Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шиносои таърихҳои куҳан
Чунин рондааст аз Сикандар сухан…21

Аз ин рӯ, шабоҳатҳои маъноӣ дар байни қиссаи Искандари «Шоҳнома» ва «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ ба дида мерасанд. Масалан:

Наёбад касе чора аз чанги марг,
Чу боди хазон асту мо ҳамчу барг.22
Фирдавсӣ
Дар ин боғ як шоху як барг нест,
Ки ларзанда аз сарсари марг нест.23
Ҷомӣ
Бимурд андар он чанд гаҳ Файлақус,
Ба Рум - андарун буд якчанд бӯс.
Сикандар ба тахти ниё барнишаст,
Беҳӣ ҷусту дасти бадиро бубаст…24
Фирдавсӣ
Чунин гуфт донишвари Руму Рус,
Ки чун рахт баст аз ҷаҳон Файлақус,
Сикандар баромад ба тахти баланд,
Салое ба болиғдилон дарфиканд…25
Ҷомӣ
Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.26
Фирдавсӣ
Наёзурда мӯре зи ту моҳу сол,
Чу мӯрат кӣ кард инчунин поймол?27
Ҷомӣ
Касе, к-аш хирад бошад омӯзгор,
Нигаҳ дорадаш гардиши рӯзгор.28
Фирдавсӣ
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.29


Шунидам, ки буд андар он рӯзгор,
Яке подшоҳ, бахташ омӯзгор.30
Ҷомӣ

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.31
Фирдавсӣ
Ба ҳар пеша он кас, ки доно бувад,
Ба ҷамъи ҳама кай тавоно бувад?32
Ҷомӣ
Аз имрӯз корат ба фардо намон,
Кӣ донад, ки фардо чӣ гардад замон?33
Фирдавсӣ
Бикун, ҳар чӣ имрӯзат ояд ба даст,
Ки хоҳад аҷал дастат аз кор баст.34
Ҷомӣ

Дар ҳақиқат, мутолиаи осори Ҷомӣ, ба вижа достонҳои ӯ, нишон медиҳанд, ки ӯ ба «Шоҳнома» хеле хуб ошно будааст ва дар мавридҳои мухталиф ва зарурӣ аз Фирдавсӣ дарси эҷод омӯхтааст. Ин намунаҳо андаке аз бисёранд, ки аз таассури Ҷомӣ аз Фирдавсӣ хабар медиҳанд:

Фирдавсӣ:
Назодӣ маро кошкӣ модарам
В-агар зод, марг омадӣ бар сарам.35
Ҷомӣ:

Маро, эй кошкӣ, модар намезод
В-агар мезод, кас ширам намедод.36


Зи ту ҳар лаҳзаам аз нав ғаме зод,
Маро, эй кошкӣ, модар намезод.37
Фирдавсӣ:
Пур аз барф шуд кӯҳсори сиёҳ,
Ҳаме лашкар аз шоҳ бинад гуноҳ.38
Ҷомӣ:
Зи пирӣ бар сарат барфи шигарф аст
В-аз он ғам гиряи ту оби барф аст.39
Фирдавсӣ:
Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,
Ки солор бошам, кунам бандагӣ.40


Ба ном ар бирезӣ маро гуфт хун,
Беҳ аз зиндагонӣ ба нанг андарун.41
Ҷомӣ:
Ба пеши шамшер сарафканда шавӣ,
Беҳ, ки пеши чу худӣ банда шавӣ.42


Ба як дам зери ханҷар ҷон супурдан,
Беҳ аст аз гурсуна ё ташна мурдан.43
Фирдавсӣ:
Ба ҳангом кардан зи душман гурез,
Беҳ аз бо тани хеш кардан ситез.44
Ҷомӣ:
Метавон як захм хурд аз теғи тез,
Чун паёпай шуд, чӣ чора ҷуз гурез?45
Фирдавсӣ:
Ки ширинтар аз ҷону фарзанду чиз
Ҳамон, ки чизе набошад баниз.
Писандидатар кас зи фарзанд нест,
Чу пайванди фарзанд пайванд нест.46


Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест.47
Ҷомӣ:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест,
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.48
Фирдавсӣ:
Сарат сабз бодо, дилат шодмон,
Тани пок дур аз бади бадгумон!49

пешина
аз 86
навбатӣ