Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар вақти кӯдакӣ
Модар ба сад мурод
Кардаст гарчи тоқии моро ситоразор,
Қонеъ набудаем.
Мо балки будаем дар андешаи пагоҳ,
То дар фазои чарх ҳама болу пар занем… [8, 82].

Ин тасвир оҳанги публитсистӣ дошта, эҳтиёҷманди меҳру навозиш, ҳамдарди инсон будани Заминро инъикос менамояд. Хушию нохушии умри мост,

Хотири сӯгвору шоди ӯ.
Хайркорӣ бар ӯст боди мурод,
Бадгуморист гирдоби ӯ.
Гарчӣ суяш кунад зи арши баланд,
Осмон гоҳ сангафшонӣ,
Лек бимаш зи мост, ки гоҳе
Мебаремаш ба қаъри зулмонӣ [8, 56].

Шоир дар манзумаи «Ҳасрати Эйнштейн» хонандаро ба инсони оламдида, ранҷкашида ва бахтбаргаштае монанд кардааст, ки барои хушбахтӣ ва беҳбудии зисту зиндагонии мардумони олам мекӯшад.

Қаҳрамони лирикӣ ба Эйнштейн муроҷиат карда, бо санаду рақам ба хонанда ахбори нав медиҳад. Инсонеро ба тасвир гирифтааст, ки тайи машаққати зиёд бо калиди ёфтааш дари ақлу хирадро мекушояд, то ки тахти заррин насиби ояндагон гардад:

Гуфтам, ки донишвар шавам,
Ҳақҷӯю ҳақпарвар шавам.
Дар синаҳо ҳамчун диле,
Дар дидаҳо ахтар шавам…
Эй, кош гуфтам, тахти зар,
Тахти ту, эй инсон, шавад [8, 88].

Эйнштейн ҳарчанд худро қотил, гунаҳкори бадбахтиҳо мешуморид, айби ӯ, айби дониши ӯ нест. Ӯ орзую омолашро бо мақсади нест кардани тухми инсон дар рӯйи замин ба кор набурдааст:

Бедонишиам хуб буд,
Эй даҳр!
Эй аҳли башар!
Дардо, ба дарди зиндае,
К–аз мурда ҳам шуд мурдатар!
Дасти ба хун олудае,
Дорад гулӯямро мудом [8, 93].

Шоир инсони хирадманди аламдидаи асри хешро пеши назар оварда, таъкид мекунад, ки аламу ранҷи ба сараш омадаро на махлуқи дигар, балки худи инсон ба ӯ раво дидааст. Ахбори гирифтаи инсон аз доираи қабулаш, дидаву шунидааш зиёд аст. Аз ин рӯ, фаҳмидани аз зарра то бекарон мушкилот пеш меорад. Шоир ҳамаи инро дарк карда, дар фоҷеаи Хиросимаю Нагасаки дар «Ҳасрати Эйнштейн» ба хулосае меояд, ки инсонро аз фоҷеа раҳонад.

Эй вой он дониш, ки он
Вожгун кунад чархи барин…
Сад ҳайфи меҳнатҳои ман,
Сад ҳайф,
Сад ҳайфи Замин [8, 98].

Ӯ дар симои Эйнштейн шахсонеро мебинад, ки худро ба тақдири инсон ва замину осмон ҷавобгар меҳисобанд, бузургии ин масъулиятро бо тамоми вуҷудаш эҳсос мекунад, ҳамин ташвиш ва масъулияти инсон нисбат ба тақдири ояндаи Замин мавзӯи бисёр шеърҳои ин шоир шудааст.

пешина
аз 114
навбатӣ