Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷаб хуб фармуда шоире:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,
В-арна нохуш гузара,д ними нафас бисёр аст...

Баҳром Фирӯз зиндагии хушу хуррамона дошта, аз ҳамаи неъматҳои Худодод ба ҳадди эътидол истифода менамуданд ва чун паймонаашон пур шуд, ин олами пуршарру шӯрро зуд падруд гуфтанд, ки китобҳои насриву назмӣ, маслиҳатҳои муфиду суханони ҳикматангез ва фарзандони неку солеҳашон чун ёдгори он зиндагии пурсаодат боқӣ монда...

Ёдатон ба хайр, Баҳроми азиз!

с. 1999

ПАЙВАНДИ ГУЛМУРОД

ПАЁМГАРИ ФАРДО БУДУ БИГЗАШТ...

Аз марг амон кӣ ёфт, то ман ёбам,
Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам.
Шеърам ҳамагӣ паёми фардои ман аст,
З-ин беш ҷаҳон кӣ ёфт, то ман ёбам?

Бале, дар зиндагӣ ҳар кас ба қадри ҳиммату тавоноӣ аз пайи кореву касбе меравад ва бо часпу талоши зиёде рӯзҳоро ба шаб, шабҳоро ба саҳар мебарад. Яке дар ғами имрӯз асту маишату истироҳат ва фароғати лаҳзаинаи худро аз ҳама чиз боло мегузорад ва маънии зиндагиро ҳам дар хӯрдану хуфтан мебинад. Дигаре заҳмат мекашад, шабҳоро бедор рӯз мекунад, бо умеди осоиши ҳамзамонону ҳамдиёронаш кору пайкор дорад.

Аҳли эҷод дунёи дигаре доранд, ки он дирӯзу имрӯзро ба оянда мепайвандад, ки бад-ин васила номи эҷодкор ҳам абадият пайдо мекунад.

Баҳром Фирӯз – адиби маъруфи тоҷик ба майдони адабиёт чун шоири умедбахш ворид ва дар муддати кӯтоҳ чун шоири нуқтасанҷ эътироф гардид. Шеъру таронаҳояшро мардуми шеърдӯсту шоирпарвари тоҷик замзама мекарданд, ҳаводорони ашъораш баъзе аз шеърҳояшро чун суруди дилангез дар маҳфилу шабнишиниҳо, тӯю сурҳо месароиданд, ошиқон дар гулгашту хиёбонҳо ба маъшуқаҳояшон чун рози дил қироат менамуданд.

Ду китоби ашъораш ба табъ расида, «Розҳои маҳтобшаб»-у «Силсила»-аш ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон саршори меҳру вафо ва сидқу сафо буданд. Устодони ғамхору серталаб Мирзои Турсунзода, Мирсаиди Миршакар, Боқии Раҳимзода фотиҳаи некаш доданд, ки ба шоири ҷавон қувваю илҳоми тоза бахшид. Ӯ дар ашъораш кӯҳистону оби равон, сабзаи навхези кӯҳсорону гулу хори онро тараннум мекард ва аз он ифтихор дошт, ки кӯҳҳо гаҳвораю аввалин ҷавлонгоҳ, ибтидои роҳи умру зиндагиашанд:

пешина
аз 94
навбатӣ