Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки шароити оташ кардан чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, он ки даст бишӯяд. Дуюм, бисмиллоҳ бигӯяд. Сеюм, ҳезуми бисёр дар дег наниҳад, то оташ намирад. Чаҳорум, ҳатабро (ҳезумро) муҷавваф (ковоқ) созад, то оташ намирад. Панҷум, бояд ки ҳанӯз он ҳима насӯхта бошад батамом, ки ҳамаи дигар омода (тайёр) кунад. Шашум, бояд нагузорад, ки хокистар бисёр ҷамъ шавад. Ҳафтум, оташро аз дегдон берун орад, то ҳимаро ҷой бошад. Ҳаштум, дегу косаро аз афтондани хоку хошок дар вай нигоҳ дорад.
Агар пурсанд, ки одоби шустани ҷома чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, ҷомаро пок бишӯяд. Дуюм, бар сари даст шӯяд, то халал бад-он нарасад. Сеюм, ҷомаи ғолибон (бузургон)-ро муқаддам донад. Чаҳорум, дар ҷои пок андозад, то хушк гардад. Панҷум, чун хушк гардад, таҳ карда бо адот пеши соҳибаш расонад. Шашум, дар молидани собун ифрот накунад, ки бефоида бошад. Ҳафтум, агар ҷомаи фақире дарида бошад, баъди шустан бидӯзад.
Агар пурсанд, ки дар дегу коса шустан чанд адаб аст, бигӯй: чаҳор. Аввал, он ки ба оби пок бишӯяд ва агар эҳтиёҷ ба гарм кардан бошад, гарм кунад. Дуюм, косаро дар даруни дег бишӯяд, чунон ки замин тар нашавад. Сеюм, баъд аз шустан дастмол дар вай молад ва хушк созад. Чаҳорум, баъд аз шустан ба ҷои поке биниҳад.
ФАСЛИ ШОНЗДАҲУМ
ДАР ОДОБИ МУТАФАРРИҚА
Агар пурсанд, ки адаби аз хона берун омадан чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, пои рост аз хона берун ниҳодан. Дуюм, номи худои таоло ба забон рондан. Сеюм, аз ҷониби рост равад. Чаҳорум, аз рафтани худ нияти ба халқ нафъ расонидан кунад.
Агар пурсанд, ки адаби рафтан ба тафарруҷ (тамошо) чанд аст, бигӯй, адаб он аст, ки дарвеш ба тафарруҷ ва лаҳву лаъб наравад, магар ба тамошои боғ ва бӯстону сабзаи саҳро. Чун дарвеш бад-ин навъ тафарруҷе равад, ӯро ҳафт адаб риоят бояд кард; Аввал, бо аҳли ҳусну ҷамол ҳамроҳӣ накунад, ки маҳалли тӯҳмат бошад. Дуюм, по бар дари боғу бӯстон ва киштзори касе бе иҷозати ӯ маниҳад. Сеюм, дар назари халқ ба қазои ҳоҷат наншинад. Чаҳорум, бараҳна нашавад. Панҷум, бо бегона сухан нагӯяд, магар ба қадри хоҷат. Шашум, дар ҳар кӣ нигарад, осори қудрат мушоҳида намояд. Ҳафтум, шаб дар мақоми худ ғоиб нагардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор