хотираи гуногун мебошанд.
Кортҳои оптикии хотира ҳанӯз соли 1981 кашф карда шудаанд. Онҳо дорои ҳаҷми калони хотира буда, маълумотро як маротиба навиштан мумкин асту халос. Дар чунин кортҳои технологияи WORM истифода мешавад (сабти якмаротибагӣ ва хондани бисёркарата). Маълумот ба чунин кортҳо ба воситаи асбоби махсуси лазерӣ ворид карда хонда мешавад. Бартарии чунин кортҳо аз он иборат аст, ки дар онҳо маълумоти ҳаҷман калонро нигоҳ доштан мумкин аст. Чунин кортҳо асосан барои маълумотҳои гуногун истифода мегарданд, вале дар технологияи бонкӣ васеъ паҳн нашудаанд.
6. Аз рӯи мансубияташон ба муассисаи эмитент:
-
кортҳои бонкие, ки эмитенташон бонк ё консортсиуми бонкҳо мебошад;
-
кортҳои тиҷоратие, ки онҳоро муассисаҳои ғайри молиявӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ ё гурӯҳи ширкатҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳанд;
-
кортҳое, ки онҳоро ташкилотҳои фаъолияташон ба эмиссияи кортҳои пластикӣ ва сохтани инфраструктураи хизматрасонӣ вобаста мебошад;
7. Аз рӯи соҳаи истифодабарӣ:
- кортҳои универсалӣ барои пардохти молҳо ва хизматҳо пешбинӣ мешаванд;
- кортҳои хусусии тиҷоратӣ барои пардохтани ягон намуди хизматрасонӣ истифода мегарданд (ба монанди кортҳои шабакаҳои меҳмонхонаҳо, супермаркетҳо ва ғайра).
8. Аз рӯи мансубияти ҳудудӣ:
-
байналхалқӣ, ки дар аксари давлатҳо амал мекунанд; миллӣ, ки дар ҳудуди давлати алоҳида амал мекунанд;
-
минтақавӣ, ки дар як минтақаи давлати алоҳида амал мекунанд;
-
картаҳое, ки танҳо дар ҳудуди як муассиса амал мекунанд.
9. Аз рӯи вақти истифодабарӣ:
-
дар ҳудуди вақти муайян маҳдуд (баъзан ҳуқуқ доранд мӯҳлаташон дароз карда шавад);
-
номаҳдуд (бемӯҳлат).
10.Кортҳои бонкӣ ва дигар кортҳое, ки барои ба амал баровардани ҳисобу китоб истифода мешаванд:
-
«ҳамёни электронии» мустақил;
-
«ҳамёни электроние», ки эмитент ҳам ҳамон суратҳисобро доро аст;
-
«калиди суратҳисоб» – воситаи мушаххаскунандаи
соҳиби суратҳисоб. Аксари кортҳо мушаххаскунанда буда, «ҳамён» намебошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё