Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Ҷангро тарк карда, ба Ватан баргаштани аспи хатлӣ ва боз ба фоҷеаи беватанӣ гирифтор шудани он (яъне ба зодгоҳ баргаштани асп ва ҳамчун гуреза ба қатл маҳкум шудани он), мудҳиштарин сарнавишт аст:
Ёри ҷон, оё ту медонӣ,
Суди аспи безабони хатлимон чун аст?
Суди аспи безабони хатлии мо лаб ба лаб оҳи дили хун аст,
Осмони меҳри вожун аст...
Баъди суди ҳукми ҳарбӣ пеши рӯ овар:
Охирин аспи Хутал дар хуни гарми хеш гулгун аст [5, 32].
Ин ҷо махсус безабон таъкид шудани асп баёнгари Ватани тасхиршуда аст, ки забони гӯёашро низ гум кардааст. Аз ҷониби дигар манзарае пеши рӯ меояд, ки ба фоҷеаи аспи хатлӣ маҳкам гиреҳ мехӯрад. Ин фоҷеа қисмати таърихии миллат аст, ки дар тӯли вақту замон шикасту рехти мудҳишро аз сар гузаронида, акнун ҳам зинда аст ва ҳоло ҳам балои фоҷеаҳо дар озору шиканҷа додани он чашм ало мекунад.
Шоир фоҷеабор ба охир расидани достонро пай бурда, бо орзуҳои нек дасти фоҷеаҳоро аз сарзамин кӯтоҳ карданӣ шудааст:
Мужда дорам, ки ғами дил ба дар оред ҳама,
Офтоби Аҷамӣ дил ба дар оред ҳама [19, 149].
Бо ин шоир шукргузориашро аз Ватану ватандориаш ифода мекунад. Ӯ дигар аз хурдиҳо не, аз бузургиҳо сухан гуфтан мехоҳад, ки дурахши орзуи шоиронаи ӯст, зеро дар Тоҷикистони соҳибистиқлолаш таҷассуми он ҳама бузургиҳоеро мебинад, ки атои тозаи Худованди таъриху тақдир аст ва нидо сар медиҳад:
Илоҳо, дар ин ғамсарои қурун,
Ки гашта зи сар то ба по ғарқи хун,
Кушо чашми шамси саҳаргоҳие,
Ба чашмони хуршедии доҳие... [23, 123]
Дар ду китоби «Сурӯши Хатлон» пораҳо аз фоҷеаномаҳои таърихӣ аз ҷиҳати мантиқӣ дар замонҳои гуногун рух дода бошанд ҳам, ба асри навини миллат робитаи ногусастанӣ доранд ва ин ҷиҳат камию костагиҳои сарнавишти миллатро дар достон пурра месозад ва байни фоҷеаномаҳои таърихӣ як пайванди ногусастанӣ барқарор менамояд, ки мақсади асили онҳо дар бедор кардан аз худшиносии миллӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, лавҳаҳои шеърии «Тире ба худ», «Рақси бадхоҳи тоҷик», «Гиряе, боз ҳам гиря», «Ист, сари тоҷик аст», «Сухане чанд аз худкушии Бедордил», «Навҳае бар марги Мунтасир», «Навҳаи шоир бар ноболиғдухтарони асира», «Навҳаи Темурмалик бар бенишон гум шудани Ҷалолиддини диловар» ва аксари зиёди шеърҳо дар камоли балоғати сухан офарида шуда, қуллаи эҷодиёти шоирро ба назар ҷилва медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор