Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки ҳаммолиро чанд мартаба аст, би,- гӯй, панҷ: Аввал, кашидани борҳо. Дуюм, кашидани бори маърифат. Сеюм, кашидани бори риёзат, то нафс аз кудуратҳо соф гардад. Чаҳорум, кашидани бори ҷафои халқ. Панҷум, кашидани бори ҳақ...
ҚИСМАТИ ШАШУМ
ДАР ШАРҲИ МАҒИРГИРОН
Эшон як тоифаанд, аз зӯргарон, ки ба ин кор махсусанд. Асли гурз аз амуд аст...
ҚИСМАТИ ҲАФТУМ
ДАР ШАРҲИ РАСАНБОЗОН
Эшон ба сурат аз аҳли бозианд. Мадори кори эшон бар ҷуръату қувват аст, лоҷарам эшонро дар миёни аҳли зӯр овардаанд.
Бидон, ки расанбозӣ кори азимест ва аҳли ин кор. бояд ки мардуми покизарӯзгор бошанд ва ба сифати покӣ ва ростӣ муттасифанд (ҳамсафанд).
Агар пурсанд, ки дар ин кор чанд намудор аст, бигӯй, ду намудор. Агар пурсанд, ки ин ду намудор кадом аст, бигӯй, аввал намудори пул ва он расан аст. Дуюм, намудори тарозу ва он мизон аст.
Агар пурсанд, ки расанро ба пул чӣ нисбат, бигӯй, расани борик, ки бар чӯбе ё деворе бастаанд ишорат аст бар пули борик...
Агар пурсанд, ки нуктаи мизон чӣ гуна аст, бигӯй, чуноне ки расанбоз бе мизон натавонад рафт ва агар чунонки зоҳиран мизоне ба даст надорад, дастуҳон вай мизон хоҳад буд. Чунончи мурғонро дар паридан болҳои онҳо мизон аст.
Агар пурсанд, ки намудори мизон дар дунё чист, бигӯй, хавфу риҷо, ки мизони адл аст. Ҳар кадом, ки мизони ақл ба даст оранд, эшонро ҳеҷ бок нест ва ҳар кадомро, ки ин мизон ба даст нест ё як тарафи мизон майле дорад қадами эшон бар ростӣ субот надорад ва аз инҷо гуфтаанд, ки бисёрии хавф то ба ҳадде, ки ба ноумедӣ кашад, куфр (бад) аст ва касрати риҷо то ғояте, ки аз ҳад гузарад низ куфр бошад.
Эмин машав, ки маркаби мардони мардро,
Дар санглохни бодия пайҳо буридаанд.
Ноумед ҳам мабош, ки риндони боданӯш,
Ногаҳ, ба як хурӯш ба манзил расидаанд.
Агар пурсанд, ки он чӣ махсуси расанбозон аст, чист, бигӯй, расан ва мизон.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи расан чӣ маънӣ дорад, бигӯй, расан се ҳарф аст ҳам ба арабӣ, ки онро ҳабл гӯянд ва ҳам ба форсӣ, ҳар як маънӣ дорад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи арабии он чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Ҳ» — ишорат ба ҳилм аст, яъне хашм фурӯ хӯрдан ва таҳаммули озори нокасон кардан. «Б» — ишорат ба бар (самар, мева) аст, яъне... некӯй намудан ва дар ҳаққи эшон шафқат фармудан. «Л» — ишорат ба лутф аст, яъне ба хулқи неку бо халқ муносибат кардан ва озор нарасонидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор