Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ҳуруфи форсӣ чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Р» — ишорат ба ростӣ аст. «С» — ишорат ба саховат ва «Н» — ишорат ба нестист (дар худ ғарқ шудан, худро шинохтан). Яъне расанбоз бояд, ки аввал қадам ба ростӣ ниҳад. Дуюм, ҳар чӣ дорад, дарбозад. Сеюм, ҳастии худро дар миён набинад...

Агар пурсанд, ки ҳуруфи мизон чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «М» — аз мурувват аст. «Й» — аз яқин аст ва «З» — аз зуҳд, «А» — аз инсоф ва «Н» — аз нафъ, яъне ҳар ки мизон ба даст гирад, аввал бояд ки бомурувват бошад.
Дуюм, соҳиби яқин (ақидаи ягона) бошад. Сеюм, ба дунёпарастӣ майл накунад. Чаҳорум, бояд аҳли инсоф бошад. Панҷум, бояд ки нафъ ба халқ расонад ва ҳар расанбозе, ки ин панҷ сифат надорад, ӯро мизон ба даст гирифтан нашояд.

Агар пурсанд, ки сари расан кадом аст, бигӯй, нияти пок. Агар пурсанд, ки пои расан кадом аст, бигӯй, ҳиммати пирон ва мардон.

Агар пурсанд, ки расанбозӣ ба чӣ чиз тамом мешавад, бигӯй, ба се чиз: Аввал, ҳиммати ҳозирон. Дуюм, дуои пешқадамон. Сеюм, покии дил аз занги шакку шубҳа.

ҚИСМАТИ ҲАШТУМ

ДАР ШАРҲИ ЗӮРГАРОН

Эшон анвои корҳое доранд. Аввал, мардгирӣ. Дуюм, сангшиканӣ. Сеюм, устухоншиканӣ. Чаҳорум, дорбозӣ. Панҷум, сангафканӣ. Шашум, санги осиё бардоштан. Ҳафтум, пилзӯрӣ кардан ва дигар корҳое ҳаст аз тир гузаронидан, ҷаҳандагӣ ва монанди он. Аз ҳар як ба қадри ҳол фарохури ин мухтасар шаммае боз намоем...

Агар пурсанд, ки дар ҳақиқат маънии мардгирӣ чист, бигӯй, ҳар киро бардоранд ва наафкананд.

Агар пурсанд, ки маънии сангшиканӣ чист, бигӯй, он ки сифати дуруштхӯй ва сангдилиро бишканад ва аз худ дур кунад.

Агар пурсанд, ки маънии устухоншиканӣ чист, бигӯй, устухон ҳиҷоб ва мағзи ҳақиқат аст. Пас устухоншиканӣ он аст, ки ба зӯри бозуи мардиву ҷавонмардӣ ҳиҷоби худӣ аз пеш бардорад ва ба мағзи ҳақиқат бино гардад.

Агар пурсанд, ки маънии дорбозӣ чист, бигӯй, маънии ин он аст, ки аз ҳама чизҳо ростиро ихтиёр кардаем.

Агар пурсанд, ки маънии сангафканӣ чист, бигӯй, ҳамон аст, ки сифати дуруштхӯй ва сахтдилиро аз худ дур афканад.

Агар пурсанд, ки маънии санги осиё бардоштан чист, бигӯй, санги осиё ишорат ба ду сифат аст: Санги боло ҳаракати доимӣ дорад ва он нишони ҷидду ҷаҳд дар талаб аст. Санги зер сукути доимӣ дорад ва он аломати бурдборӣ аст. Пас ҳар кас санг бармедорад, ишорат ба тартиб кардани он сифати нек аст.

пешина
аз 242
навбатӣ