Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Тарзи фикрронии Айтматов дигар аст, – мегуфтанд. – Масъалаҳоеро меёбад, ки ба ҳама шинос аст. Образи манқуртро дар адабиёт, дар гуфтугӯйи мардум ҷорӣ кард. Номаш дар қатори классикҳо меистад. Ин мард ба мукофоти «Нобелӣ» сазовор аст».

Боре сӯҳбати мо атрофи нависандаҳои рус қарор гирифт ва он кас гуфтанд:

— Русҳо истода-истода як бузурге медиҳанд. – Ва асарҳои Василий Шукшинро таъриф карданд. – Баъди Мопассану Чехов Шукшин қимати ҳикоятро баландтар бардошт. Ҳар ҳикоя ҳадафе дорад. Баъзан барои як ҷумларо гуфтан як ҳикоя сохтааст. Агар аз асарҳои Шолохов зиндагӣ, орзуву андешаҳои солҳои бистум ва сиюмро пай барем, аз ҳикояҳои Шукшин неку бади рӯзгори мардуми солҳои панҷоҳу шастро мефаҳмем.

Баъдтар мо балкон сигоркашӣ баромадему зимни сӯҳбат гуфтам:

— Ҳикояи «Духтари падар»-и шумо ҳам мисли ҳикояҳои Шукшин аст. Салими Шайтон як умраш ба гапу кори деҳа гӯшак монда мардумро мефурӯшаду дар пирӣ майзадаву бесаробон мемонад. Ҳатто фарзандон ҳам аз ӯ рӯ мегардонанд ва шумо барои ҷумлаи «чунин одамонро ҳукумат нигоҳубин мекунад» гуфтан, як ҳикоя сохтед ва аз ин ҷумла хонанда бисёр чизҳоро пай мебарад.

Акаи Баҳром ба нимтабассум ба рӯям нигариста оҳи чуқур кашида гуфтанд:

— Вале мунаққидҳо ба даҳон об гирифтаанд. Нависанда асар эҷод мекунад, аммо мунаққид асарро рӯйи даст гирифта ба хонанда нишон медиҳад. Неку бадашро мегӯяду дилашро гарм мекунад. Баъзе мунаққидон шеъраке ё навиштаҳои ҷӯраву ҳамшаҳриашро таърифу тавсиф мекунанд. Муддате пас вай инро ба осмон мебардорад. Матбуот ҷойи сафсатафурӯшӣ шудааст. Вақте расидааст, ки худи нависандаҳо ин корро анҷом диҳанд. Ба наздикӣ Муҳаммадҷон Шукуров нисбати асарҳои ман андешаҳояшонро навиштанд, маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳатто ҳамонро чоп намекунад.

Ман фикр кардам, ки ҳикояҳои акаи Баҳром тахмин аз панҷоҳ бештаранду то ҳол дар бораашон мақолае нахондаам. Бетарафиву бетафовутии ҳамнишину ҳамсолон касро алам мекунад. Аммо акаи Баҳром аз шеър ё ҳикояи хуби дигарон хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки аз адибони насли мо ҳеч кадоме мисли Лоиқ забонро хуб намедонад. Ё аз ҷавонон Низом Қосим шеърҳои дилнишин менависад. «Китоби Фарзонаро чоп кардем. Ман мудири шӯъба. Лекин як калимаро ҳам дигар накардам. Баъзан китоби шоирони номдорро сип-сиёҳ карда ба дасташон бармегардонем. Ана пас аз ақиб айб кофта мегарданд. Лекин ман аз онҳо наметарсам. Мард асту майдони адабиёт. Фитсҷералду Ҳеменгуей чунон баҳсҳо, чунон гуноҳҳое ба сари ҳамдигар мерехтанд ё Камю ҳамроҳи Сартр. Хонед дилмонда мешавед...»

пешина
аз 94
навбатӣ