Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҷмӯаи дуюми шоир «Рамзи ҳаёт» (1978) низ аз 43 шеър, 19 дубайтӣ, 48 рубоӣ, 3 суруд иборат будааст. Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров дар маҷаллаи «Садои Шарқ» соли 1979 оид ба ин маҷмӯа навиштааст: «Маҷмӯаи дуюми шеърҳои Ҳақназар Ғоиб «Рамзи ҳаёт»-ро хонда, дарк кардан душвор нест, ки нисбат ба китоби нахустинаш «Тӯшаи роҳ» домани мавзӯоти шеъри шоир васеътар шудааст. Тоҷикистони имрӯза ва гузаштаи он, муҳаббати ҷавонӣ, Ватан, Модар, ситоиши мардони майдон, қаҳрамонони роҳи озодӣ, тавсифи сулҳу дӯстӣ, меҳнати ҳалол ва амсоли инҳо аз мавзӯъҳои асосии маҷмӯаи нави шеъри шоир шудааст» [115, 145].

Маҷмӯаи сеюми шоир «Нигоҳи гарм» (1981) аз рӯйи мавзӯю муҳтаво ба чор қисм ҷудо мешавад. Қисми аввал «Гулбаргҳо» ном дошта, бо шеъри «Майдони сурх» оғоз меёбад. Ин маҷмӯа аз лиҳози ҳаҷм кӯчак буда, 59 шеър дорад. Шоир дар ин маҷмӯа бештар мавзӯъҳои ишқ, ҷавонӣ, дунёи ботинии инсон, қаҳрамонони арсаи меҳнат ва табиати зебои кишварро тараннум кардааст, ҳунари шоирияш низ назаррас мебошад. Чунончи:

Асрори хамӯшию сукут,
Латмаи шӯриши дарёи ғазаб.
Гармии бӯсаи лабҳои нигор,
Ташнагиҳои лаби бӯсаталаб.
Марде, ки зи худ рафта бурун
Битапад бо дилу набзи дигарон.
Сари сабзаш ба хазон боз диҳад,
Ки бисабзад сари сабзи дигарон.
Он марди кӯҳистонии пир,
Ки сари роҳ ба як кӯзаи об.
Ташнае об диҳад, сарф кунад
Охири умр дар ин роҳи савоб… [7, 16]

Ва ин ғазали тозабунёдро овозхонҳои мумтози мо замзама мекунанд:

Зиндагӣ гуфтани мо шарҳи дигар доштааст,
Заҳри ин хоса ба худ таъми шакар доштааст.
Аз чӣ рӯзи хатари умр фиғон бардорӣ,
Ки дар осудагиаш низ хатар доштааст.
Ашки пурҳасрати модар ба забон омада гуфт:
Ки ҳама дар гили тар лахти ҷигар доштааст [7, 102].

Қисми дуюми маҷмӯа «Рӯзҳои боронӣ» ном дошта, ба устод Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, сӯгвории Маҳмудҷон Воҳидов ва дигарон бахшида шуда, 9 шеърро дар бар мегирад. Қисми сеюми маҷмӯаи шоир «Дастархони деҳқон» ба ранҷу заҳмати кишоварзон ва мартабаи ризқофарини онон бахшида шудааст. Шеърҳои «Лавҳа», «Кони эҳсон», «Дастҳо», «Ранги рӯяш–нони навпаз», «Номи деҳқон дар ҷаҳон аз нони ӯст» аз шеърҳои хуби ин қисми маҷмӯа мебошанд. Қисми чорум «Фарзандони офтоб» ном дошта, аз 14 шеър иборат аст. Дар ин боб ашъори шоир аз ҷиҳати мавзӯъ такмил ёфта, диққати ӯ бештар ба фалсафаи ҳастӣ ва рӯҳи созандаи инсон нигаронида шудааст.

пешина
аз 114
навбатӣ