Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳоло Донишкадаи хидмати давлатӣ. – Шарҳи мураттиб.

Ҳамроҳи мудир муҳаррирон Сироҷова, Ваҳҳоб Одина, муҳаррири хурд Раъно Атоева ва банда менишастем. Ҳар пагоҳӣ, чун одат баъди салому алейк ба баррасии воқеаю навигариҳои ҳаёти худу ҷомиа мепардохтем, ки аввал Баҳром, сипас ҳар яки мо ибрози андеша мекардем. Ҳангоми кор ҳама хомӯш аз пайи машғулияти ҳаррӯзаамон мешудем. Мавзӯи сӯҳбати субҳонаамон бе ягон нақшаи пешакӣ худ аз худ ҷараён мегирифт. Масалан, яке аз сӯҳбатҳоямон оид ба доруворӣ ва табобати бемориҳои гуногун маҷро гирифт. Ва Баҳром дар бораи бемориашон ва оғози машғулияти парвариши занбӯри асал чунон бо шавқ ҳикоя намуданд, ки гумон доштем, дар назди Баҳроми шоир ё нависанда не, балки як асалпарвари пуртаҷриба нишаста. Аз муомилаву муносибати эҳтиёткорона ва нозук ба занбӯри асал чунин қисса мекарданд, ки ҳар кадоми моро шавқи асалпарварӣ боло гирифт. Маълум шуд, ки нозукиҳои ин пешаро аз асалпарварони пуртаҷриба ва маҷаллаҳои махсуси асалпарварӣ омӯхтаанд. Дар баробари сӯҳбату гуфтугӯ аз маҳсули меҳнаташон борҳо кормандонро ширинком гардондаанд. Агар ягон ҳамкорамон барои табобат асали тоза наёфта, ба асалҳои бозор боварӣ нест гӯяд, ҳатман пагоҳаш асал меоварданд ва агар аз пулаш сухан оғоз кунад, ман барои фурӯш занбӯри асал парвариш намекунам, мегуфтанд. Ҳар сол вақти асалгирӣ ба хешу табору дӯстон асал тақсим мекарданд...

Ё худ ҳангоми баҳор, бо баромадани аввалин сабза бо зану фарзандонашон аз гирду атрофи шаҳр алафҳои шифоӣ чида самбӯса, тирамоҳ меваҳои тару тозаро барои зимистон захира мекарданд. Ё худ доир ба дарде мақолаву нигоштаи рӯзномаву маҷалларо бо ҳавсала мутолиа карда, назарашонро чун мутахассиси варзида иброз медоштанд, ки баъди ин гуна сӯҳбатҳои ширину гуворо ва лаззатбахш ҳар яки мо худро гӯё узви ҳамин як оилаи хурди идоравӣ ҳис ва бо қувваи дучанду масъулияти том кор мекардем...

Дар нашриёт баъзан мешавад, ки ягон китобро аз нақша пештар баровардан лозим ва барои ин муҳаррири ба ин кор қобилиятнокро меҷустанд, ки китоб сари вақт барояд. Аксаран ин қабил китобҳо маҷмӯаи шеърҳо буд, ки таҳрири онро Баҳром на ба ҳама бовар мекарданд. Қобилияту ҳунари ҳар кадоми моро хуб медонистанд…

пешина
аз 94
навбатӣ