Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Э-э, он замонҳо гузашта рафтанд.. Ман хешовандонатонро хабар мекунам, фардо хонахез расида меоянд!.. – Шодмонии маро ҳадду канор набуд.
Саломея андӯҳгин ба рӯи ман нигариста, ба аломати инкор сар ҷунбонд; дар лабонаш як навъ табассуми ғалатӣ медавид. Маро чунин намуд, ки вай ба ҳоли ман дилаш месӯзад ва ба соддалавҳию хушбовариам раҳмаш меояд. Ман, баръакс, аз хавфу ҳароси беасоси вай малул будам.
июли с. 1987
ХОНАВОДА ВА ҶОМЕА
Қиссаи тозаи Кароматулло Мирзоев «Дар орзуи падар»-ро мутолиа мекардаму воқеоти айёми на чандон дур оромишам намедоданд. Аз фоҷиаи рӯзгор ҳикоят кардан манъ буд ва агар шаммае ба тасвир ояд ҳам, боист, ки оқибат «бо ғамхории коммунистон роҳи бахту наҷотро ёбанд». Аслан, ним асри тамом, инсони воқеӣ аз назари таҳлилу тасвири адибон дур афтода, ҷои онро «бунёдкориҳо», заводу мошин, тағйироти ҳаёти деҳа барин мавзӯъҳои пуч ва сохтаю бофта гирифт.
Ин вазъият фақат хоси адабиёти тоҷик не, аз адабиёти рус то осори камшумортарин миллатҳои собиқ СССР-ро ба ҳамин навъ «пайроҳаи ғор» афканда буданд. Ба ҳукуматдорони болшевик фақат адабиёти идонаи дурӯғиншукӯҳ лозим буд.
Қиссаи «Дар орзуи падар» ҳаёту зиндагӣ ва афкору омоли одамони деҳа ва маркази ноҳияро тасвир кунад ҳам, дар меҳвари он ҳаёти шахсии инсон қарор гирифтааст.
Рӯзноманигори ҷавону соҳибҳунар Нозимӣ ба мактаби деҳа меояду ба Мушарраф ном духтараке ошиқ мешавад. ҳарчанд падари духтар ба ин заношӯӣ чандон розӣ набуд, онҳо ҳамхона мешаванд. Мушарраф дар маркази ноҳия зиндагӣ оғоз мекунаду ба мактаб ба кор медарояд, ду фарзанд меёбад. Нозимӣ тадриҷан ба бодахурӣ хӯ мегирад. Дар ин боб ҳамкоронаш низ ба ӯ мусоидат мекунанд. Аммо сабаби асосии моҷарои зану шавҳар бодахурӣ не, балки Шаҳноз ном ҷавонзан – ҳамкори Мушарраф аст. Сараввал Мушарраф аз ӯ бесабаб рашк мекунаду шавҳари худро меозорад ва оқибат моҷаро ва дилмонии зану шавҳари як замоне ба таври ҳавасангез меҳрубон ба ҷое мерасад, ки Нозимӣ аз ӯ ҷудо мешаваду ба Шаҳноз хонадор мегардад. Мушарраф ба кӯдаконаш ба деҳа – ба хонаи падар бозмеояд. Падар ба ӯ шавҳари дигар меёбад. Нозимии майхора, ки аз кору вазифа ба тавассути моҷарои талоқаш ба зан маъзул гашта буд, ҳар замон ширакайф барои дидани фарзандонаш ба деҳа меояду боре ӯро ба лойу гил ғелонда мекӯбанд ва писараш Меҳрубон ҳамроҳи ӯ аз деҳа меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор