Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Дар драмаи «Темурмалик»-и С.Улуғзода, ки он мисли шеъри тасвирии тарона иншо шудааст, саҳнаҳои муборизаи Темурмалики хуҷандӣ барои пирӯзӣ ва қаҳрамонӣ аз кам будани қувваҳои муҳофиз ва рӯҳи шикастнопазири фарзанди тоҷик башорат медиҳад. Ҳадафи очерки Айнӣ ва драмаи Улуғзода аз нав рӯҳ бахшидан ва фоҷеаҳои гаронро паси сар кардани миллат иборат мебошад. Драмаи «Темурмалик»-и Меҳмон Бахтӣ (2000) низ дорои ғояи бузурги ватандӯстист. Вале достони Ҳақназар Ғоиб «Эҳёнома» бар эҳсос бунёд ёфта, ҳодисоти таърихиро муназзам инъикос намекунад, балки ҳадафи шоир барангехтани рӯҳияи миллат аст, шоир тафаккуру биниши худро васеътару ибратомӯзтар нишон медиҳад. Дар достон рӯҳи пурқудрат на бо куштор ё зинда мондан нишон дода мешавад, балки достон таҷассумгари қаҳрамонии пешиниён аст. Манбаи асосӣ ёдоварӣ аз корномаҳои Темурмалик мебошад, ки бо санадҳои алоҳидаи таърихӣ, адабӣ ва ривоятӣ навишта шудааст. Асар аз омехтаи порчаҳои манзуму мансур фароҳам омадааст, порчаҳои мансур низ мисли шеъри нави тасвирист, ки махсус ба ин шоир буда, порчаҳои насри шеърмонанд барои шарҳу эзоҳ ва пайванди насру назм эҳсосро бар фоҷеаҳо бармеангезад.
Кулли порчаҳои мансуру манзум бо ҳиссиёти баланди дилсӯзиву меҳрангезӣ эҷод шуда, аз оҳу нола, афсӯсу надомат, ватанфурӯшии хоинон, фиғон аз каҷрафторию буздилии ҳокимон, башорат аз суботу талоши ҷовидона ва меҳанпарастонаи халқ иборат мебошад ва маҳз ҳамин ҷиҳатҳо мундариҷаи ғоявии достонро баланд бардошта, ин силсилаи асарҳоро қудрат ва тавоноӣ додааст.
Муҳаққиқони тоҷик ба достони «Эҳёнома» баҳои сазовор додаанд. Бо вуҷуди ин, дар таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин достон то ҳанӯз асари мукаммали таҳлилию таҳқиқӣ ба назар намерасад [53, 5]. Қисми дуюми достон «Охирқиссаи Ҷалолиддини диловар» ном дорад, ки бо ду қисми пурдард «Пирӯзӣ» ва «Косаи навбат» ба поён мерасад. Ҳамин тариқ, достони «Эҳёнома» аз 7 боб: Оғоз, «Панди Темурмалик», «Ҷилои Ватан», «Навҳаи Темурмалик бар бенишон ғойиб шудани Ҷалолиддини диловар», «Дар шикасти Варазруд», «Пирӯзӣ» ва «Косаи навбат» иборат мебошад. Аз нигоҳи мо, достон бояд аз 8 боб иборат мешуд, агар «Навҳаи бокира духтарони асира», ки аз дардноктарин пораи таърихист, алоҳида номгузорӣ мешуд, он дар қисми «Ҷилои Ватан» ҷой пайдо менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор