Зеҳн
АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.

зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Дар марҳилаи ибтидоии озмоиши ташаккулдиҳанда донишҷӯёни гурӯҳи ФИ бо ҳадафи омӯзиш, барномаи он ва талаботе, ки онҳо бояд иҷро кунанд, шинос шуданд.

Доир ба мавзӯъи додашуда ба ҳар як донишҷӯ аз фанни математика воситаҳои методӣ супурда шуданд, ки дорои назарияи мухтасар ва тавсияҳои амалӣ барои ҳисоб кардани фоизҳо буданд. Дар баробари ин, ба онҳо нақшаҳои ҳамаи дарсҳо пешниҳод гаштанд, ки дар онҳо ҳадафи машғулият, саволҳои назоратӣ, маҷмӯи супоршҳои амалӣ, адабиёт муқаррар карда шуда буд.

Дар сурати ба чунин тарз ташкил намудани кор зарурияти назорат кардани вазифаи хонагӣ аз байн меравад. Аз кори ҳар як донишҷӯ дидан мумкин аст, ки чӣ гуна ӯ дар хона софдилона машғули таълим гаштааст, зеро ҳар як донишҷӯ дар доираи назари омӯзгор, ки миёни донишҷӯ ва компютер вазифаи миёнаравиро иҷро мекунад, қарор дорад. Ва агар дар ибтидо баъзе донишҷӯён иҷрои вазифаи хонагиро сарфи назар мекарданд, пас минбаъд ҳатто заифтарин, танбалтарини онҳо бе фишор аз ҷониби омӯзгор мустақилона машғули омӯзиш мегаштанд.

Имкони истифодаи самараноки таълими фосилавиро ба назар гирифта истода, мо барои ташкили бомуваффақияти фаъолияти таълимии донишҷӯён як қатор шартҳоро таҳия намуда, онҳоро дар шакли харитаи технологӣ пешниҳод кардем.

Амсила (модел)-и ташкили фаъолияти таълимии донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои риёзӣ-табиӣ бо истифода аз таълими фосилавӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад: омодагии психологии донишҷӯён ба дарки маводи нав; пешниҳоди маълумоти нав ва фаҳмидани он аз ҷониби донишҷӯён; ташаккул додани малакаҳо барои ҳалли масъалаҳои стандартӣ; истифодаи донишҷӯён аз дониш ва малакаҳои бадастомада дар ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ. Ҳамзамон, назорат (худназоратнамоӣ) дар ҳамаи марҳилаҳои нишондодашуда ба нақша гирифта шудааст.

2.3.Таҷриба ва озмоишҳои педагогӣ оид ба самаранокии таҳсилоти фосилавӣ дар шароити муосир

Бо мақсади тафтиши самаранокии амсилаи педагогии ҳамкорӣ дар шароити таҳсилоти фосилавӣ қарор дода шуд, ки дар соли хониши 2018- 2019 дар кафедраи математикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мақсади дуруст татбиқ намудани таҳсилоти фосилавӣ озмоиши педагогӣ баргузор намудем.

Дар корҳои таҷрибавӣ донишҷӯёни донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакет, ки дар шакли фосилавӣ таҳсил менамоянд дар ҳаҷми 300 нафар донишҷӯ ва 25 нафар омӯзгорон фаро гирифта шуданд. Барои асоснок баргузор намудани озмоишҳои педагогӣ нақша коркард гардида, барнома ва усулҳои баргузор намудани озмоиш дар шурои илмии муассисаҳо тасдиқ карда шуд. Ташкили таҷриба ва озмоишҳои номбурда тарзе пешбинӣ гардид, ки идоракуниро вобаста ва новобаста таъмин намояд.

Дар корҳои озмоишӣ самаранокии ҳамкориҳои педагогӣ дар ду шакли таълим муқоиса карда шуд:

  1. таҳсилоти ғоибонаи анъанавӣ аз рӯи омӯзиши фанни «Математика ва ибтидои анализ», машғӯлиятҳои амалӣ (дар гурӯҳҳои аз 35-37 нафара ё гурӯҳҳои хурди 10-12 нафара), корҳои назоратӣ, корҳои мустақилона;

  2. таълими компютерӣ бо истифода аз барномаҳои пешниҳодкунандаи навсозии таркиб ва мазмуни маводи таълимӣ дар асоси амсилаи ҳамкорӣ, ки методҳои таълим ба асас гирифта мешаванд: таълими бисёрдараҷагӣ, таълими амсилавӣ- рейтингӣ, таълим дар ҳамкорӣ, дар давраи татбиқ намудани таълими бисёрдараҷавӣ.

Дар раванди ташкили мушоҳида ва озмоиш аз фанни математика дар таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯён ба ду гурӯҳи ҳамвазн, аз 150 нафар иборат ташкил дода шуданд. Бо ин мақсад зарур донистем, ки саволнома аз фанни математика бо донишҷӯён баргузор намуда, ошкор созем, ки оид ба талаботҳои таҳсилоти фосилавӣ фаҳмишашон дар кадом сатҳ қарор дорад. Ба ҷадвали 2 нигаред.

Саволи аввалине, ки ба донишҷӯён дода шуд, ин буд: «Таҳсилот дар ин низом барои Шумо беҳтар мебошад ё не?» Донишҷӯён дар ҳар шакл мувофиқи фаҳмишашон фикру мулоҳизаи хешро пешниҳод намуданд. Дар раванди саволномагузаронӣ маълум гардид, ки 42 нафар донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ ба ин шакли таълим 27,3% тарафдории хешро иброз намуданд. Аз гуруҳи назоратӣ 38 нафар донишҷӯ ширкат варзида, ин шаклро тарафдорӣ намуданд, ки 26%- ро ташкил медиҳад.

Саволи дуюм ҷунин буд: «Таъминот бо барномаҳои талимӣ дар муассиса Шуморо қонеъ менамояд?» Ба ин савол дар марҳилаи аввал донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ 11 нафар ё 9,8% ҷавоби қаноатманд доданд. Аз гурӯҳи назоратӣ 10 нафар ё 8,1% ҷавоби қаноатманд доданд. Лекин вақте соли 2019 ин саволро аз нав гузоштам донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ 90 нафар 60 % ризоияти хешро аз таъминоташон бо барномаҳои таълимӣ баён намуданд. Дар гурӯҳи назоратӣ бошад 70 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд, ки ин 45%- ро ташкил медиҳад ва аз инкишоф гувоҳӣ медиҳад.

Саволи сеюм, ки дар саволномаҳо пешниҳод гардида буд, дар бораи «Технологияи муосир ва захираҳои электронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буд». Ба ҳамагон маълум аст, ки дар рӯзҳои аввали роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ таъминоти технологияи муосири иттилоотӣ муоширатӣ чандон қонеъкунанда набуд. Ба ин савол аз гурӯҳи озмоишӣ 3 нафар ё 1,9 %, аз гурӯҳи назоратӣ бошад, 12 нафар ё 7,4 % андешаи хешро баён намуданд.

Барои омӯзгорони Доникадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент чунин савол пешниҳод карда шуд: « Маҷмӯи таълимию методӣ дар муассиса барои таҳсилоти фосилавӣ басанда ҳаст?». Аз гурӯҳи озмоишӣ 26 нафар ё 16,9% ва аз гурӯҳи назоратӣ 20 нафар ё 13,8 % андешаи хешро иброз намуда, фаъол набудани Интернетро иброз намуданд. Дар ин раванд онҳо тавонистанд, ки бартарии таҳсилоти фосилавиро бар анъанавӣ ошкор созанд. Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва баъди дипломӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Мақсад, вазифа ва ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мавзеи ҷойгиршавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва субъектҳои раванди таълим бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-коммуникативӣ сурат мегирад. Мушоҳидаҳои мо дастрасии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Панҷакентро бо маводи иттилоотии таълимӣ дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар шакли электронӣ, бо истифода аз технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ ва моҳворавӣ ошкор намуд, ки дар ин масъала дар Тоҷикистон мушкилотҳо хело зиёданд. Яке аз шаклҳои асосии корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар таҳсилоти фосилавӣ зери роҳбарии омӯзгор иҷро намудани корҳои назоратӣ мебошад.

Донишҷӯён дар таҳсилоти фосилавӣ барои фанҳои таълимии бахши фанҳои гуманитарӣ, бахши фанҳои табиатшиносию риёзии нақшаҳои таълимӣ - 1 ва барои фанҳои таълимии бахши фанҳои тахассусии нақшаҳои таълимӣ - 2 кори назоратӣ бояд иҷро намуда, пешниҳод намоянд.

Мушоҳида ва озмоишҳои мо собит намуданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баҳогузорӣ ба натиҷаи корҳои мустақилонаи донишҷӯён зери роҳбарии омӯзгор дар чунин шакл ташкил дода мешавад:

- ба фаъолияти мустақилонаи таълимӣ ва худбаҳодиҳии донишҷӯён;

- ба фаъолияти таълимии донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорони фанҳои таълимӣ, комиссияҳои имтиҳонии фаннӣ ва аттестатсияи хатм, сохторҳои назоратии давлатӣ баҳогузорӣ менамоянд.

Озмоишҳои баргузорнамуда собит намуданд, ки дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон тибқи талаботи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳо касбӣ аз худ намудани кредитҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) барои омӯзиши тамоми фанҳои таълимӣ (ҳатмӣ ва интихобӣ) пешбинӣ карда шудаанд.

Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, мо шароитҳои истифодаи самараноки таълими фосилавиро тавассути амсилаи консептуалӣ ба даст оварда метавонем.

Раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ Ҷузъи иттилоотӣ (усулҳои марбут ба мундариҷаи маводи таълимӣ: дастрасии мавод барои як донишҷӯи муайян; татбиқи талаботи навгонии мундариҷа; истифодаи масоҳати инфиродии таълимӣ) Донишҷў Ҷузъи психологӣ (рушди фаъолияти эҷодӣ, ташаккули эътимоди хонандагон ба худ, муташаккилии ботинӣ, қобилият ба ҳамкорӣ, таваҷҷўҳ ба муваффақият) Омўзгор Ҷузъи кибернетикӣ (усулҳои идоракунии алоқа, коркард ва нигоҳдории иттилоот) Расми 3. Амсилаи консептуалии раванди таълим дар таълими фосилавӣ мебошад.

Амсилаи раванди таълим дар таълими фосилавӣ ягонагии ҷузъҳои асосии сохтори он – иттилоотӣ, психологӣ ва кибернетикӣ мебошад, ки истифодаи таълими фосилавӣ асосан бо таърихи офаридан ва истифодаи мошинҳои таълимӣ, тағироти сифатии сатҳи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотӣ муҳим буда, метавонад дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкадаву донишгоҳ мусоидат намояд, агар дар он заминаи психологӣ- педагогӣ вуҷуд дошта бошад.

Барномаи назоратӣ-таълимии электронӣ аз худ маводҳои барномавиро ифода намуда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки мустақилона баҳои маводҳои аз худ намударо тавассути омӯзиши фанни таълимӣ ноил гардад.

Барномаи электронӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аз тамоми фанҳои таълимӣ дониши хешро тафтиш намуда, ба худашон аз тамоми фанҳои таълимӣ баҳои воқеӣ диҳанд.

Пеш аз оғози таҳсил дар доираи таҳсилоти фосилавӣ раванди шиносоии донишҷӯёнро бо технологияи иттилоотӣ- коммуникативӣ ва истифода бурда тавонистани онҳо аз шабакаҳои мавҷудаи ахборотӣ талим санҷидан зарур аст.

Аз технологияи муосири таълим Шумо дар ҳалли мисол ва масъалаҳои математикӣ истифода бурда метавонед:

Аз рӯи ин ҷадвал маълум мегардад, ки на ҳама донишҷӯён дар хона компютери шахсӣ доранд. Дар гурӯҳи озмоишӣ 30 нафар донишҷӯён ва дар гурӯҳи назоратӣ 29 нафар донишҷӯён компютери шахсӣ доштаанд, ки 21-20 %- ро ташкил медиҳад. Аз раванди пурсишнома маълум гардид, ки 31 нафар донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ ва 32 нафар донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ тамоми амалҳоро дар кампютер иҷро карда метавонанд, ки ин тахминан 22,3 %- ро ташкил медиҳад.

Ба саволи «Маводи заруриро аз Интернет пайдо намуда коркард ва истифода бурда метавонед?» 9- 7 % коркард ва истифода бурда метавонистаанд, ки фикр мекунам дар ин самт пурзӯр намудани кор талаб карда мешавад.

Оид ба саволи «Маҷмӯи таълимию методии муассиса Шуморо каноатманд мегардонад?» 22- 20 нафар донишҷӯён ризоияти худро баён намуданд, ки 10,9%-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҷавоби донишҷӯён ба ин савол маълум гардид, ки маводҳои таълимию методӣ дар низоми фосилавӣ ҳоло ҳам басанда набудаанд. Лекин санҷиши мо собит намуд, ки дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва таълим тамоми чизҳои зарурӣ мавҷуданд, аммо донишҷӯён беэътиноӣ зоҳир намудаанд.

Натиҷаи тафтиши фарзия дар бораи бобарории донишҷӯён дар гурӯҳҳои озмоишӣ ва назоратӣ:

Хулоса оид ба озмоиш:

1. Натиҷаи озмоиши педагогӣ собит намуд, ки модели коркарднамудаи таъсиррасонии педагогӣ ба донишҷӯён дар шароити таҳсилоти фосилавӣ ҷараёни педагогиро хело самаранок гардонид.

2. Муносибати илмӣ- методии пешниҳоднамудаи мо роҳнамои асосии ташкилӣ методологӣ шуда метавонад.

3. Истифодаи методология, ки дар болои методҳои бисёрдараҷавӣ, таълими амсилавӣ- рейтенгӣ ва таълим дар ҳамкорӣ қарор гирифтаанд ба мақсади омодагии касбӣ мутобиқат менамояд.

4. Дар натиҷаи истифода бурдан аз технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми маърифат баланд мегардад.

5. Натиҷаи ба даст омада, фарзияро тасдиқ намуда, имкон медиҳад, ки технология дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии самаранок истифода бурда шавад.

Назорати даврии давомот имкон медиҳад, ки сифати таълим, умқ, ҳаҷми дониши аз ҳар боби математика ҳосил намудаи донишҷӯёнро муайян намоем.

Норасоиҳо, меёрҳои бартараф намудани онро ошкор созем, дараҷаи масъулиятшиносии донишҷӯёнро баланд бардорем. Дараҷаи инкишофи тавоноӣ ва сабабҳои халалрасонро дар таҳсилоти фосилавӣ ошкор намуда, роҳ ва воситаҳои инкишофи онро пайдо намоем.

Назорати ҷамъбастӣ ё дар охири ба анҷом расидани фанни таълимӣ ё хотимаи боби калони фанни таълимӣ гузаронида мешавад. Вай бояд натиҷаи назорати даврӣ ё мавзуиро ба инобат гирад. Мақсади назорати ҷамъбастӣ дар таҳсилоти фосилавӣ- аз ошкор ва баҳо додан ба дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён аз рӯи аз бар намудани фанни таълимӣ мебошад. Вай дар раванди имтиҳон, машварат, назорати ҷамъбастӣ, бо супоридани зачот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ анҷом меёбад.

Ҳангоми баргузор намудани озмоишҳои педагогӣ вазифаҳои зерин гузошта шуданд: а) муайян намудани дараҷаи серталаб будани амсилаи математикии коркард гардидаи ташкили таъсиррасониҳои педагогӣ дар тартиботи фосилавӣ; б) ошкор намудани мутобиқати усулҳои таълим барои омодагии касбии омӯзгорони ояндаи математика дар шароити таҳсилоти фосилавӣ.

Барои баргузор намудани озмоиш, нақшаи асосноки баргузор намудани онро дар чунин шакл бояд омуда намуд:

  1. таҳлили натиҷаи имтиҳон аз фанни математика дар бахши дуюми донишҷӯёни фосилавӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент;

  2. баргузор намудани пурсишномаҳои тестӣ барои донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ;

  3. ташкил ва баргузор намудани дарс аз математика барои донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ ва назоратӣ;

  4. баргузор намудани саволномаҳои назорати мобайнӣ аз фанни математика бо омода намудани гузориш ба шурои олимон;

  5. гузаронидани саволномаҳои ҷамъбастии донишҷуён аз фанни математика бо муҳокимаи натиҷаи он дар машварати кафедра;

  6. омода намудани хулоса аз баргузории озмоишҳо оид ба раванди татбиқи омӯзиши фанни математика.

Ҳолати таъминоти моддӣ- техникӣ ва методии муассисаҳо дар раванди озмоиш дар таҳсилоти фосилавӣ:

а) озмоиш собит намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ матнҳои электронии дорои дараҷаи баланди ахборотӣ ва аёният, дастурҳои методӣ барои ҳалли масъалаҳои проблемавӣ, ва китоби дарсии фанни математика чандон қонеъкунанда намебошанд;

б) маҷмӯи саволномаҳои мобайнӣ ва ҷамъбастӣ аз рӯи ҳар як қисм ва боби математика чандон ҷавобгӯ намебошад;

в) барномаи тестӣ ва ба расмият даровардани он чандон хуб ба роҳ монда нашудааст, аммо беҳшавӣ мушоҳида карда мешавад.

Шакли таҳсилоти фосилавӣ имкон медиҳад, ки таъсири фазоӣ-вақтии синхроникунонии таъсиррасонии педагогиро муттадил гардонем. Ин дар навбати худ дар шиддатнокии таълим ифода ёфта, вобастагии донишҷӯро аз таъсиррасонии рости омӯзгор ба он озод менамояд. Дар ин ҳолат донишҷӯ танҳо муҳити таълимро лоиҳакашӣ менамояд ва технологияи ба раванди таълим мувофиқро интихоб мекунад. Ҳамаи ин тадбирҳо дар дараҷаи сифатии омода намудани омӯзгори ояндаи фанни математика бе таъсир намемонад.

Натиҷаи озмоиш собит намуд, ки таъсиррасонии педагогӣ дар ҷараёни омодагии касбии омӯзгорони ояндаи фанни математика дар низоми фосилавӣ ба монанди таҳсилоти ғоибона самаранок мебошад.

Ҳамин тавр теъдоди донишҷӯёни дорои дараҷаи баланди маҳорат ва малакаи муоширатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии озмоишӣ 13, 4 % афзоиш ёфт. Дар ҳолате, ки дар гурӯҳи назоратӣ танҳо 3,1 %-ро ташкил дода буд. Теъдоди донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ бо дараҷаи миёнаи маҳорат ва малакаи коммуникативӣ аз 43,3% то 46,7 % афзоиш ёфта, таъдоди донишҷӯёни гурӯҳи озмоишии дорои дараҷаи пасти маҳорат ва малакаи муоширатӣ аз 20 % то 3,3 % коҳиш ёфт.

Дар донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ низ коҳиш ёфтани теъдоди донишҷӯёни дорои дараҷаи пасти маҳорот ва малакаи муоширатӣ 6,25% коҳиш ёфта, дар охири озмоиш бошад теъдоди он ба 12,5 %. Рост омад. Теъдоди донишҷӯён бо дараҷаи миёнаи маҳорот ва малакаи муоширатӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров аз 37,5 то 40,6% афзоиш ёфт.

Аз ин маълумотҳо бар меояд, ки таҳсилоти фосилавӣ дар инкишофи маҳорат ва малакаи муоширатии донишҷӯён таъсири ниҳоят бузург мегузорад.

Дар натиҷаи таҳлили оморӣ тағйирёбии маҳорат ва малакаи коммуникативии донишҷӯён аз рӯи дараҷаи U- Манна-Уитни дар гурӯҳи назоратӣ баргузор карда шуд, ки чунин фарзияро пешниҳод менамояд: Маълум мешавад, ки дараҷаи маҳорат ва малакаи муоширатии донишҷӯёни гурӯҳҳои озмоишӣ ва назоратӣ як хел мебошад, аммо бо баъзе фарқиятҳои ҷузъӣ. Дар раванди роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳайё сохтани шароитҳои зерини амсилаи маҷмуӣ талаб карда мешавад:

Дар марҳилаи аввал, омӯзгор бояд боварӣ дошта бошад, ки маводи қаблан омӯхташуда аз рӯи барнома мебошад ва аз ҷониби донишҷӯён азхуд карда шудааст. Дар таҳқиқоти муосири психологӣ ва педагогӣ таъкид карда мешавад, ки дониш ва малака аз ҷониби донишҷӯ азхуд намегарданд, агар ӯ аз ҷиҳати психологӣ ба ин омода набошад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи аввал омӯзгор муайян мекунад, ки оё донишҷӯён донишҳои заминавиро соҳибанд. Омузгор зинаи воқеии дониши донишҷӯёни қафомондаро муқаррар намуда, барои бартараф намудани қафомонии донишҷӯён тадбирҳои судманд меандешад.

Дар таҳсилоти фосилавӣ чи тавр ба донишҷӯён кӯмак намоем, то маводи навро аз фанни математика ба осонӣ аз бар намоянд. Кадом чораҳоро андешем, ки онҳо камтар хато кунанд? Дар ин бора фикр карда истода, омӯзгор дарк мекунед, ки ин танҳо дар сурати огоҳ будани омӯзгор аз мушкилоти донишҷӯён имконпазир мегардад.

Ҳангоми омӯзиши мавзӯи "Пайдарпайиҳои ададӣ ва лимити функсия" ба донишҷӯён зарур меояд, ки дар баробари саволҳои асосии математикаи мактабӣ аз баъзе малакаҳои ёрирасон ҳам бархурдор гарданд. Таҷриба дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ собит менамояд, ки на ҳама донишҷӯён бе дониш ва маҳоратҳои мувофиқ мустақилона маводи навро аз худ карда метавонанд.

Барои муайян намудани то кадом андоза натиҷанок гардонидани омӯзиши фанни математика дар шароити озмоишӣ таҷрибавӣ-назорати ҷамъбастӣ баргузор намудем. Бо донишҷӯён гурӯҳи озмоишӣ дар охири соли хониш саволнома оид ба “ Омӯзиши фанни математика дар омодагӣ ба фаъолияти касбӣ” баргузор намудем. Натиҷаи он ба натиҷаи гурӯҳи назоратии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар давраи озмоишҳои хотимавӣ баробар гардид. Мехостам таваҷҷӯҳи Шуморо ба ҷадвали 7 ҷалб намоям.

Характери муносибати омӯзгор бо донишҷӯён Шуморо қонеъ менамояд? 11,5 48.5 83,5 21.0 5,0 30.5 Ҳамагӣ дар фоиз: 76.2 43.8 19.5 27.5 4.2 28.7 Муносибати донишҷӯён ба фанни «математика» дар таҳсилоти фосилавӣ дар омодагии касбӣ хело хуб арзёбӣ гардид. Ба саволҳои саволнома донишҷӯён бо «Ҳа», «Не», «Дар ҷавоб мушкилӣ мекашам», бояд ҷавоб мегардониданд.

Савли аввал чунин гузошта шуд: «Омӯзиши фанни математикаро дар шароити муосир Шумо зарур мешуморед?» 97,5 донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ ва 55.5 донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ «Ха» гуфта ҷавоб гардониданд. Аммо 2,5 фисади донишҷӯёни гуруҳи озмоишӣ ва 23.5 донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ «Не» омӯзиши матаматикаро зарур нашуморидаанд. 21.0 донишҷӯён дар ҷавоб додан ба ин савол мушкилиро дарк карданд.

Дар ҷавоб ба саволи «Донишҳои математикӣ барои ояндаи Шумо зарурият дорад?» 85,8 фисади донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ ва 67. 5 фисади донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ «Ха» гуфта ҷавоб гардониданд. Аз гурӯҳи озмоишӣ 6,2 ва аз гурӯҳи назоратӣ 12.5 «Не» гуфта ҷавоб доданд. Теъдоди донишҷӯёне, ки дар ҷавоб додан мушкилотро дарк менамуданд аз гурӯҳи озмоиши 8,0, ва аз гуруҳи назоратӣ 20.0 фисадро ташкил доданд.

Ба саволи «Донишҳои математикӣ салоҳияти касбии Шуморо метавонад ташаккул диҳанд?» ба ин савол донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ 97,5 ва гурӯҳи назоратӣ 22.5 фисад «ҳа» ҷавоб гардонидан. Аз гурӯҳи озмоиши ягон нафар ва аз гурӯҳи назорати 44.0 фисад «не» гуфта ба савол ҷавоб гардониданд. Теъдоди донишҷӯёне, ки мавқеашонро муайян карда натавонистанд дар гурӯҳи озмоишӣ 2,3 фисад ва дар гурӯҳи назоратӣ 33.5 фисадро ташкил доданд.

Ба саволи «Сифати таълими математика дар муассиса Шуморо қонеъ менамояд?» Ба ин савол донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ 88,5 фисад ва 25.0 фисади донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ «ҳа» гуфта ҷавоб доданд. Аз гурӯҳи озмоишӣ 5,5 ва аз гурӯҳи назоратӣ 36.5 фисад «не» гуфта ҷавоб доданд ва 6,0 фисади донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ ва 38.5 фисади донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ дар ҷавоб додан ба савол мушкилотро дарк намуданд.

Ба саволи «Характери муносибати омӯзгор бо донишҷӯён Шуморо қонеъ менамояд?». Ба ин савол донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ 11,5 фисад ва аз гурӯҳи назоратӣ 48.5 фисад «ҳа» гуфта ҷавоб гардониданд. Лекин донишҷӯёни гурӯҳи озмоишӣ оид ба ин савол 83,5 фисад ва аз гурӯҳи назоратӣ 21.0 фисад «не» гуфта ҷавоб гардониданд, аммо дар ҷавоб ба ин савол 5,0 фисади донишҷуёни гурӯҳи озмоишӣ ва 30.5 фисади донишҷӯёни гурӯҳи назоратӣ мушкилотро дарк менамуданд.

Агар ҳамаи инро дар фоиз ифода намоем чунин манзара ҳосил мешавад:

Донишҷӯёни гурӯҳи озмоиши 76.2 ва гурӯҳи назоратӣ 43.8 фисад «ҳа», аз гурӯҳи озмоишӣ 19.5 фисад ва аз гурӯҳи назоратӣ 27.5 «не» гуфта ҷавоб гардониданд. Донишҷӯёне, ки мавқеи хешро муайян карда натавонистанд дар гурӯҳи озмоишӣ 4.2 фисад ва дар гурӯҳи назоратӣ 28.7 фисадро ташкил медиҳанд.

Дар корҳои озмоишӣ мушоҳидавии хеш мо усули зеринро истифода намудем: Тақрибан 2-3 ҳафта пеш аз оғози озмоиш, дарсҳои иловагӣ бо донишҷӯён баргузор намудем. Ин омодагӣ аз такрори саволҳои зерин иборат буд: усулҳои ҷудо кардани бисёраъзогиҳо ба омилҳо, теоремаи Безу, тақсим кардани бисёраъзогӣ бо бисёраъзо «дар сутунча», элементҳои тригонометрия, графикҳои функсияҳои элементарӣ ва ғайраро донишҷӯён фаҳмида метавонанд.

Мушкилоте, ки донишҷӯён метавонанд дар марҳилаи аввали фаъолияти таълимӣ ба он дучор оянд (тавре ки таҷрибаи муқараркунанда нишон дод) – ин истифодаи нармафзори барои онҳо номаълум ва соҳиб набудан ба малакаи компютерӣ мебошад. Аз раванди озмоиш маълум гардад, ки донишҷӯён муносибати оддитаринро бо компютер наметавонанд. Мо зарур донистем, ки дар марҳилаи аввал кор карданро бо компютер ба донишҷӯён дар таҳсилоти фосилавӣ тавассути "мушак" омӯзем.

Дар марҳилаи дуюми фаъолияти таълимӣ ба донишҷӯён дар реҷаи "муоинаи назария" кор карданро, ки имкон медиҳад матни таълимиро хонанд, тасвирҳоро дар экрани компютер тамошо кунанд. Моҳиятан ин реҷа аз омӯхтани дастури коғазӣ фарқ намекунад (гарчанде ки чунин гуна (вариант) истисно карда нашудааст), аммо бинобар бештар хусусияти айёнӣ доштани маводи таълимӣ, қулай будани кор бо он (гиперматн, графика, аниматсия) натиҷааш нисбатан самарабахштар аст.

Ин реҷа ба таҳияи ҳадафҳои таълим алоқаманд аст, ки дар донишҷӯён малакаи ба даст овардани иттилоот, таҳлили он, муқоиса, ҷамъбастнамоӣ ва ошкор кардани зиддиятҳои дохилии он ифода меёбад. Ҳамзамон, диққати асосӣ ба кори мустақилонаи донишҷӯён бо маводи иттилоотӣ равона карда мешавад.

Дар ҷараёни чунин корҳо, тавассути ҳудуд (траектория)-и инфиродии пешрафт, донишҳои наве пайдо мешавад, ки барои шахси мушаххас муҳимманд.

Пас аз дарки дониши назариявӣ, донишҷӯ ба баррасии тавсияҳои амалӣ барои ҳисоб кардани ҳудудҳо оғоз мекунанд. Дар дастурҳои методӣ, ба ғайр аз дастурҳои дар шакли ҷадвал овардашуда, намунаҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои маъмулӣ маҳорати истифода бурда тавонистан ҳосил менамояд.

Дар мисолҳои баррасишаванда ҳалли масъалаҳо бо марҳилаҳо нишон дода шудааст, то ки донишҷӯёни сатҳҳои гуногуни омӯзиш тамоми марҳилаҳои ҳалли ин масъаларо фаҳманд ва мустақилона анҷом дода тавонанд.

пешина
аз 15
навбатӣ