Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин ашъор нотавонии Замин тасвир мешавад, шоир ба ин восита дар инсон раҳму шафқат бедор мекунад, ягонагии маънавии Инсон, Замину Кайҳонро меафзояд. Замин акнун барои инсон на фақат сабабгори ҳастӣ, балки мавзеъ барои зиндагонии ӯ, ҳам чунин ҷойгоҳест, ки дар рӯйи он таърихи инсоният эҷод шудааст. Шоир дар ин гуна шеърҳо дар зиндагӣ ба кадом корҳо шуғл варзидан, пешравию бурдборӣ, камбудию беҳбудии рӯзҳои гузаштаи инсони аср ва ҳаёти иҷтимоии халқу миллат, одамони сайёра ва ватани худро месарояд.

Ш.Саидҷаъфаров дар мақолаи «Зиндагониро талоши худшиносон дидаам» қайд кардааст, ки дар рубоиҳои шоир ҳам фикри ҷамъбастшуда аз комёбиҳои илми муосир ба мақсадҳои ояндаи он дар бобати фатҳи нав ба нави коинот ба қалам омадааст. Шоир бо боварии куллӣ бо рӯҳияи оптимистона шеър менигорад. Боварӣ дорад, ки инсон ҳар рӯз, ҳар лаҳза, ҳар сония муаммоҳои ноаёни табиат ва коинотро мекушояд. Вай барои наслҳои оянда, барои «Мусофирони гардуни баланд» дарҳои ниҳоят ноаёни умедро боз мекунад. Ҷаҳонбинии пешқадаме, ки дунёшиносии нави шоирона ба он вобаста аст, дуруст дарк кардани пешравии таърих, тасвири амиқ ва ҳамаҷонибаи моҳият ва таъминоти инсони замони навро муайян карда, муносибатҳои мураккаби ба ҷаҳон доштаи ӯро аён менамояд. Дар натиҷа, бадеият ва маърифатбахшии образи инсон дар адабиёт ҳақиқатҳои реалистӣ афзуда, моҳияти тарбиявии он амиқтар мешавад. Аз таҷрибаи эҷодии шоири муосири тоҷик маълум мешавад, ки муносибати образи асосӣ бо субъекти лирикӣ ва ғояи эстетикӣ дар асоси тасвири меҳнати фидокоронаи халқ, талошу ҷонбозиҳои ӯ сурат мегирад.

Хулоса, бо вуҷуди ҳарранг будани тарзу усулҳои тасвири муносибати қаҳрамон бо субъекти лирикӣ ва ғояи эстетикӣ, бо вуҷуди фарқият ва гуногунрангии тасвири инсон дар назми муосири тоҷик дар асоси ташаккули образи одами нав ғояи фаъолияти таърихии ӯ ҷой гирифта, роҳи асосии инкишофи адабиёти навинро муайян менамояд.

Дар замони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои пештараро, ки дар ифтихори миллӣ созгорӣ доштанд, дар офариниши образҳо хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷеаи Ватан менигаронад, то миллат дигар ба иштибоҳ роҳ накушояд.

пешина
аз 114
навбатӣ