Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Бешак, ҳар як китобхони пурмутолиа хоҳад гуфт, ки сюжети қисса нав нест. Аммо адиб бо назари махсуси худ ба воқеаи борҳо қиссашуда рӯҳи тоза бахшидааст. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки навию кӯҳнагӣ ба сюжет ё мавзӯъ вобаста набуда ба тозагии назари адиб марбут будааст. Назари тоза ва бетақлид ба ҳар навъ мавзӯъ ва воқеа рӯҳи дигар мебахшад.
Ман дар ин як мақолаи хурд симову сирати иштирокчиёни ин қиссаро таҳлил намекунам, аммо ин қадар мегӯем, ки адиб зиндагии мардумеро, ки аз ҳаёти онон навиштааст, хубу возеҳ медонад. Мушарраф тимсоли ҳамон духтарони деҳа аст, ки зуд дил ба истиқболи хушбахтиҳои бекарона ва ҳаёти дар китобҳо ба тасвир омада мекушоянд. Ӯ зиракӣ ва амиқназарии бонувони соҳибмаърифатро надорад, аммо чунон ки мегӯянд, ба кӯрпаи худ нигариста по дароз мекунад, барои бахти худ талош надорад. Агар адиб онро зиёда пухтатадбиру оқибатандеш ва хирадманд тасвир мекард, ин навъ симо дар назарҳо сохтаву бофта ҷилва менамуд ва нуқсони адиб ба шумор мерафт… Мушарраф дар синфи даҳуми мактаби деҳа таҳсили илм ва акнун 17 сол дошт. Зебову хушгил буд. Дар ин синн кадомин духтар фирефтаи ҳавасҳои ғайриодӣ ва муҳаббати романтикӣ намегардад?
Қаҳрамони дигари қиссаи «Дар орзуи падар» рӯзноманигори ҷавон Нозимӣ аст. Аз мутолиаи қисса хонандаи борикбин равшан идрок мекунад, ки Нозимиро барои баъзе аз хислатҳои дилписандаш адиб дӯстдор аст, аз ваҷҳи баъзе аз атвори номақбулаш хуш надорад, вале аз ҳақиқати зиндагӣ рӯ натофта, ӯро холисона ба ҷараёни мантиқии атвораш вогузоштааст. Қисмати соҳибқалами ҳунарвар ва ҳақиқатхоҳе, ки аз дурӯғу дағо, беҳунариву риёкориҳои атрофиёнаш ба ранҷ аст, аз кӯрдилиҳо ва мунофиқавзоъии ҳамкоронаш азиятҳо мекашад, оқибат чигуна саранҷом хоҳад гирифт, мо – ҳама медонем. Нозимӣ ҷавонест, ки дар талоши рӯзгорон роҳи ноҳамвор ва пурпечутобро муддати мадид тоқат намеоварад. Бинобар он ҳам, ӯ ба кӯйи майхорагӣ меафтад. Ва аз ин гирдоби фано ба иродаи худ берун омадани вай сахт мушкил аст. Нозимӣ барин одамон одатан дар зиндагӣ пиёлаи шаробро чун лангари ягонаи наҷоти худ сахт мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор