Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Нашриёти «Маориф» ба муносибати 60-умин солгарди таъсиси Иттиҳоди шӯравӣ супориш гирифт, ки бо номи «Дар соҳили мурод» китоберо ба чоп тайёр намояд. Ба ин муносибат дар қатори адибони ҷумҳуриҳои дигар, ҳикояҳои ду нависандаи ӯзбек Саъдулло Шукур ва Назир ба номи «Духтаракони якрав», «Паррандаи саховатманд» дар ин китоб нашр гардиданд, ки тарҷумаи онҳоро бо пешниҳоди Баҳром Фирӯз ба банда супорида буданд. Очерки ҳуҷҷатии шоири маҳбуб Алӣ Бобоҷон дар бораи корнамоиҳои Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қарабоев ва завҷаи ӯ гурҷидухтар, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ паҳлӯ ба паҳлӯ бар зидди фашистон меҷангиданд, дар нашриёти мазкур бо кӯмаку дастгирии Баҳром Фирӯз рӯйи чопро дид.
Баҳром Фирӯз табиатро дӯст медошт, аз обу ҳавои тозаи баҳорон лаззат мебурд. Дар оғози фасли арӯси сол – баҳори барвақт, ба ман занг зада мегуфт, ки «Расулҷон чӣ мешавад, агар ба оғӯши табиат бароему барои самбӯсаҳои алафин қоқую пудина чинем. Агар розӣ бошед, фарзандонамонро ҳам ҳамроҳ гирифта мебарем». Мо ҳам ба лутфи дӯсти меҳрубон чун ҳамешагӣ «Аз дӯст як ишора аз мо ба сар давидан» гӯён интизор мешудем. Дар талу теппаҳои водии Ҳисор сайругашт мекардем, майдонҳои киштро аз қаду бараш мегузаштем, қад-қади дарёҳои Варзобу Кофарниҳон ба гузашти айём назар меафкандем. Ҳамин тавр, ҳар баҳори сол бо тӯҳфаҳои табиати рангин ва садҳо орзуи ширини хеш ба хона бармегаштем, ки ба диламон қувват, ба чашмонамон нур ва ба касбу корамон илҳом мебахшиданд. Баҳром рӯзҳои шанбею якшанбе бо парвариши замбӯри асал машғул мешуд. Ӯ бар замми корҳои идораи давлатӣ, нависандагӣ, журналистӣ, олимӣ, омӯзгорӣ боз касбу пешаро, аз қабили кишоварзӣ, асалпарварӣ, табибӣ, ҳатто таъмири техникаро нағз медонист. Дар пухту паз ҳам ҳамто надошт. Маҳфилоро буд, ки аз сӯҳбати ширинаш ҳеч сер намешудем. Ростқавл, ростгӯй, якдилу якрӯ буд. Дар тӯю сури хешу табор ва дӯстон садри маҳфил буд. Бо олимони варзида, докторҳои илми филология Баҳром Шермуҳаммадов, Додоҷон Обидов, Абдусаттор Нуралиев, Маҳмудҷон Нурназаров, номзадҳои илм Раҳматҷон Давлатов, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Ҳамроқул Шодиқулов, Пайванди Гулмуродзода, Абдурафиқ Фузайлов, Неъматҷон Қудратов дӯстӣ дошт. Бештарин нишастҳои анъанавии мо дар ҳавлии Пайванди Гулмуродзода мегузашт. Дар ҳар чунин ҷамъомадҳои дилнишин хурсандии ҳар ду Баҳром (ёдашон ба хайр) ҳадду канор надошт, ки ба диламон мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор