Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

«Чунонки ҳаёт ҷиҳатҳои бо ҳам мухолиф дорад, – менависад А.Маниёзов ва инкишофи он низ аз лаҳзаҳои ғаму шодӣ, тӯю мотам барору нобаробариҳо, комронию нокомиҳо ва аз ҳамин қабил тазодҳо фароҳам омадааст. Бузургии инсон маҳз дар миёни ин вуқуъоти мухталиф, дар муносибати он ба ҳар як ҳодисаи мусбат ва манфии ҳаёт ва дар муборизаҳои барои тантанаи накуӣ ва зебоӣ аён ва ошкор мегардад.

Дар шеърҳое, ки ба тавсифи корнамоиҳои инсон ва тасвири олами ботинии ӯ бахшида шудаанд, маҳз ҳамин навъ тазодҳо бо як мароми муайян ва мафҳумҳои ҳикматомез ба назар мерасанд. Мо қариб дар ҳамаи шеърҳои нави шоирони ҷавон кам ё беш ба кор бурда шудани чунин таъбирҳоро аз қабили «оғозу анҷом», «шабу рӯз», «умеду ноумедӣ», «пасту баланд» ва «нишебу фароз» ва ғайра мушоҳида мекунем» [89, 8].

Ҳақназар дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бештар аз 30 маҷмӯаи ашъор ба чоп расондааст. Аз ҷумла, маҷмӯаҳои шеърии «Зинароҳ», «Тоҷи офтоб», «Эҳёнома», «Нигоҳи гарм», «Чашми саҳар», «Атри гиёҳ»,«Барги сабзи ишқ», «Ашки офтоб» (дар ду китоб), «Нафас то бар нафас овози вақт аст», «Дар бистари гарми гул», «Зинда бо гудозишҳо», «Гул, шиша ва санг» (ба хати форсӣ), «Дар таҷаллии Офтоби аллома Иқбол» ва ғайра моломоли эҳсоси худшиносии миллӣ ва рӯҳи ватандӯстӣ мебошанд. Ҳамзамон манзума ва достонҳои андешапарвар ва файласуфонаи шоир–«Ҷони ташна», «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки офтоб», «Сурӯши Хатлон», «Сояҳои офтобрӯз», «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» дар адабиёти муосири тоҷик аҳамияти тарбиявӣ доранд.

Аввалин маҷмӯаи ашъори шоир «Тӯшаи роҳ» (1972) 34 шеър, 12 рубоӣ, 15 дубайтӣ фароҳам омадааст. Дар саҳифаи аввали ин маҷмӯа шоир Боқӣ Раҳимзода ба шоири ҷавон чунин баҳо додааст: «Ҷавонӣ олами орзуст ва роҳи ӯ мисли пайраҳаҳои кӯҳистони тоҷик пасту баланд ва пурпечу хам аст. Хосса ба ҷавоне, ки роҳи дилҳоро ба эҷоди сухан бипаймояд, ба манзили мурод расидан на он қадар осон аст, аммо шоире, ки осори якумрии ӯ хомаи тасвири ӯст, бо азму эътиқоди қавӣ ба олами дилҳо сафар мекунад» [111, 74].

пешина
аз 114
навбатӣ