Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Мехостем донем, модоме дар шароити кунунӣ вазъи чопи китобу маҷалла хеле душвор шудааст, ба Шумо кӣ кӯмак расонд ҳамин хел як маҷаллаи адабиро чоп кунед?
— Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, ташаббуси шӯъбаи ленинободии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Чанд нафар нависандаҳо Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ҳилолиён Аскар, Аъзам Сидқӣ, Атохон Сайфуллоев, Фарзона ва дигарон ҷамъ омада, қарор додем дар вилояте, ки он қариб миллион аҳолӣ дорад, маҷаллаи адабӣ таъсис кунем ва ҷавононро дар гирди ин маҷалла ҷамъ созем, муҳити адабие созгор ташкил кунем. Ба ғайр аз ин дар нашри маҷалла ба мо бисёр корхонаҳо, колхозу совхозҳо, ҳукумати шаҳру вилояти Ленинобод дасти мадад дароз карданд. Бе ёрии онҳо, албатта, ҳаргиз ин маҷалларо ба нашр расондан номумкин буд. Дар оянда ҳам мо бисёр умедворем аз ҳукумати шаҳру вилояти Ленинобод, ки ин ташаббусро дастгирӣ мекунад.
— Оё мумкин аст, ки хонандаҳо аз дигар шаҳру вилоятҳо ба ин маҷалла обуна шаванд ва онро дастрас кунанд?
— Идораи «Союзпечать» барои фурӯш ва паҳн кардани маҷаллаи мо пули хеле калон талаб кард ва мо ин қадар пул надоштем. Бинобар он ба хонандагону толибони вилояти Ленинобод мо худамон мерасонем, ба воситаи почта, лекин ба маҳалҳои дигар алҳол «Союзпечать» обуна қабул намекунад. Агар гузорашон ба шаҳри Хуҷанд афтаду дар идора обуна шаванд, мо ба воситаи почта мефиристонем. Шумораҳои онро оварда дар дӯконҳои рӯзномафурӯшии пойтахт паҳн мекунем.
— Акнун мехостам, ки дар бораи эҷодиётатон сӯҳбат кунем. Эҷодиёти Шумо нисбат ба дигар нависандагони имрӯзаи тоҷик серхонанда аст. Хонандагон асарҳои Шуморо ҷустуҷӯ мекунанд, ҳамин ки аз чоп баромад, онро зуд харида мегиранд. Сабаб чӣ бошад, ки китобҳои Шумо дар магазинҳо дер намепоянд?
— Ман барои ин аз хонандагон миннатдорам. Бисёриҳо шикоят мекунанд, ки хонандагони мо китоби нағзу бадро тафовут намекунанд. Гӯё барои ҳамин китобҳо дар магазинҳо хоб аст. Ман ба ин фикр розӣ намешавам. Хонанда ҳамеша китоби даркориашро дар рафҳои магазин намемонад. Масалан, гирем, ҷилди якуми Девони Ҷалолиддини Румӣ дирӯзакак ба нашр расида буд. ҳоло дар ягон деҳаи дурдаст ҳам дарёфт карда намешавад. Ман ҳам аз хонандагон бисёр миннатдорем, ки китобҳои ман дар рафҳои магазинҳо намондааст ва ҳатто худам баъзан ба суроғ аз гӯшаҳои дурдаст ё гӯшаҳои масалан, Ӯзбекистон китобҳои тоҷикиамро дастрас мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор