Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Агар дар достон аз рӯйи нигоштаи Ш.Саидҷаъфаров, боби «Охир қиссаи Ҷалолиддини диловар», ки пур аз эҳсоси ботинист, ҷо дода намешуд, достон пурарзиш анҷом намеёфт. Ин қисмро шоир дертар дар чопи дуюми асар дар китобҳои «Эҳёнома» ва «Зинда бо гудозишҳо» навишта ҷо додааст, ки идомаи мантиқии боби «Пирӯзӣ» аст.
Ватан ҷойи бахти ҳамон ҷонфидост,
Ки ӯро Ватан аввалу интиҳост.
Ва ман ҳам равонам аз ин роҳи нанг,
Само рӯйпӯшеву болишт зи санг…
Ки то хунбаҳоям нагирам, яқин,
Намирам, намирам, намирам, яқин [19, 22].
Ин далерии ӯ ҷонфидоии ҷавонмардона барои аз нав зинда кардани рӯҳи Аҷам аст, ки лагадмоли суми аспони бегонагон нагардад. Замини Аҷам– умедгоҳ, ҷойи шаъну шавкати ориёни бузург, фарогоҳи муқаддасоти аҷдодист. Темурмалик бо ин ният дар даст табарзин ба набард мебарояд:
Бихоҳам зи нав рафта пайдо шавад,
Аҷам то зи нав наҷми рахшон шавад,
Замини далерону мардон шавад,
Замини ҳаёти ниёгон шавад,
Дили барҳаёти бузургон шавад [19, 221].
Образи ҷанговар дар «Косаи навбат» ном пора шеър мазмуни ҷанги фашизм дошта, аз қаҳрамонии Темурмалик дар ҷанги зидди муғул ҳикоя мекунад:
Ба худ кардам андешае баъд аз ин,
Ки эмин набошад зи аъдо замин.
Ва бояд ки ман ҳам камонвар шавам,
Пайи ҳифзи озодӣ аскар шавам.
Ки мирам, бимирам чу Темурмалик,
Қасосам бигирам чу Темурмалик [19,225].
Қисми аввали достон бо сарбози Ватан шудани қаҳрамон, бо нияти корномаи Темурмаликро дар асри XX идома бахшида, сипоҳии некманиши кишвар шудан ба охир мерасад. Дар боби дуюми достон, ки «Охир қиссаи Ҷалолиддини диловар» ном дорад, ҳамрикоби Темурмалик бо барқарор кардани давлат парчамбардор мегардад. Дар ин қисм низ саҳнаҳои таъсирбахш, ки давлат истиқлол аз даст додааст, таъсирбахш дида мешавад:
Чӣ чора, ки бошад дар ин хоку бум,
Гузаргоҳи таърих пур аз роҳгум…
Пур аз рӯҳи неку пур аз рӯҳи шум.
Ҷаҳонгири бе теғу тиру камон,
Тавонмарди бедасту по нест кам,
Аз ин норавотар раво нест кам.
Чӣ чора, ки марди ватандори хор,
Сари бепаноҳаш барад зери дор,
Ва ё тан диҳад бар ғуломию ор…
Ба буму ба даргоҳи боби худаш,
Гадоӣ кунад нону оби худаш,
Шаробу кабобу китоби худаш [19, 227].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор