АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Супоришҳои овардашуда тадриҷан мураккабтар ва печидатар мегарданд: аз оддӣ ба мураккаб, аз умумӣ ба хусусӣ гузаштан рӯй медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар таҳсилоти фосилавӣ талаботи дидактикӣ ба истифодаи усулҳои амалии таълим, аз қабили систенаманокӣ ва паиҳамӣ дар истифода иҷро карда мешавад. Тавассути намунаи дар ихтиёрдошта донишҷӯ метавонад мустақилона ҳалли масъаларо аз ҳар як қадами татбиқи он тавассути компютер дар пайвастагӣ бо Интарнет ва муошират бо омӯзгор такрор кунад.
Дар марҳилаи сеюм дар таҳсилоти фосилавӣ – ташаккул додани малакаи ҳалли масъалаҳои маъмултарин дар мавзуи мушаххас барои донишҷӯён мебошад. Пас аз шиносоӣ бо иттилооти нав донишҷӯён одатан супоришҳоро оид ба истифодаи дониши нав бадастовардашуда дар ҳолатҳои муҳимтарин иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, дақиқ намудан зарур аст, ки донишҷӯён аз мавзуи додашуда чиро бояд аз худ кунанд ва супоришҳои нисбатан маъмултар дар ин раванд кадомҳоянд. Масалан, ба маҷмӯи машқҳои омӯзишӣ дар мавзӯи
"Ҳудуди функсия" супоришҳоро ҷиҳати ошкор намудани номуайяниҳои зерин ворид намудан муфид мебошад.
Дар таҳсилоти фосилавӣ Moodle барои тартиб додани ҳама гуна саволҳое, ки дар тестгузарониҳои электронӣ истифода мешаванд, қолабҳои мувофиқ коркард ва пешниҳод гардидаанд. Масалан, барои ҳисоббарориҳои математикӣ (ададӣ) гурӯҳи алоҳидаи саволҳо тарҳрезӣ шудаанд.[135, с.269]
Дар се машғулияти аввал донишҷӯён бо барномаи "Moodle" дар саҳифаи худ таҳти роҳбарии омӯзгор кор мекунанд то нозукии ин барномаро фаҳманд.
Ҳар дафъа онҳо бонки нави иборат аз 50 саволҳоро мегиранд ва ба он ҷавоб мегардонанд. Ҳамзамон донишҷӯён метавонанд ба таври инфиродӣ машғулиятҳоро зина ба зина бо назардошти сатҳи паст, миёна ва душвор иҷро кунанд, тавре дар боло ишора намудем.
Ҳар як вазифа ду намуди луқмапартоиҳоро доро мебошад: муроҷиат ба бахши "Назария" ва як луқмапартоии бисёрсатҳӣ, ки аз якчанд қисмат иборат аст, ба донишҷӯ барои ҳалли мустақилонаи масъала кӯмак мерасонад.
Ҳангоми ҷавоби дуруст додани донишҷӯ ба савол донишҷӯ холи муайян мегирад. Агар донишҷӯ аз луқмапартоӣ истифода барад, як холаш паст мегардад. Барои паст нагардидани хол донишҷӯ талош меварзад, ки мустақилона худаш аз донишу маҳораташ истифода намуда, масъаларо ҳал намояд, ки ин омил таъминкунандаи ташаккули салоҳият мегардад.
Гузашта аз ин, ҳангоми муроҷиат ба "Назария", дар таълими фанни математика бузургӣ метавонад нисбат ба луқмапартоии бисёрсатҳӣ камтар бошад. Дар сурати посухи нодуруст, "Мураббӣ" дар ин бора хабар медод ва имкон медод, ки донишҷӯ ба савол дубора посух диҳад. Пас омӯзгор метавонад камбудиро бартараф намуда, малакаю маҳорати донишҷӯро ташаккул диҳад.
Мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар низоми фосилавӣ дар охири машғулияти навбатӣ ҷамъи холҳо дода шуда, донишҷӯён инчунин бо сифати азхуд гаштани бахшҳои дахлдор, вақти ба ҳисоби миёна барои ҳар як супориш сарфшуда шинос мегарданд.
Намунаҳои масъалаҳои душвори математикиро онҳо дар дафтар навишта, дар хона аз болои онҳо кор мекунанд. Омӯзгор танҳо дар ҳолатҳои ниҳоӣ ба раванди пайдо намудани роҳи ҳалли масъала дахолат менамояд, дар аксари ҳолатҳо бошад, ӯ мекӯшид, то тавассути луқмапартоиҳои гуногун донишҷӯёнро ба ҳалли масъала раҳнамоӣ намояд.
Озмоишҳои педагогӣ собит намуданд, ки дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳар як дарс бо пурсиши кӯтоҳ (5-10 дақиқа) оғоз ёфта, дар ҷараёни он дар донишҷӯён мавқеъҳои назариявии барои ошкор сохтани номуайяниҳои мушаххас зарурӣ барқарор карда мешуданд. Дар ин ҷо донишҷӯён инчунин метавонанд хатоҳои худро таҳлил намуда, омӯзгор бошад, ба онҳо дар бартараф намудани норасогиҳои мавҷуда кӯмак мерасонад.
Табиист, ки дар таҳсилоти фосилавӣ омӯзгор наметавонад ба ҷараёни тафаккури донишҷӯён такя кунад. Ӯро мебояд тафаккури донишҷӯро ба бедоршавӣ ҳидоят намояд. Саволҳоеро пешниҳод намояд, ки қудрати роҳнамоӣ дошта бошанд. Пас аз посухи як донишҷӯ, пурсидан зарур аст, ки кадоме аз Шумо фикратонро дақиқтар баён мекунад. Сипас бо иштироки тамоми гурӯҳ алгоритми ҳалли масъалаҳои навъи муайянро сайқал додан зарур аст. Донишҷӯе, ки дар онҳо майлу хоҳиш ба таълим шакл гирифтааст, эҳсос мекунад, ки ҳаёти онҳо аз вазъият ва муносибати бошуурона ба таълими фанни математика вобаста мебошад. Донишҷӯи дорои маромнокии ботинӣ дарк мекунад, ки муваффақияти ӯ аз қобилиятҳо ва малакаҳои худи ӯ вобастаанд.
Донишҷуёни дорои маромнокии ботинӣ, нисбат ба донишҷӯёне, ки маромнокии зоҳирӣ нишон медиҳанд болотар меистад.
Дар воқеъ, натиҷаи озмоиш нишон дод, ки нишондиҳандаҳои барҳе аз донишҷӯён баландтар ва ҳамеша рӯ дар инкишоф мебошад. Аз ҷумла, 11 % донишҷӯёни гурӯҳ холҳои давомнокияшонро аз фанни математика бо баҳои “4” ба “5”, 16 % донишҷӯён бо баҳои "3" ба "4" боло бардоштанд, ин ба он оварда расонид, ки теъдоди донишҷӯёни “духон” низ коҳиш ёфт.
Ҳанӯз К.Д. Ушинский навишта буд, ки “илҳоми шахсро ба таълим бедор намудан вазифаи ба маротиб арзишмандтар аст, нисбат ба он, ки ӯро аз таълим дилсард намоем”. Равандҳои маърифатии донишҷӯён баланд ва фаъолтар мешавад: ба шарте тафаккур бошидат фаъолият намояд, тахайюл фаъолона кор кунад, онҳо мустақилона ҷустуҷӯ мекунанд, сарфаҳм мераванд, баҳс мекунанд ва натиҷабардорӣ менамоянд.
Барои ҳалли масъалаҳои навъи якум кофӣ буд, ки донишҷӯ ҳангоми ошкор кардани намудҳои асосии номуайянӣ аз оддитарин алгоритмҳо истифода бурданро ёд гиранд. Барои ҳалли масъалаҳои дараҷаи миёнаи мураккабӣ каме аз истифодаи мустақилонаи дониш дур шуда, ноил будан ба оддитарин қобилияти ҷамъбасткунӣ лозим аст. Масъалаҳои навъи сеюм барои донишҷӯёни аз ҳама бештар бояд хусусияти эҷодиро доро бошанд.
Ҳангоми ҳалли онҳо ба донишҷӯён таҳлили ҳолатҳои мураккаби ғайристандартӣ, мустақилона кашф кардани далелҳои нав ва ба роҳ мондани робитаҳои байни унсурҳои гуногун зарур меояд. Ҳамин тариқ, дар таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯён метавонистанд барои худ реҷаи мувофиқи кориро интихоб кунанд.
Бо мақсади арзёбии самаранокии таълими фосилавӣ, муайян кардани сатҳи азхудкунии дониши донишҷӯён, мо нишондиҳандаҳоеро муайян кардем, ки тавассути он ин раванд сабт карда шуда, онро чунин чен менамоянд:
- вақт (суръати ҳал, нишондиҳандаи шиддатнокии раванди фаъолият, таносуби байни санҷишҳо ва истифодаи оқилонаи вақт бо истифода аз якчанд роҳҳои дарёфтшуда);
- ошкор намудани шумораи онҳое, ки ҳалли пурра ё нопурраи масъалаҳои пешниҳодшуда, ҷавобҳои дуруст ё нодурустро додаанд;
- миқдори саволҳои додашуда ба донишҷӯён нишондиҳандаи фаъолии маърифатӣ ва шавқи онҳо ба маводи омӯхташаванда шуда метавонад;
- аз рӯи шумораи донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар муҳокимаи саволҳои гузошташуда ширкат варзанд, аз рӯи шумораи хоҳишмандон барои ворид кардани иловаҳо, ислоҳ кардани камбудиҳо, ислоҳи ҷавобҳои рафиқон меафзояд;
- ошкор сохтани муносибати манфии донишҷӯён ба таълим, фан, мавзуъ ва мисолу масъалаҳои математикӣ.
Зимни таҳияи корҳои санҷишӣ донишҷӯ муассиса бояд ба ҷиҳатҳои зерин эътибор диҳад:
- кори санҷишии донишҷӯён бояд дар шакли электронӣ бо назардошти риояи қоидаҳои техникии таҳиясозии корҳои санҷишӣ, яъне дар варақи андоза ва шакли А- 4 дар шакли электронӣ навишта шавад;
- кор бо шрифти 14 Times new Roman TJ ва фосилаи 1,5 якунимкаратаи байни сатрҳо бояд иншо шавад;
- андозаи майдони ҷойгиркунии матнҳо ба тариқи зайл зарур аст:
• майдони холӣ аз тарафи чап -30мм (3см);
• майдони холӣ аз тарафи рост -15мм (1,5см);
• майдони холӣ аз боло -20мм (2см);
• майдони холӣ аз поён-20мм (2см).
- кори назоратӣ бо варақи унвон (титул) сар мешавад, ки дар он:
• номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо шрифти 16, ранги нимсиёҳ;
• номи муассисаи таълимӣ бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ;
• номи мавзӯи кори назоратӣ - бо шрифти 20, ранги нимсиёҳ;
• номи факултет- бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ;
• номи ихтисос ва кафедра бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ;
• ному насаби роҳбари кори назоратӣ пурра дарҷ меёбад;
• ному насаби роҳбари кори назоратӣ пурра зикр карда шавад.
Озмоиш собит намуд, ки дар муассисаҳои озмоишӣ ин талаботҳо риоя гардидаанд. Сохтори кори санҷишӣ аз фанҳои табиию риёзӣ аз сарсухан, қисми асосӣ, хулоса ва феҳристи адабиёт иборат мебошад, ки дар ин шакл корҳо мавҷуданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар таҳияи феҳристи адабиёт талаботи зерин қатъиян риоя гардидааст:
- рақами тартибии адабиёти истифодашуда риоя гардидааст;
- насаби муаллиф пурра, вале аз номи ӯ танҳо ҳарфи аввал бо гузоштани нуқта қабл аз ҳама дар феҳрист мушоҳида мегардад;
- номи асар пурра ва бе тағйирот нишон дода шудааст;
- пас аз он ҷои нашр, номи нашриёт ва соли ба табъ расидани асар оварда шудааст, ки мувофиқи талабот мебошад;
- теъдоди саҳифаҳои истифодашудаи китоб ишора гардидааст;
- агар мақолаи илмӣ ё методӣ дар таркиби маҷмӯаи мақолаҳо қарор дошта бошад, аввал аломати // гузошта шуда, номи маҷмӯа ва номи мақола пурра бо
назардошти риояи тартиби дар боло зикрёфта дарҷ гардидааст, ки хуб қарор дорад;
- пас аз насаб ва номи муаллиф, номи асар аломати нуқта (.), пеш аз ҷои нашр аломати тире (-), вале пас аз он аломати дунуқта (:) гузошта ва баъд аз он номи нашриёт ҷой дода мешавад. Баъд аз номи нашриёт аломати вергул (,) соли нашри асар нишон дода мешавад. Минбаъд нуқта ва бо гузоштани тире (-) миқдори саҳифаҳои китоб дарҷ гардида амали феҳристнигорӣ ба анҷом мерасад.
Дар таҳсилоти фосилавӣ мавқеи асосиро ташкил ва танзими курсҳо ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии барномаи озодасози Moodle тартиб медиҳем.
Барои ба танзимот гузаштан, чунин амалҳо иҷро карда мешавад. Ҳамаи соҳаҳои танзимоти курс дар поён оварда шудаанд:
Саҳифаи хонагии ман / ► Администратсиякунӣ / ► Курсҳо / ► Курсҳо илова/таҳрир карда шаванд / ► Курс илова карда шавад
Баъд аз қадами охирин чунин оина пайдо мешавад.
Номи пурраи курси шумо - он ҳамчун гипервин дар рӯйхати ҳамаи курсҳои сайт нишон дода мешавад.
Номи кӯтоҳ – асосан ин ном дар бисёр ҷойҳои Moodle истифода мешавад.
Он бояд аз як калимаи кӯтоҳ иборат бошад, шумо метавонед калимаро аз ҳарфҳои кирилӣ ва лотинӣ истифода баред.
Санаи оғозкардаи курс - Агар шумо "формати тақвимӣ"-ро истифода кунед, блоки ҳафтаи аввал бо санаи дар ин ҷо нишондодашуда ишора карда мешавад. Барои дигар форматҳои курс, майдон ба ғайр аз файлҳои бақайдгирии система, ки ин санаро истифода мебаранд, ба мисли пештара намоиш дода намешаванд.
Рақами курси инфиродӣ - рақами курс танҳо ҳангоми истифодаи системаҳои берунӣ талаб карда мешавад. Ҳеҷ гоҳ дар Moodle намоиш дода намешавад.
Тавсиф - ин барои ҳамаи истифодабарандагони сомона мавҷуд аст ва меҳмонон ҳам низ. Ин саҳифаро холӣ гузоред.
Формати курс дар системаи таҳсилоти фосилави Moodle. Формати курс - арзиши тавсияшаванда "формати сохтор" мебошад. Миқдори ҳафтаҳо ё мавзӯъҳо – шумораи ҳафтаҳо ё мавзӯъҳое, ки дар саҳифаи курс ҳастанд, нишон медиҳад (арзиши максималии 52 - то ва муқаррарӣ 10 - то мебошад).
Навигариҳо - ин параметр муайян мекунад, ки чанде аз мавзӯъҳои охирини форум дар саҳифаи асосии курсҳои шумо нишон дода мешаванд.
Дар ин оина мо метавонем, ки намуди зоҳирӣ оинаи курси сохта шуда истодаро интихоб намоем. Дар ин расм нишонаҳои ба худ заруриро интихоб мекунем.
Блоки навигариҳо - агар шумо арзиши онро ба 0 баробар кунед пас ин блок нишон дода намешавад.
Журнали баҳоҳои донишҷӯён нишон дода шавад ҳангоми интихоби тугмаи “ҳа” ба мо журнали баҳоҳои донишҷӯён нишон дода мешавад.
Андозаи максималии файли боршаванда – ин қадами андозаи файли боршаванда муайян карда мешавад, ки дар доираи курсҳо бор карда мешавад.
Он метавонад аз арзиши муқарраршуда зиёд бошад. Арзиши муқарраршуда дар саҳифаи нишондодашуда 3 МБ – ро ташкил мекунад. Пас шумо метавонед ин арзишро барои унсурҳои фардии худ кам намоед.
Ташкили меъёр (категория)-ҳо. Пеш аз сохтани ягон курс аввал бояд категорияҳо сохта шавад, ки ин барои гурӯҳбандӣ кардани курсҳо кӯмаки калон мерасонад. Дар мисоли «Таҳсилоти фосилавӣ»-и Донишкадаи омӯзгории
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҳамчун категория факултет, кафедра, ихтисос, курс сохта мешавад.
Барои дидани категорияҳо ё сохтани категорияи нав «Курсҳо таҳрир/илова карда шавад»-ро интихоб мекунем. Дар натиҷа саҳифаи дар поён овардашуда кушода мешавад.
Барои сохтани категорияи нав «Create new category (Иловакунии категорияи нав)»-ро интихоб мекунем. Дар саҳифаи кушодашуда номи категория ва категорияи волидиро интихоб мекунем:
Барои категорияи сохташуда зеркатегорияҳоро низ дохил мекунем:
Ин ҷо боз ҳамон саҳифаи дохилкунии категория кушода мешавад, вале фарқият дар он аст, ки ба сифати категорияи волидӣ категорияи аввал сохтаамон нишон дода шудааст.
Ҳамин тавр категорияҳо ва зеркатегорияҳои заруриро месозем: Ташкили курси электронии нав. Барои сохтани курс аз менюи «Администратсиякунӣ» банди “Курсҳо->Курсҳо илова/таҳрир карда шаванд”– ро интихоб мекунем. Аз он ҷо «Create new course»-ро интихоб мекунем:
Дар формаи кушодашуда номи пурра ва кӯтоҳи курсро ворид мекунем.
Дар мисоли расм номи пурра ва номи кӯтоҳи курс якхела мебошад, маъмури сомона метавонад номҳои гуногунро интихоб кунад. Инчунин, категорияи волидиро барои ин курсҳо интихоб кунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё