Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бошад, ки рӯйи кушодаи ин китоб, рӯйи кушода, дасту дили кушода, орзуҳои кушодаи нависанда ба муштариёнаш бошад.

Сухангустарро умри ҷовид аз сухани сабз аст.

сентябри с. 2009

РАҲМАТ ДАВЛАТОВ
Корманди шоистаи
Тоҷикистон

ДАР ДИЛУ ХОТИРИ МАН ЗИНДА …

Мо бо Баҳромҷон (ёдаш ба хайр!) бори аввал дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд вохӯрдем, ҳамсабақ ва ниҳоят додару бародар шудем.

Мехоҳам аз нахуствохӯриам чанд лаҳзаеро ба рӯйи қоғаз биёрам.

Рӯзи якуми сентябри соли 1952. Дар бинои рақами дуюми омӯзишгоҳи педагогии ш. Самарқанд, дар болои дари яке аз синфхонаҳои таълимӣ, ки курси 1, гурӯҳи «А» навишта шуда буд, як гурӯҳ писарону духтарон ҷамъ омада интизори занги аввал буданд, ки донишҷӯ шуда буданд. Гурӯҳ – гурӯҳ бо шавқу завқ сӯҳбат мекарданд. Ниҳоят занги аввал моро ба синфхона хонд. Бачаҳо ҳар кас мувофиқи хост бо шахси ба худ наздикаш дар курсиҳо нишастанд. Пас аз чанд лаҳза дар кушода шуду ба синф шахси тануманде даромад. Ҳама аз ҷо хестанд. Баъди салому алейк аҳли синфро ба нишастан даъват ва худро муаррифӣ кард, ки ман роҳбари курси шумо, Наимов. Аз фанни адабиёт дарс мегӯям. Ҳоло мехоҳам бо шумо шинос шавам гӯён журнали гурӯҳи моро аз партфелаш бароварда саҳифаи фанни адабиётро кушода, ҳозиринро як-як ном гирифта, чуноне, ки мегӯянд ҳозиру ғоиб кард. Давомот 100 фоиз. Устод ба мо рӯ оварда гуфт, ки давомотатон хеле хуб, аммо тарзи нишастатон тамоман бад. Ман ҳоло шуморо тарзе ҷо ба ҷо мекунам, ки минбаъд ҳамин хел мешинед. Пас тамоми гурӯҳро мувофиқи қаду баст ду кас-ду кас дар паси мизҳо ҷо нишон дод. Ману Баҳромҷонро (қадамон, ки нисбати дигарон пасттар буд) дар партаи аз ҳама пеш шинонд. Аз ҳамон вақт ману Баҳромҷон ҳамсабақу ҳампарта шудем.

Чи тавр Баҳромҷон ба устод Наимов маъқул шуд?

Рӯзҳо мегузаштанд, устодон ҳар кадом худро муаррифӣ карда аз фанне ба мо сабақ медоданд «Шаҳриҳо» (онҳое, ки аз дохили шаҳри Самарқанд буданд) фаъол ва худро хело доно мепиндоштанд. Мо – рустоиҳо (онҳое, ки аз ноҳияҳои гирду атрофи Самарқанд) то андозае шармгин, ботамкин ва ором будем… «Шаҳриҳо» ба мо назарногирона муомила мекарданд.

пешина
аз 94
навбатӣ