Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Ва ҳам соҳиби «Таърихи Ҳинд» мегӯяд, ки солҳо маро бо Амир Хусрав ва Амир Ҳасан тараддуду ягонагӣ буд ва на эшон бе сӯҳбати ман тавонистанд буд ва на ман бе сӯҳбати эшон. Ва ба воситаи ман миёни ҳар ду устод чунон робитаи муҳаббату видод истеҳком ёфта буд, ки ба хонаҳои якдигар омадушуд кардандӣ. Ва ҳам вай гӯяд, ки аз камоли эътиқоде, ки Амир Ҳасанро бо Шайх Низомиддин буд, анфоси мутабаррукаи мубораки Шайхро дар маҷолиси сӯҳбат шунида буд, дар чанд ҷилд ҷамъ карда будааст ва онро «Фавоид-ул-фувод» ном ниҳодааст ва дар ин рӯзгор дар ин диёр (Ҳирот) дастури арбоби иродат шуда ва вайро варои давовини мутааддида ва саҳоифи насру маснавиёт бисёр аст. Мин рубоиёт:
Дорам дилаке ғамин, биёмурзу мапурс,
Сад воқеа дар камин, биёмурзу мапурс.
Шарманда шудам, агар бипурсӣ амалам,
Эй акрами акрамин, биёмурзу мапурс.
Як ҳарфи ту чил сабоҳи оламро нур,
Як ҳарфи ту ҳашт хулдро мояи ҳур.
Ҳарфи сеюмин чиҳил валиро дастур,
З-он чор чаҳор рукни олам маъмур».6
Аммо таваҷҷӯҳи умдаи Ҷомиро, пеш аз ҳама, ғазалиёти Ҳасан, ки бо нозукӣ, ширинсуханӣ, нодирагуфторӣ ва содагиву равонӣ имтиёз дошта ва дар рӯзгори шоир аз шуҳрати фаровон бархурдор будааст, ба худ ҷалб намуда будааст, зеро, ба қавли муаллифи «Тазкират-уш-шуаро» Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки аз ҳамасрони Ҷомист, «девони Хоҷа Ҳасан дар ин рӯзгор азизу мукаррам аст ва соҳибназарону истеъдодмандонро ба сухани Хоҷа эътиқоде ва илтифоте зиёда аз тасаввур аст. Ва чун байни хавосу авом сухани ӯ шуҳрате азим дорад, зиёда аз як ғазал дар ин ҷо сабт нашуд ва он ин аст:
Соқиё, май деҳ, ки абре хост аз ховар сафед,
Сарвро сар сабз шуд, садбаргро чодар сафед.
Бода дар ҷоми булурин деҳ маро, гар медиҳӣ,
Хуб меояд шароби лаълро соғар сафед.
Абр чун чашми Зулайхо баҳри Юсуф жолабор,
Жолаҳо чун дидаи Яъқуби пайғамбар сафед…
Эй Ҳасан, ағёрро ҳаргиз набошад табъ рост,
Рост аст, ки зоғро ҳаргиз набошад пар сафед.
Ва фозилон ин ғазалро бисёр ҷавоб фармудаанд ва ҳеҷ ҷавоб аз ин пурҳолатар наяфтад…».7 Воқеан, Ҷомӣ низ ба ин ғазали машҳури Ҳасан ҷавоб гуфта, ҷавобе хуб ва муносиб, ки хонданаш дар ин мавқеъ бе суд нахоҳад буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор