Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Ҷомӣ, ин пардасароӣ то чанд?
Чун ҷарас ҳарзадароӣ то чанд?..
Бин, ки чун исми аҷалро қавсӣ
Кард гардун зи паи Фирдавсӣ.
Бо диле шақшуда чун хонаи хеш,
Монда сар зер зи «Шаҳнома»-и хеш.
Нозими Ганҷа-Низомӣ ба ранҷ
Адади ганҷ расонид ба панҷ.
Рӯзи охир, ки аз ин маҷлис рафт,
Ганҷҳо дода зи каф, муфлис рафт.
Гарчи мерафт ба сеҳрафшонӣ,
Ба фалак дабдабаи Хоқонӣ,
Гашт помоли ҳаводис дабааш,
Бесадо шуд чу даба дабдабааш.
Анварӣ куву дили анвари ӯ,
Ҳикмати шеъри хирадпарвари ӯ?
Ку Заҳир он ки чу Хизр оби ҳаёт
Килки ӯ дошт равон дар зулумот?
Ҳар камоле, ки Сипоҳонӣ дошт,
Ки ба каф теғи суханронӣ дошт.
Шуд аз он доираи дайри масир
Охируламр ҳама нуқспазир…16
Лозим ба ёдоварист, ки асри 15 на асри Ғазнавиёну Салҷуқиён буд, ки танҳо шоирони фирдавсиситезе чун Унсуриву Фаррухиву Муиззӣ ва дигаронро дошт, балки асри тантанаи куллии сулолаи Темуриёну соири истилогарони бегонатабор буд ва дар кишвар на рӯҳи миллӣ, балки темурию чингизӣ ҳокимият мекард. Бинобар ин, қариб ҳама «Темурнома» менавиштанд, на «Шоҳнома». Албатта, Ҷомӣ ва чанд нафари дигар аз ин даста ҷудо буданд. Агарчи эшон рӯирост рӯҳи миллию инсонии худро буруз дода наметавонистанд, аммо ба ҳар ҳол, ҳеҷ гоҳ ҷангу хунрезии Темуриёнро ҷонибдорӣ ва васф намекарданд, балки онҳоро ба ҳар васила аз кишварситонӣ ва зулму тааддӣ бозмедоштанд ва ба сӯи сулҳу оштӣ ва хираду дониш, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» тарғиб мекард, савқ медоданд:
Бо ҳама бош ба сулҳоварие,
Ки нагунҷад ба миён доварие.17
Теғ бар кас мазан аз кинаварӣ
Беҳ ки бошад дилат аз кина барӣ.18
Шунав панду дониш ба он ёр кун,
Чу донистӣ, он гаҳ ба он кор кун.19
Инро ҳам бубояд гуфт, ки Ҷомӣ дар эҷоди «Хирадномаи Искандарӣ», ки зоҳиран дар пайравии достонҳои Низомиву Хусрав навишта шудааст, ба «Шоҳнома» низ назар доштааст. Инро муқоисаи бахши ба Искандар бахшидаи шоир бо достони «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ ба субут мерасонад. Ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб, «осори ӯ дар шеър, ғайр аз се девон, ки шомили қасоиду ғазалиёти ӯст, мутазаммини ҳафт маснавии ирфонию фалсафӣ аст, ки «Ҳафт авранг» ном дорад ва таваҷҷӯҳ ба тақлиду татаббӯи Низомӣ ва Фирдавсӣ дар онҳо пайдост».20 Аммо, мутаассифона, шеваю тарзи баёну ҳадафи ғояи достони Фирдавсӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» тағйир мекунад ва бештар рӯҳи ҳакимонаву ахлоқӣ ва мазҳабию ирфонӣ мегирад, зеро дар натиҷаи ривоҷу равнақи сиёсати динӣ ва ҳузури сиёсии ақвоми бегона, ба вижа турку муғул дар давлатдорӣ, афкори миллӣ дар ин давра қариб ба ҳадди нестӣ мерасад. Аммо, тавре ки гуфтем, ба ҳар ҳол, Ҷомӣ дар иншои ин асар ба достони Искандари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ назар доштааст ва то ҷое мутаассир аз афкору орои ӯ будааст. Чунончи, ӯ дар оғози достонаш чунин мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор