Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Дур аз он лаб ашки ман сурх асту чашми тар сафед,
Кам фитад з-ин сон шароби лаълро соғар сафед.
Гиряи доим сиёҳиро набурд аз бахти ман,
Зоғро бисёрии борон насозад пар сафед.
Бар буногӯшат кашад зулфи сияҳ худро дароз,
Ҳамчу ҳиндуи бараҳна, к-аш бувад бистар сафед.
Рехт аз абри таҷаллӣ рӯи ту борони нур,
Хонаи чашму диламро сохт бому дар сафед.
Сафҳае аз мусҳафи хубист он рӯю изор,
Як тараф аз вай навишта, як тараф дигар сафед.
Эй ки мепурсӣ зи роҳи каъбаи ишқам нишон,
З-устухони куштагон роҳест сар то сар сафед.
Дар либоси хатту коғаз гуфтаи Ҷомӣ бувад,
Наварӯсе ҷома мушкин кардаву чодар сафед.8
Албатта, пайравии Ҷомӣ ба Ҳасан бо ин ғазалҳо ва ғазалҳое, ки дар оғози калом овардем, маҳдуд намешавад, балки дар девонҳои сегонаи вай мо ба ғазалҳое дучор мешавем, ки шоир онҳоро ба пайравӣ аз ғазалҳои Ҳасан ва ё илҳом аз онҳо сурудааст, аммо ӯ дар ин пайравиҳояш эҷодкорона рафтор менамояд. Аз ин хотир, вай худро дорои тариқи хос медонад ва бо тафохур мегӯяд:
Ҷомӣ, туро камол бас аст ин тариқи хос,
Дар таври шеъри Хусраву назми Ҳасан мапеч.9
Ба нуктаҳои Ҳасан, Ҷомӣ, ин камолат бас,
Ки сози назми туро ҷуз навои Хусрав нест.10
Ҷомӣ, ин назми ҳасан гар бифиристад суи Форс,
Ҳофизаш ном ниҳад Хусрави ширинсуханон.11
Гуфт дар Ҳинд Ҳасан, гуфтаи Ҷомӣ чу шунид,
К-аз адам Хусрави ширинсуханон омад боз.12
Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷомӣ на фақат дар ғазалҳояш аз Ҳасан ёд мекунад, пайгири вай буданашро эълом медорад ва аз ӯ бартар рафтанашро таъкид менамояд, балки вай дар қасоидаш низ аз шуҳрати беандозаи хеш дар олами шеъру шоирӣ ва сайри олам кардани ашъораш, аз ҷумла ба Форсу Ҳинду Руму Ироқу Табрез расидани сарводаҳояш, мавриди таҳсину офарин ва пазириши Саъдиву Ҳофиз ва Хусраву Ҳасан қарор гирифтан ва паёму дуруд фиристодани Қайсари Руму Чепол аз Ҳинд ва волии Ироқу Табрез, сухан дар миён меорад. Аз ҷумла дар ин қасида, ки «Раҳши болин би шарҳи ҳолин» ном дорад:
Чунон ба шеър шудам шуҳра дар басити ҷаҳон,
Ки шуд муҳити фалак з-ин тарона моломол.
Арӯси даҳр паи зеби гӯшу гардани хеш
Зи силки гавҳари назмам гирифт иқди лаол.
Суруди айш зи гуфтори ман кунад мутриб,
Раҳи самоъ зи ашъори ман занад қаввол.
Агар ба Форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад, Хусраву Ҳасан гӯянд,
Ки эй ғариби ҷаҳон, марҳабо, таъол, таъол!
Зи баски сӯи ҳар иқлим гуфтугӯям рафт,
Шуданд сухраи ақволи ман ҳама ақёл.
Гаҳе зи Рум нависад саломи ман Қайсар,
Гаҳе зи Ҳинд фиристад паёми ман Чепол.
Расад зи волии мулки Ироқу Табрезам
Авотифи мутавотир, маноеҳи мутавол.
Чӣ дам занам зи Хуросону аҳли эҳсонаш,
Ки ҳастам аз кафашон ғарқи баҳри бирру навол.13

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор