АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми омӯзиши фанни математика риояи катъии методҳо, шаклҳои ташкилӣ, воситаҳои таълим муносибати махсусро талаб менамоянд. Тамоми шакли таълим бояд майл ба стандартҳои давлатии таълим дошта бошад, аз базаи таълимӣ берун баромада, дар худ таҳсилоти иловагӣ ва тамоми чизҳое, ки ба он мансубият дорад фаро гирад.
Вазифаҳои асосие, ки дар назди муассисаҳои муосир истодаанд, ин баланд бардоштани шаклҳои гуногуни ташкили фаъолияти таълимии донишҷӯён мебошад. Технологияи компютерӣ, ки бо фаъолияти таълимии донишҷӯён тафриқа кунонида шуда бошад, имкон медиҳад имкониятҳои таълимии донишҷӯёнро аз фанни математика баланд бардорем. Технологияи компютерӣ дар таҳсилоти фосилавӣ имкон медиҳад, ки интихоб ва татбиқи масоҳати инфиродӣ дар фазои озоди таълимӣ амалӣ гардад. Таҳсилоти фосилавӣ имконияти беҳтарин барои васеъ фаро гирифтани дониши фаннӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин шакли таълим аз ҷониби дигар маданияти ахборотӣ- коммуникативии донишҷӯёнро ташаккул дода, ба ҳаёти мустақилона омода менамояд.
Истифодаи таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шароити муосир имконпазир гардидааст, ки метавонад ҳамчун тарзи иловагии таҳсилоти бе танафусро таъмин намояд. Ин шакли таълим метавонад шидатнокии таълимро таъмин намуда, ҳамкории байни омӯзгор ва донишҷӯёну хонандаро ба роҳ монад. Аз ин омил хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ малака ҳосил намуда, дар давраи таҳсил дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои олии касбӣ нороҳатиро дарк наменамоянд.
Асоси таҳсилоти фосилавиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ технологияи педагогии гуногунсуръат ташкил медиҳад. Таҳсилоти фосилавӣ ҳангоми омӯзиши математика диққати бештарро бояд ба мустақилият ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар самтҳои гуногун равона намояд.
Дар ин раванд шакл, усул ва ҳамкории байни донишҷӯён ва омӯзгорро ба инобат гиранд.
Дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзгорон на танҳо донишҷӯро хондан меомӯзанд, балки ӯро дар рӯҳия шахсиятӣ тарбия намуда, ба худомӯзӣ моил месозанд. Технологияи таҳсолоти фосилавиро инҳо ташкил медиҳанд:
1.Кейс-технология- асос меёбад бо истифодаи маҷмӯи матнҳо, маводҳои таълимӣ- методии авдиёӣ ва мултимедӣ барои омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён ва ташкили машварати мунтазам бо омӯзгорон.
2. Технологияи ТВ- ин технологияи телевизионӣ барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ- методӣ ва ташкили машварати доимӣ бо омӯзгорон истифода бурда мешавад.
3.Технологияи шабакавӣ - Технологияи шабакавӣ дар таҳсилоти фосилавӣ барои таъмин намудани донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ-методӣ ва ҳамкории дар самтҳои гуногуни интерактивӣ байни донишҷӯ ва омӯзгор истифода бурда мешавад.
Дар ҷараёни таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ бо омӯзгор дар тартиботи зерин ҳамкорӣ менамояд:
• синхронӣ– дар ҳолати муоширати байни донишҷӯ бо омӯзгор дар вақти воқеӣ тавассути (муоширати on-lin);
• асинхронӣ, вақте донишҷӯ ким кадом супориши омӯзгорро мустақилона иҷро менамояд, дар суръати ба худаш мувофиқ, омӯзгор дурустӣ ва нодурустии онро баҳо дода, аз руи фаъолияти таълимӣ тавсия дар шакли
(off-line) дода мешавад.
• Таҳсилоти фосилавии омехта– дар ин режим, дар назар дошта мешавад, ки барномаи таълим дар таҳсилоти фосилавӣ ҳам дар шакли синхронӣ ва ҳам дар шакли асинхронӣ татбиқ карда мешавад. Истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар таҳсилоти анъанавии рӯзона имкониятҳои нави педагогиро муҳайё намуда, самаранокии таълимро таъмин менамояд.
Аломатҳои таҳсилоти фосилавиро омӯзгорон метавонанд дар мисолҳои зерин истифода барад:
• барои ташкили таълими донишҷӯёни, мувақатан бо сабаби беморӣ дар дарсҳо иштирок надошта.
• барои инфиродӣ гардонидани ҷараёни таълим аз ҳисоби ташкили кори онҳо дар захираҳои фосилавӣ.
• дар раванди ташкил додани лоиҳаи фаъолият, ки дар ҳамкории донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ё дигар мамлакатҳо сурат мегирад.
• барои бартараф намудани мушкилоти дар ҷараёни таълим ба вуҷуд омада тавассути машваратҳои фосилавӣ.
• барои омодашавӣ ба имтиҳону санҷишҳо.
Вазифаҳои асосие, ки ман дар назди худам оид ба роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мегузорам- равона гардидаанд ба сохтмони самараноки ҷараёни таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот. Бо ба инобат гирифтани омодагии донишҷӯён, инкишофи тавоноии маърифатии онҳо, дар ташаккули фаъолияти ақлона: таҳлил, муқобилгузорӣ, мушаххасгардонӣ, умумисозӣ, муқоиса ва хулосабарорӣ карда тавонистани онҳо.
Мақсади кори ман ҳисоб мекунам, ки дар таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён танҳо додани маҷмӯи муайяни дониш набуда, балки ба хондан ҷалб намудани онҳо ва инкишоф додани майлу хоҳиш ба хондан мебошад. Татбиқи вазифаҳои гузошташуда ва ҳадафро дар инфиродӣ ва тафриқавӣ сохтани ҷараёни таълим, тавассути ворид намудани технологияи муосири таълимӣ мебинам.
Таълими муосир татбиқи технологияи муосири таълимро хоҳон мебошад: шахси-майлдошта, мушкилотӣ ва таълими ташаккулдиҳанда; технологияи ахборотӣ-коммуникативии таълим. Нишонаҳои таҳсилоти фосилавӣ ин имкониятро таъмин кунонида метавонанд. Аз рӯи гуфтаҳои боло гуфтан мехостам, ки дар ҷараёни таълим дар таҳсилоти фосилавӣ бо истифода аз технологияи муосир самаранокии таълим баланд гардида, ҷараёни таълим мазмуннок ва аз ҷиҳати методӣ бой мегардад. Дуруст ва оқилона истифода бурдан аз технологияи муосир яке аз шароитҳои ба даст овардани сифати нав дар омӯзиши фанни математика дар таҳсилоти фосилавӣ мебошад.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани вақт дар дарсҳои математика шаклҳои гуногуни ташкили ҷараёни таълим истифода бурда мешаванд.
Технологияи таҳсилоти фосилавӣ ба истифодаи дидактикии дониши илмӣ майл дорад ва равона гардидааст баҳри ба даст овардани натиҷаи баланд дар ҳалли
мисол ва масъалаҳои математикӣ ва инкишофи шахсиятии донишҷӯён. Дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷараёни омӯзиши фанни математика он ду ҷараёни робитамандро дар назар дорад: ташкили фаъолияти донишҷӯён ва назорати ин фаъолият.
Дар кабинети математикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сайт дар шакли кабинети таҳаюллотии омӯзгор ташкил дода шудааст. Дар он захираҳои ахборотӣ ҷой дода шуда, аз рӯи онҳо дарсҳои математика баргузор карда мешаванд. Дар ин портал онҳое дохил шуда метавонанд, ки аз қайд гузаштаанд ва аз хизматрасониҳои зерин истифода бурда метавонанд:
- Омӯзгор метавонад барои тафтиши дониши донишҷӯён намунаеро тартиб диҳад, намунаи тахминиро пешниҳод намояд, масъалаҳоеро интихоб намояд, ки хосияти бедоркунандагии тафаккури математикиро ноил бошанд. Ба донишҷӯён ёд додани тарзи дуруст ҳал намудани масъалаҳо пас аз иҷрои кор, ошкор намудани критерияи баҳогузорӣ.
- Низом корҳоро бо натиҷаи ба дастовардаи донишҷӯ дар хотир мегирад: рӯихати корҳои иҷрогардида ва далелҳои оморӣ.
- Тафтиши қисми якумро компютер иҷро намуда, дар иҷрои масъалаҳои қисми С донишҷӯён метавонанд ба система дохил гардида, аз ҷониби омӯзгор фаъолияти онҳо баҳогузорӣ гардад. Натиҷаи тафтиш дар омори донишҷӯён ва омӯзгор автоматӣ пайдо мегардад.
-Зарурият надорад, ки ба таври иловагӣ дар низом ном ва насаби донишҷӯро ворид намоем: натиҷаи фаъолияти онҳо дар низом ба таври автоматӣ пайдо мешавад.
- Пешакӣ гурӯҳи донишҷӯёнро ташкил дода, логини онҳоро дар низом донистан. Агар донишҷӯи корҳои навбатиро иҷро намояд вай аз нав дар рӯихат пайдо мешавад.
- Натиҷаи ҷамъастии гурӯҳ ба ведомостҳо гузаронида мешаванд.
- Дар ин шакли таълим ташкил додани курси шахсӣ вуҷуд дорад. Шумо метавонед ба донишҷӯён мактуб навишта, ҷавоб гиред, маводҳои методиро дар сайт ҷой дода, рақами корро барои назорати дониш хабар диҳед.
Дар таҳсилоти фосилавӣ омӯзгор имконият дорад, ки тестҳои мавзӯӣ, корҳои назоратӣ, вазифаҳои хонагии дараҷаи гуногуни мушкилотӣ ташкил намуда, омодагии математикии донишҷӯёнро санҷад. Пухта вазифаро интихоб намудан, ҳатто ба донишҷӯи «сусттарин» имкон медиҳад, ки аз уҳдаи ҳалли мисол ва масъала бо сарбаландӣ барояд.
Дар давраи ҳал намудани мисолу масъала донишҷӯ метавонад аз омӯзгори фанни математика тавассути Интернет машварат гирад, аз маводҳои дастурдиҳанда ва дарсҳои видеоӣ истифода барад. Ғайр аз ин, дар раванди дарс, иҷроиши фосилавии супоришҳоро назорат намуда, ман метавонам, на танҳо кори ҳар як донишҷӯро баҳогузорӣ намоям, балки ҳолати мавҷударо таҳлил намоям. Ин имкон медиҳад, ки ҳар чӣ самаранок ҷараёни таълим назорат карда шавад.
Дар шароити муосир омӯзгор бояд тавассути технологияи ахборотӣ фазои таълимиро муҳайё карда тавонад. Ин технология тавонад, дараҷаи зарурии таълимро таъмин намояд, масоҳати инфиродии таълим ва инкишофи донишҷӯёнро амсила намояд ва роҳи шахсии камолоти касбиро таъмин намояд.
Яке аз чунин технологияҳое, ки дар ҷараёни таълим истифода бурда мешавад, технологияи фосилавии таълим мебошад. Технологияи фосилавии таълим, ки дар болои истифодаи технологияи ахборотӣ- коммуникативӣ қарор гирифтааст, бо боварӣ ба таҷрибаи фаъолияти бисёр муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шакл ва дараҷаи гуногун ворид гардидааст.
Яке аз хусусиятҳои махсуси он новобаста аз мавқеи географӣ мебошад, масофаи байни омузгор ва донишҷӯ дар ин шакли таҳсилот чандон муҳиммият надорад. Аз ин рӯ онро таҳсилоти фосилавӣ меноманд. Дар Тоҷикистон ва дар ҳуҷҷатҳои қонунгузории он мафҳуми «Технологияи таҳсилоти фосилавӣ» истифода мегардад. Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» гуфта мешавад, ки дар зери мафҳуми технологияи таҳсилоти фосилавӣ, технологияи таълимие фаҳмида мешавад, ки тавассути технологияи ахборотӣ- коммуникативӣ татбиқ карда шудааст.
Дар зери мафҳуми «тавассути ҳамкорӣ» дар ин мафҳум ҳамкорӣ дар масофа фаҳмида мешавад. Ҷараёни таълимие, ки бо истифода аз технологияи фосилавӣ асос ёфтааст, бояд аз нуқтаи назари педагогикаи анъанавӣ дар мафҳумҳои дар соҳаи дониш машҳургардида мавриди истифода қарор гирад.
Дар адабиёт чунин мафҳумҳо, ба монанди таҳсилоти фосилавӣ, таълими интернетӣ, технологияи фосилавии таълим, технологияи муосири иттилоотӣ, почтавӣ ва робитаҳои факсӣ хеле зиёд истифода бурда мешаванд.
Дар шароити муосир мафҳуми ягонаи муайянкунандаи таҳсилоти фосилавӣ вуҷуд надорад. Таҳқиқгарон ва мутахассисони ин соҳа, дар бораи таҳсилоти фосилавӣ андешаронӣ намуда, мазмунҳои гуногунро ба он ҳамроҳ намудаанд. Дар «Луғати энсиклопедии педагогӣ» таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун фаъолияти ҳадафнок равона гардидаи донишҷӯ шарҳ дода мешавад, ки дар масофа аз маркази таълимӣ қарор гирифтааст. Ин технологияи таҳсилот имконияте дорад, ки дар тамоми зина ва шаклҳои таълим мавриди истифода қарор дода шавад.
Технологияи таҳсилоти фосилавӣро як қатор олимон ҳамчун таҳсилот: ки донишҷӯ дур аз ҳамсабақон дар масофа қарор дорад баён менамоянд; ё технологияи таҳсилоти фосилавӣ, ки инсон имконияти омӯхтани барномаи дилхоҳ донишгоҳро дошта бошад; ё ҳамчун шакли нави ба даст овардани мавод, баҳри мустақилона омӯхтани донишҷӯёнро фароҳам оварад.
Ходимони озмоишгоҳи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳ мазмун ва методҳои таълими Академияи таҳсилоти Россия мафҳумҳои зеринро пешниҳод менамояд.
Таҳсилоти фосилавӣ- ҳамкории омӯзгор бо донишҷӯ дар масофа мебошад, ифодакунандаи тамоми омилҳои ҷараёни таълим (мақсад, мазмун, метод, шакли ташкилӣ, воситаҳои таълим) ва тавассути интернет- технология ва дигар воситаҳо амалӣ мегардад.
Таҳсилоти фосилавиро, ҳамчун шакли ташкили мустақилонаи ҷараёни таълим олимон: В. Ю. Быков, Е. Ю. Владимирская, Н. Б. Евтух, В. О. Жулкевская, С. А. Калашникова, М. Ю. Карпенко, С. П. Кудрявцева, Е. С. Полат, Н. Г. Сиротенко, Е. М. Смирнова-Трибульская, П. В. Стефаненко, В. П. Тихомиров, О. В. Хмель, А. В. Хуторской, Б. И. Шуневич шинохтаанд. Оид ба ин масъала олимони хориҷӣ ба монанди: М. Ален, Т. Андерсон, Дж. Боат, Ф. Ведемеер, Д. Р. Гаррисон, Дж. Даниель, Р. Деллинг, Д. Киган, М. Мур, О. Петерс, К. Смит, Р. Холмберг ва дигарон пайравӣ намудаанд.
Аз корҳои гуногун лаҳзаҳоеро пешниҳод менамоем, ки таҳсилоти фосилавиро чунин мефаҳманд:
• тарзи таълим дар масофа, ки тавассути он омӯзгор ва донишҷӯён ҷисман дар ҷойҳои гуногун қарор доранд ва аз авдио, видео, интарнет ва шабакаҳои маҳворавии бо мақсади таълимӣ истифода мебаранд;
• ҳадафнок, бо ташкилии дурусти ҳамкории омӯзгор бо донишҷӯён, исифодаи дурусти воситаҳои таълим, дар фазо ва вақт татбиқ мегарданд;
• таълими телекоммуникатсионӣ, ки тавассути технология ва захираҳои шабакаи Интернетӣ донишҷӯён, ки аз ҳам дуранд таъмин мегарданд, ҷараёни таълимро таъмин намуда амалишаванда мегардонад.
Андреев А. А. таҳсилоти фосилавиро пешниҳод менамояд чунин муайян намоянд, «ҷараёни мақсадноки таъсиррасонии фаъоли донишҷӯён байни худ ба воситаи воситаҳои таълим. Вай ба мавқеи ҷойгиршавии донишҷӯ дар фазою вақт мансубият надошта, дар низоми махсуси дидактикӣ дастрас мегардад».
А. В. Зубов андеша дорад, ки «таҳсилоти фосилавӣ– ин шакли нави ташкили ҷараёни таълим мебошад, ки ба худ таҳсилоти анъанавӣ ва технологияи нави таълимро алоқаманд мегардонад, ки дар талаботҳои мустақилона ба даст овардани дониш асос ёфтааст. Вай дар ин самт бартарии асосиро ба дастрас намудани маводи зарурӣ тавассути телекомуникатсия медиҳад. Ин талабот дар ибтидои ҳамкории интерактивии донишҷӯ ва омӯзгор дар ҷараёни таълим қарор мегирад, ки баҳо додан ба дониш ва малакаи дар ҷараёни таълим ҳосилнамудаи онҳо имкон медиҳад».
Полат Е. С. таҳсилоти фосилавиро ҳамчун маҷмӯи технологияи ахборотии таъминкунандаи ҳаҷми муайяни маводҳои таълимӣ, ҳамкории фаъоли донишҷӯён ва омӯзгор дар ҷараёни таълим, таъминкунандаи азбарнамоии маводи таълимӣ ба донишҷӯён ном мебарад.
Мутобиқи гуфтаи Г. В. Можаева, таҳсилоти фосилавӣ аз худ низоми ахборотӣ- таълимии дастрасии дурро ифода менамояд, ки бо технологияи муосир асос ёфтааст. Б. Е. Стариченко таҳсилоти фосилавиро ҳамчун шакли асинхроннии омӯзиши фанҳои таълимӣ ишора намуда, азхудкунии мустақилонаи маводи таълимиро ишора менамояд; назорат ва идоракунии фаъолияти таълимӣ аз ҷониби омӯзгор дар масофа татбиқ мегардад. Ба гуфтаҳои боло чунин шарҳ додан зарур меояд:
• шакли асинхронӣ – ҷараёни таълими ҳар як донишҷӯ новобаста аз дигарон рӯй медиҳад;
• аз барнамаи мустақилона – дараҷаи ҳамкори бо дигар иштирокчиёни ҷараёни таълим;
• ташкили махсуси маводи таълимӣ– фаро гирифтани тамоми намудҳои мавод барои фаъолияти таълимӣ- маърифатии донишҷӯён;
• дастрасии мунтазам – дар тамоми давраи ба донишҷӯён мувофиқ будани ҷой;
• тарзи таҳсил дар масофа, ки тавассути он омӯзгор ҳам донишҷӯ ва ҳам омӯзгор дар масофаҳои гуногун қарор доранд ва аз аудио, видео, интернет ва каналҳои маҳворавӣ бо мақсади таълим истифода мебаранд;
• ҷараёни ташкилӣ ҳадафнок барои таъсиррасонии интерактивӣ ба донишҷӯён ва байни ҳамдигарии онҳо ва воситаҳои таълим нигаронида шудааст;
• таълим бо ёрии воситаҳои телекоммуникатсионӣ ба дур аз ҳам ҷойгир гардидани субъекти таълим нигоҳ накарда, (донишҷӯ, омӯзгорон, тьюторҳо, модераторҳо.) ҷараёни таълим амалӣ мегардад.
Мутобиқи андешаи Хуторской А. В. таҳсилоти фосилавиро бо нишонаҳои зерин ҷудо намуд:
• ҷудогии ҷисмии омӯзгор аз донишҷӯён дар қисми зиёди давраи таҳсил мушоҳида мегардад;
• истифодаи воситаҳои мултимедӣ ва захираҳои электронӣ барои донишҷӯёни дуру наздик;
• таъмини телекоммуникатсия байни омӯзгорон ва донишҷӯён ва худи донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои математикӣ;
• характери самараноки ҷараёни таълим ва сифату натиҷаи маводи гирифташудаи таълимӣ.
Махсусияти таҳсилоти фосилавӣ мувофиқи андешаи Семёнова И. Н. ва Слепухин А. В., дар он мебошад, ки дурии омӯзгор аз донишҷӯён таъминоти маводи таълимиро тавассути воситаҳои муоширатӣ таъмин менамояд.
Стариченко Б. Е., бошад таҳсилоти фосилавиро ҳамчун шакли асинхроннии омӯзиши фанни таълимӣ муайян менамояд, ки мустақилона аз бар намуданро дар назар дорад. Барои ташкил додани ҷараёни омӯзиши математика дар таҳсилоти фосилавӣ мақсади омӯзишро чунин ифода менамоем:
• Барои қонеъ гардонидани талаботи шахс ба гирифтани маълумоти олӣ (технологияи таълим дар тамоми давраи ҳаёт).
• Баланд бардоштани сифати таълим бо роҳи татбиқи технологияи муосир.
• Озод истифода намудани донишҷӯ аз захираҳои гуногуни ахборотӣ барои ҷараёни таълими математика дар тамоми вақти қулай.
• Пурқувват намудани самти шахсиятии таълими фанни математика тавассути шиддатнок гардонидани корҳои мустақилонаи донишҷӯён. Баланд бардоштани самаранокии таълим бо ворид намудани технологияи таълими инноватсионӣ ҳангоми омӯзиши математика.
• Таъмини характери пешбиникунандаи тамоми низоми таълим, ҳадафнокии он ба паҳн намудани дониши аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи умумитаълимӣ ва мадании донишҷӯён.
• Барпо намудани шароит барои истифода бурдани низоми сифати таълими математика дар таҳсилоти фосилавӣ • Воқеъбинона баҳо додан ба сифати таълими фанни математика дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ боиси баланд гардидани сифати таълим мегардад. Мутобиқи андешаи Давыдов И. П., ба таҳсилоти фосилавӣ чунин тавсиф дода мешавад:
• тақсим намудани ҷараёни дарсгузари дар фазо ва вақт;
• аз бар намудани барномаи таълимӣ тавассути корҳои худомӯзӣ дар маҳаллаи зист;
• васеъ истифода бурдан аз таҳсилоти манзаравӣ, тавассути шунидани лексияҳои шиносоӣ;
• истифодаи талаботҳои амсилавӣ, ки ҳазм гардидани фанҳои таълимиро дар назар дорад бо назорати аз барнамоӣ;
• идоракунии корҳои мустақилонаи донишҷӯён тавассути нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади пурзӯр намудани назорат;
• ҳатмияти истифодаи технологияи коммуникативӣ барои донишивазкунии донишҷӯён раванди ҳалли вазифаҳои маъмурӣ;
• муҳайё намудани муҳити махсуси ахборотӣ- таҳсилотӣ, аз китоби одии таълимӣ то барномаҳои омӯзишии компютерӣ , слайд- лексия, авдиё видео курсҳо.
Тамоми ин тадбирҳои номбаргардида имкон медиҳанд, ки таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ самаранок фаъолият намуда, мутахассисанро дар доираи талаботи бозори меҳнат ва фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ омода намоянд.
Дар асоси таҳқиқоти баргузорнамуда хулоса баровардан зарур аст, ки таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар асоси нақшаи инфиродӣ бо омӯзгор машварат баргузор намуда, малакаи кор бо техника ва технологияи муосирро ҳосил намоянд:
• қобилият ба ҳамкорӣ;
• ба муваффақият ҳадафманд будан.
Таъсири рушддиҳандаи амсилаи таҳиянамудаи мо, дар самти ташкили фаъолияти таълимии донишҷӯён бо истифода аз таълими фосилавӣ, тавассути фароҳам овардани шароитҳои психологӣ ва педагогие таъмин карда шуд, ки фаъолияти донишҷӯёнро дар вазъиятҳои тағйирёбанда амсиласозӣ намуда ва намуди (вариант)-и гуногуни ҳалли масъалаҳои мураккаби таълимию маърифатиро дар бар мегиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё