Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки чаҳор аркон кадом аст, бигӯй, аввал он ки ҷорӯбро сахт начунбонад. Дуюм, он ки дар вақти ҷорӯб задан хомӯш бошад. Сеюм, он ки ҷое ки рӯфта бошад, пой бар он наниҳад. Чаҳорум, он ки эҳтиёт кунад, хошок нанамояд.
Агар пурсанд, ки чаҳор ҳурмат кадом аст, бигӯй, аввал он ки об чунон резад, ки васлаи дарвешон тар нашавад.
Дуюм, ҷойғаҳи дарвешон ба даст пок кунад, на бо ҷорӯб. Сеюм, ҷорӯб ба тарафи худ кашад. Чаҳорум, пушт ба дарвешон накунад.
Агар пурсанд, ки чаҳор шарт чист, бигӯй, аввал, ҷорӯб ба дасти рост гирад. Дуюм, хокрӯба ҷое резад, ки аз назари мардум дур бошад...
Агар пурсанд, ки ҷорӯб ба замин чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд: собитқадам бош, то покиза бошӣ.
Агар пурсанд, ки даст ба ҷорӯб чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд: ҳар кӣ рӯй ба сафо дорад, ӯро ба сари худ медоранд.
Агар пурсанд, ки сирри ҷорӯб задан чист, бигӯй, он ки хонаи дил аз хоки тааллук ва шак пок созад.
Агар пурсанд, ки дар табх кардан (пухтан) чанд чиз мебояд, бигӯй, шонздаҳ чиз. Чаҳор фарз, се суннат, панҷ адаб ва чаҳор шарт.
Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст, бигӯй, аввал он ки таом аз ваҷҳи ҳалол созад. Дуюм, он ки аз наҷосат пок бошад ва муҳаррам (ҳаром) набувад. Сеюм, он ки дегу коса пок бояд ва наҷосат нашояд. Чаҳорум, оби пок дар дег кунад ва олуда набошад.
Агар пурсанд, ки се суннат кадом аст, бигӯй, аввал он ки даст бишӯяд пеш аз ҳама кор. Дуюм, номи худои таоло барад дар ибтидои амал. Сеюм, ҳар чӣ даст бад-он мекунад, аз адоти (асбоби) табх ҳамаро бишӯяд.
Агар пурсанд, ки панҷ адаб кадом аст, бигӯй, аввал он ки матбахро (ошпазхона) аз хоку хошок пок дорад. Дуюм, аз сари дегу коса ҷои дигар наравад. Сеюм, дар вақте, ки хамир мегирад ё сар назди дег мебарад, чизе бар бинӣ бандад. Чаҳорум, оби даҳон дар матбах наандозад. Панҷум, дегро кушода нагзорад.
Агар пурсанд, ки чаҳор шарт кадом аст, бигӯй, он ки қоидаи ошпазӣ донад ва намакро ба се бор резад. Дуюм, он ки ҳар чӣ пазад ба ишорат, иҷозат ва машварати аксарият пазад. Сеюм, он ки дар асбоби табх хиёнат накунад ва дар таом бе иҷозати пирон тасарруф (сарф) накунад. Чаҳорум, он ки ходимдаста (ёрдамчӣ) таъин кунад, то мададгори ӯ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор