Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Аҳаммияти назарии таҳқиқ. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи эҷодиёти Ҳақназар Ғойиб на танҳо барои дарки моҳияти аслии сухани шоир зарур аст, балки барои маърифати ҳадафҳои адиб, муайян кардани мақоми ӯ дар адабиёти муосири тоҷик, инчунин нишон додани қонунмандиҳои инкишофи адабиёт дар марҳилаи муайян дорои арзишҳои илмӣ мебошад.
Аҳаммияти амалии таҳқиқ. Натиҷаҳои тадқиқ метавонад дар навиштани китобҳои таърихи адабиёти тоҷик, китобҳои дарсӣ, курсҳои назариявӣ, дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯёну хонандагон, хондани лексияҳо, инчунин барои гузаронидани курсҳои махсус ва семинарҳои алоҳида аз адабиёти муосири тоҷик мавриди истифода қарор гиранд. Инчунин дастовардҳои диссертатсия мазкурро метавон дар раванди таҳқиқи робитаҳои адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо истифода кард.
Асосҳои методологии таҳқиқ. Пажӯҳиш ба равиши таърихӣ ва таҳлили муқоисавӣ ва типологӣ сурат гирифтааст. Дар диссертатсия ҳангоми баррасии мавзӯъ аз афкори назариявии донишмандони барҷаста ва шинохта чун В.Г. Белинский, Л.И. Тимофеев, И.С. Брагинский, А. Абибов, М.Шукуров, С.Табаров, А.Сайфуллоев, Х. Мирзозода, А. Шеърдӯст, Х.Шарифов, Р.Мусулмониён, А. Сатторзода, А. Абдуманнонов, А. Маҳмадаминов, А. Кӯчарзода, Ш. Раҳмонов, Ш. Саидҷафаров ва дигарон фаровон истифода шуд.
Масъалаҳои асосие, ки ба ҳимоя пешниҳод мешавад: - таҳқиқи ҳамаҷонибаи эҷодиёти шоирони даврони Шӯравӣ дар таҳлили воқеии масоили зиёди адабиёт, махсусан шинохти шеър дар марҳилаҳои муайяни замонӣ мусоидат менамояд. - эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб зарур аст бар мабнои ду давраи таърихӣ-даврони Шӯравӣ ва даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳқиқ гардад. - сурудаҳои Ҳақназар Ғоиб ба беҳтарин намунаҳои шеъри тоҷик дар замони Шӯравӣ мансуб аст, шеъре, ки идомаи мустақими суннатҳои адабиёти классики форсу тоҷик маҳсуб мешавад. - мавзӯъ ва дарунмояҳои ашъори шоир таҷассумгари мавзӯъҳои муқаддасу ҷовидонии адабиёти тоҷик аз қабили инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, меҳру садоқат ба Ватан, дӯстии халқҳо, таблиғу тарвиҷи расму суннати қадим мебошанд. - эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб бо вижагиҳои хоси жанриву мавзӯӣ, идеявию бадеӣ дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи муътабареро ишҒол менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор