Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Дар идора сари ҳалли масъалаи ногуворе маҳзун андеша доштам. Фарзандони носипоси як шоири шинохтаи тоҷик, ки барои чопи китобҳояш маблағ пардохтаву баъди як моҳи аз дунё гузаштани падарашон, китобҳоро нагирифта, ба суд даъвои пул карданд.
Ин ҳангом дар кушода шуду бо иҷозат бонуи ситорагарму боназокате вориди ҳуҷраи ман гардид. Бо пазироӣ рӯ ба рӯ биншонидам. Бо ҳаё ва истиҳолаи нозук, нарму оҳиста ба сухан оғоз кард.
— Ман… Ман оилаи Баҳром Фирӯз. – Аз заҳматҳои шумо, ки ин қадар китобҳои зебо барои кӯдакон нашр мекунед, огоҳам…
Намедонам чаро, беихтиёр чашмонам нам гирифтанд. Тори ноаёни ёди инсони наҷибе дар дилам ларзид.
— Баҳром кӯдаконро зиёд дӯст медоштанд. Барои кӯдакон бисёр навиштаанд. Бо фарзандҳо маслиҳат кардем. Аз маош, аз рӯзгор сарфае намудем. Кам ҳам бошад, овардам. Як китоби Баҳромро чоп мекардед…
Нигоҳе ба умед ва меҳрубонӣ сӯям дӯхта шуд.
— Мо нашри китоби устодро дар нақша доштем. Вале азбаски ҳама китобҳо бо қарз чоп мешаванд, мӯҳлат тӯл кашид. Шумо пешдастӣ кардед, муаллимаи азиз. Хоҳишатон нури дида…,– гуфтам дар қиболи он андешае, ки ҳамзамон дар замири дил туғён мезад.
«Тасанно ба дили пурмуҳаббати Шумо, ҳамсари арзандаи устод, ки шамъи ёди нависандаи бузургро барои мардумаш чунин фурӯзон медоред. Тасанно ба фарзандони шоистаи падар, ки номи падар барояшон аз ҷамъи сарвату пули дунё азизтар аст. Чун нек фаҳмидаанд, ки идомаи умри падар дар китобҳои ӯст. Тасанно»…
Пас аз чор моҳи ин гуфтугӯ китоби «Ҳақиқати талх»-и Баҳром Фирӯз бо теъдоди 5000 нусха ба дасти кӯдакони кишвар расид.
Мутобиқи шартнома, чун китобҳо фурӯхта шуданд, хостем маблағи ҳамсари фарзонаи устод Саиднисо Бобоеваро баргардонем. Он кас ба исрор гуфтанд:
— Хоҳиш мекунам. Агар ба ҳамин маблағ китоби дигари Баҳромро ба нашр омода месохтед… хеле мамнун мешудем. Охир, агар имрӯз ҳамроҳи мо мебуданд, ҳафтодсола мешуданд. Тӯҳфаи фарзандон ба ҷашнашон…
Оре, китоби «Хотираи як муҳаббат», ки тавассути ТҶБ «Истиқбол» баъди ин сӯҳбат чоп шуд, ба хонандагони сершумори Баҳром Фирӯз армуғони арзандаи ҷашнист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор