Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Ҳангоме, ки солҳои 70 – ум дар мактаби миёна мехондам, дар матбуот шеърҳои Шумо чоп мешуд ва баъдтар то ин вақт ҳикояву қиссаҳоятон чоп мешавад. Ба қавли устод Айнӣ чорчӯбаи назм бароятон тангӣ кард?
— Ин гап бисёр расмӣ шудааст, лекин аслан ҳамааш як адабиёт аст. Шеър ҳам, ҳикояву достон ҳам, мақола ҳам. Бинед Пушкинро баъди 30-солагӣ ба навиштани наср шурӯъ карда буд. Михаил Лермонтови ҷавон, ки 27-сола вафот кард, романи «Қаҳрамони даврони мо»-ро навишта буд. Мавзӯи шеър дигар аст, мавзӯи наср дигар аст. Шеър – эҳсос аст, шеър – панд, ҳикмат аст. Аммо наср зиндагист, ба зиндагӣ наздиктар аст. Агар хоҳед, ки симои одамони даврони моро тасвир кунеду ба авлодони оянда расонед, бояд ки наср нависед. Масалан, ҳазор сол пеш дар замони Сомониён насри реалистии имрӯза агар менавиштанд, мо имрӯз ҳаёту зиндагии тоҷикони асри Х-ро равшан тасаввур карда метавонистем аз рӯйи онҳо. Тасвири зиндагӣ дар наср комилтар аст, бинобар ин ман хостам, ки ҳаёту зиндагии давронамонро амиқтар тасвир кунам. Нуқсонҳои зиндагиамонро, мардумамонро бештар исбот кунам, фаҳмонам. Барои ҳамин наср барои ман заруртар барин намуд. Имрӯз ҳам баъзан шеърҳо менависам ва чунон ки гуфтед, ман аз шеър сар кардагӣ будам. Шеърам каму беш муваффақият ҳам дошт. Аммо, вақте ки ҳикояи нахустинамро чоп кардам, муаллимон Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакар бо як овоз гуфтанд, ки Баҳром шеърат хуб аст, аммо насрат ҷиддитар омад, домани насрро бисёр сахт гир. Фазлиддин Муҳаммадиев ҳам, он вақт ман дар идораи «Садои Шарқ» кор мекардам, ҳамроҳи Саттор Турсун менишастем, як рӯз бо шитоб даромада, маро табрик карда гуфтанд, ки акнун аз байни шоирон мо як нафарро кашида, ба наср гирифтем. Шумо аз ҳамин рӯз эътиборан носир ҳастед. Баъди дуову фотиҳаи ҳамин азизон ман комилан худро ба наср бахшидам.
— Як қиссае доред бо номи «Рухсора», ба фикрам аввалин асари насрии шумост ва имрӯз ҳам маҳбубияте дорад дар назди хонандагон, хусусан донишҷӯён. ҳамин тавр не?
— Ман дар тӯли бештар аз 20-соле, ки ба наср машғулам, қариб 7-8 достону китобу ҳикояҳо навиштам, медонед инро, аммо ҳамин чизро ҳис кардам, ҳар воқеае, ҳар сюжете агар андаке ба саргузашти ман монанд бошад ё аз саргузашти худам бошад, дар он қалами ман бисёр озодтар аст. Яъне сухани навиштаи ман гиротар аст, самимитар мебарояд. Бисёр сюжетҳои тайёр дорам, ба дӯстон пешниҳод мекунам, ки нависед, чунки ман чунин воқеаро аз сар нагузаронидаам. Ва ҳар воқеае, ки саргузашти худам бошад ё асосаш аз саргузашти худам бошад, дидам, ки дар он муваффақият меёбам. Қиссаи «Рухсора» ҳам муҳаббати ҷавонии ман буд. Инро бисёр ҳамсолони ман медонанд ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ба ҷавонон писанд омад ва имрӯз ҳам ба шавқ мутолиа мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор