Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
М. Аҷамӣ низ андешаҳояшро дар мақолаи «Шоире бо китобу сабки худшиносӣ» мукаммал баён кардааст. Дар воқеъ, таҳқиқи масъалаи мазкур мавзӯи тоза буда, ба таври монографӣ таҳлилу таҳқиқ намудани он дар омӯзиши таърихи адабиёти давраи нави тоҷик ҳиссаи муносиб ҳамроҳ менамояд.
Мақсад ва вазифаҳои таҳқиқ. Мақсади асосии таҳқиқ таҳлилу арзёбии зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳақназар Ғоиб, баррасии ҷанбаҳои идеявӣ, мавзӯӣ ва ҳунарӣ, мероси адабӣ ва таъйини ҷойгоҳу нақши ӯ дар ҳавзаи адабии Кӯлобу адабиёти тоҷик ва дар маҷмӯъ дар раванди адабиёт мебошад. Барои амалисозии аҳдофи мазкур вазифаҳои зерин иҷро шудаанд: -таъйину асоснок намудани ҷанбаи назарии мавзӯи таҳқиқ; -таълифу тадвини зиндагиномаи комили илмии Ҳақназар Ғоиб; -муайян намудани мероси адабии шоир, - тавсифи вижагиҳои жанриву мавзӯӣ; -таҳлили сохтору муҳтавои ашъори адиб; -ошкор намудани танавуъи жанрии шеъри шоир; -таҳқиқи хусусиятҳои забону сабки ашъор; -таҳлили вижагиҳои ҳунарӣ-идеявии ашъори адиб; -таъйини нақши ҷойгоҳи шоир дар раванди адабии ҳавзаи адабии Кӯлоб ва дар маҷмӯъ дар ҷараёни адабиёти муосири тоҷик;
Объекти таҳқиқ. Доираи адабии Кӯлоб чун ҷузъи таркибии ҳаёти адабии ҷумҳурӣ, осори Ҳақназар Ғоиб ва ашъори шоироне, ки ҳамнасли Ҳақназар Ғоиб мебошанд, инчунин фазои фарҳангӣ ва иҷтимоии Кӯлоб ҳамчун объекти таҳқиқ қарор дода шуд.
Предмети таҳқиқ. Дар диссертатсия ашъор ва маҷмӯаҳои гуногуни шоир «Тӯшаи роҳ» (1972), «Сурӯши Хатлон» (1973), «Рамзи ҳаёт» (1978), «Нигоҳи гарм» (1981), «Зинароҳ» (1983), «Тоҷи офтоб» (1986), «Чашми саҳар» (1989), «Эҳёнома» (1989), «Барги сабзи ишқ» (1991), «Ашки нур» (1993), «Атри гиёҳ» (1995), «Таронаҳои моҳтобӣ» (2001), «Хаймаи нур» (2004), «Зинда бо гудозишҳо» (2004), «Ашки офтоб» (2005), «Муқаддаснома» (2005), «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (2005), «Сарнавишт» (2005), «Дар бистари нарми гул» (2009), «Муждаҳои ориёнӣ» (2013), «Гул, шиша ва санг» (2015), «Қиссаи аспи хатлӣ» (2015), «Навҳаи Фирдавсӣ ба марги Рустам» (2015) истифода ва баррасӣ гардидаанд.
Навгонии диссертатсияи мазкур ба маводи таҳқиқ, биниши шоиронаи Ҳақназар Ғойиб бастагӣ дошта, имкон медиҳад аз ӯ ҳамчун шоири асилу соҳибтабъ қазоват шавад. Дар рисола нахустин бор таҳаввули ҷустуҷӯҳои эҷодии шоир мавриди баррасӣ қарор гирифта, саъй шудааст, хусусиятҳои идеявӣ-мавзӯӣ, жанрӣ ва ҷанбаҳои бадеиву зебошинохтии ашъори ӯ муайян гардад. Барои аввалин бор дар адабиётшиносии тоҷик мақоми Ҳақназар Ғоиб дар раванди ҳавзаи адабии Кӯлоб ва шеъри муосири тоҷик таъйин мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор