ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Таърихи пайдоиш ва рушди кортҳои пластикӣ
Нахустин ёддошти назариявӣ дар бораи истифодабарии кортҳои пластикӣ ҳамчун воситаи пардохти маблағ дар Англия пайдо шудааст ва ба охири асри XIX тааллуқ дорад. Ғояи кортҳои кредитиро дар китоби худ Ҷеймс Беллами (J. Bellami.Looking backwards, соли 1880) пешниҳод намудааст. Дар амал бошад ИМА кортҳоро бори аввал истифода намудааст. Аввалин корти кредитиро ҳанӯз соли 1914 ширкати General Petroleum Corporation of California (ҳоло Mobil Oil) интишор кардааст. Кортҳои мазкур барои пардохт ҳангоми савдои маҳсулоти нафтӣ истифода мегашт. Соҳиби корт аз ҷиҳати хизматрасонӣ ва кам кардани арзиш дар вақти харидани мол роҳат медид. Бо зиёд шудани миқдори истифодабарандагон масъалаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии савдо оид ба ҳар як корти эмитентшуда (барориш) ба миён омад ва ин чиз дар навбати худ барои эмбосси кардани кортҳоро (бо усули матбаа чидани ҳарфҳои рақами корт, маълумот дар бораи мизоҷ, мӯҳлати амал кардани корт) талаб намуд. Ҳамин эмбоссӣ кардан то имрӯз идома дорад ва он ҳатто дар смарт кортҳо ҳам истифода мешавад.
Кортҳое, ки дар бораашон гуфтугӯ дорем, қобилияти пардохтӣ надоштанд. Онҳоро кортҳои маҳфилӣ меномиданд ва ба кадом система ё муассисаи хизматрасонӣ тааллуқ доштани соҳибашонро тасдиқ менамуданд.
Аввалин кортҳоеро, ки ҳақиқатан қобилияти пурраи пардохтӣ доштанд, муассисаҳои азими ғайрибонкӣ ба монанди Diners Club (соли 1950), American Express ва Hilton Credit (соли 1959) интишор додаанд. Кортҳои мазкур аз ҷиҳати сохта шудан аз кортҳои пешина кам фарқ мекарданд, вале онҳо аз ҷиҳати вазифа кортҳои комилан нав буданд. Ҳамон солҳоро амалан солҳои тавлиди воситаи нави ташкили ҳисобу китоби ғайринақдӣ медонанд.
Корти аввалини бонкӣ соли 1951 аз тарафи бонки Ню-Йорк Long Island интишор дода шуд ва минбаъд ин намуди хизматрасонӣ босуъат рушд ёфт. Аз соли 1966 сар карда Bank of America ба фурӯхтани литсензия барои истифодабарии технологияи кортӣ ба бонкҳои дигар шурӯъ кард.
Мавқеи яккароҳбарӣ доштани Bank of America дар соҳаи бозори кортҳои бонкӣ ба бонкҳои литсензиядодаи он писанд наомад ва соли 1970 Bank of America ваколатҳои назорат кардани намуди нави тиҷорати кортҳоро ба ихтиёри National Bank Arneri Card, Inc. (NBI) дод.
Дар ҳудуди кишварҳои шӯравии собиқ системаҳои байналхалқӣ ҳанӯз соли 1969 пайдо шуда буд. Аммо кортҳои онҳоро бонкҳои хориҷӣ таъмин мекарданд.
Аввалин бонки русие, ки кортҳои VISA-и худашро интишор дод, бонки Кредо-Бонк (1991) мебошад. Имрӯз бошад, қариб ҳамаи бонкҳо дорои кортҳои худ мебошанд.
Соли 1969 бори нахуст кортҳои пластикӣ дорои майдони магнитӣ пайдо шуданд. Онро журналисти фаронсавӣ Роланд Морено пешниҳод намуд. Чунин кортҳои пластикиро кортҳои «интеллектуалӣ» ҳам меноманд.
Кортҳои пластикӣ – воситаи нави ташкили ҳисобу китоби ғайринақдӣ
Системаҳои асосии байналмилалии бонкӣ дорои миллионҳо сатр барномаҳо буда, барои таҳия кардани онҳо садҳо одамон солҳо кор кардаанд. Насб кардани системаи тайёр бошад, ҳамагӣ чанд моҳ талаб мекунад. Онҳоро барои он байналмилалӣ номидаанд, ки ин системаҳоро бонкҳои мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истифода мебаранд. Корти пластикӣ мафҳуми умумиест, ки ҳамаи намудҳои кортҳои аз рӯи вазифа, номгӯйи хизматҳои бо кӯмаки онҳо расондашаванда, имкониятҳои техникӣ ва ташкилоти истеҳсолкунандаашон аз ҳам фарқкунандаро ифода менамояд. Хусусияти хоси ҳамаи кортҳои пластикӣ, новобаста аз дараҷаи мукаммалиашон аз он иборат мебошад, ки дар онҳо номгӯйи муайяни ахбори дар барномаҳои мухталифи амалӣ истифодашаванда нигоҳ дошта мешавад. Корт метавонад, ҳамчун иҷозатнома барои ворид шудан ба бино, воситаи дастрасӣ ба компютер, воситаи пардохти ҳаққи гуфтугӯйи телефон, шаҳодатномаи ронандагӣ ва ғайра хизмат намояд. Дар соҳаи муомилоти пулӣ кортҳои пластикӣ яке аз воситаҳои пешқадами ташкил намудани ҳисобу китоби ғайринақдӣ мебошад. Дар системаи ҳисобу китоби ғайринақдӣ онҳо синфи махсуси олоти пардохтиро ташкил медиҳанд, ки метавонанд, дорои сифати ҳам воситаи дебетӣ ва ҳам кредитӣ бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё