Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Бо мурури замон ва амри тақдир адиби ҷавон ба Душанбе омад. Дар ин ҷо муддате дар рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизиони Тоҷикистон кор кард, сипас фаъолияташро дар нашриёти «Маориф» ва «Адиб» давом дод. Дар ин муддат таҳти роҳбарию назорати шоирону нависандагони маҳбуби Тоҷикистон, аз қабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ ва чанде дигарон асарҳои зиёди назму наср офарид. Баҳром Фирӯз аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузошт. Ҳарчанд асарҳои ӯ «Рухсора», «Тафти дил», «Розҳои маҳтобшаб», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд», «Ҳақиқати талх», «Ғафлатзадагон», «Як рӯз не як рӯз», «Муаллими сахтгир» ва ғайра борҳо чоп шудаанд, аммо дӯстдорони адабиёт ҳанӯз ташнаи мутолиаи онҳо мебошанд. Ман ҳамчун як хонандаи қаторӣ, дӯсти деринаи ӯ, шарикдарси солҳои панҷоҳум дар Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии шаҳри Самарқанд аз хондани ҳикояву қиссаҳои вай лаззат мебарам, зеро образҳо, қаҳрамонҳои асарҳо аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд. Илова бар ин, Баҳром Фирӯз забони асили тоҷикиро хуб медонист, адабиёту забоншинос, донишманди замон буд, орифона сухан мегуфту олимона менавишт. Аз айёми бачагиаш шеър менавишт, баъдтар ба навиштани қиссаву ҳикояҳо шурӯъ кард, ки сабаби онро чунин шарҳ дод: «Шеър – эҳсос аст, шеър панд, ҳақиқат аст. Аммо наср зиндагист, ба зиндагӣ наздиктар аст. Агар хоҳед, ки симои одамони даврони моро тасвир кунеду ба авлодони оянда расонед, бояд ки наср нависед. Масалан, ҳазор сол пеш дар замони Сомониён насри реалистии имрӯза агар менавиштанд, мо имрӯз ҳаёту зиндагии тоҷикони асри Х-ро аз рӯйи онҳо равшан тасаввур карда метавонистем. Тасвири зиндагӣ дар наср комилтар аст, бинобар ин, ман хостам, ки ҳаёту зиндагии давронамонро аниқтар тасвир кунам».
Аз омадани Баҳром Фирӯз ба Душанбе мо як гурӯҳ дӯстони ӯ бениҳоят хурсанд шудем. Боз ҳамон дӯстии давраи бачагию ҷавониро, ки дер боз интизору ташнааш будем, боз ҳам ғамхорию меҳрубониро идома додем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор