Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Эҳ, устод, деҳи моро хуб ба осмон бардоштед-дия, – гуфтам ва худ ҳам кӯчаҳои тангу нав об задаро тасаввур карда ҳавасам омад.
— Мо аз рӯйи тақозои касби нависандагӣ куҷое равем ба гуфтугузори мардум, ба тарзи зиндагиашон эътибор медиҳем ва дасташонро бо меҳр ба танаи дарахти зардолу монда афзуданд: – Ташаккур ба ту. Чӣ қадар одамона хурсанд мекунӣ.
Ба ёдам омад, ки дирӯз аз мевааш тановул карданд ва ҳоло миннатдорӣ мекунанд.
Ду-се рӯзе, ки он ҷо будем, пай бурдам, ки акаи Баҳром ба ҳама мавҷудот ба чашми дигар, гӯё ба пазмониву эҳтиром менигаранд. Дар пояи кӯҳҳои баланд ба ҳавас ба шахҳову регзорҳо зеҳн мемонанд. Ба рӯдҳои обҳояшон сап-сафед ҷорӣ чун ба дӯсташон сухан мекарданд. Дар ҳаққашон шеърҳо мехонданд. Мо боғ ба боғ мегаштему номи гиёҳҳоро аз мо мепурсиданд. Баъзеашро ба дафтарчаашон сабт мекарданд. Боре андешаманд гуфтанд: «Русҳо ҳар гиёҳро дар китобҳо номаш фалон гуфта навиштанд ва акнун аз Маскав то Камчатка ҳама онро як хел ном мегиранд. Ин нишони пешравии миллат аст. Дар мо, ҳар деҳа ба ғайри номи худаш ниҳода, дигареро қабул намекунад».
Дар муддате, ки он ҷо будем, мардуми деҳа он касро нағз диданд ва бештаринашон илтиҷо мекарданд, ки меҳмонашон бошем. Ва минбаъд, ҳар вақте мерафтам, мепурсиданд, ки «акаи Баҳрома наовардед?»
Боре дар бозор вохӯрдему ҳамроҳ хонаашон омадем. Раҳораҳ қарор додам, зиёд наменишинам, то ки беҳуда вақташонро нагирам. Ҳарчанд медонам, ки аз лутфи меҳмоннавозии янгаи Саида гурехтан намешавад. Дар болои мизи кориашон аксари журналҳои адабие, ки он замон дастрас буд, паҳну парешон мехобиданд. – «Новый мир», «Наш современник», «Дружба народов» ва ғайра.
Янгаи Саида дарҳол дастархон оварданд.
— Ташвиш накашед, кори зарур дорам.
— Майлаш, як пиёла чой мегиреду меравед.
— Чой ҳам наоред. Бояд равам.
— Аз хонаи дӯст хушк намераванд, – гуфтанд ва хонаводаро як-як пурсида, маро андармон карда дастурхони пурнеъмат густурданд.
Он шабу рӯз романи Чингиз Айтматов «Дуроҳаи бӯронӣ» нав чоп шуда буду акаи Баҳром бо ҳавасу таҳсини беандоза аз лаҳзаҳои дилнишин, андешаву афкори қаҳрамонҳо нақл карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор