Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки чаҳор суннат кадом аст, бигӯй... Аввал, бисмиллоҳ гуфтан. Дуюм, пеш аз таом даст шустан. Сеюм, таом ба дасти рост хӯрдан. Чаҳорум, баъд аз таом ҳамд гуфтан.
Агар пурсанд, чаҳор мустаҳаб кадом аст, бигӯй, аввал ибтидо ба намак кардан. Дуюм, хатм ба намак кардан. Сеюм, бар суфра чизе хӯрдан. Чаҳорум, луқма додани ходим, ҳар гоҳ ки бо қавм бар суфра нишаста бошад.
Агар пурсанд, ки даҳ адад кадом аст, бигӯй, аввал бар пои чап нишастан. Дуюм, аз пеши худ хӯрдан. Сеюм, дар луқмаи касе нанигаристан. Чаҳорум, аз каронаи (гӯшаи) коса хӯрдан. Панҷум, ба се ангушт таом хӯрдан. Шашум, ангушт лесидан. Ҳафтум, косаро пок сохтан. Ҳаштум, агар луқма аз даст бияфтад, бардоштан ва агар олуда шуда бошад, пок кардан ва хӯрдан.
Нӯҳум, дар вақти таом такя бар ҷое назадан. Даҳум, баъд аз таом даст шустан.
Агар пурсанд, ки чаҳор ҳурмат кадом аст, бигӯй, аввал он ки дар вақти таом хӯрдан сар нахорад. Дуюм, бинӣ пок накунад. Сеюм, оби даҳон наяфканад.
Чаҳорум, бо таом дар даҳон бо касе сухан нагӯяд.
Агар пурсанд, ки чаҳор ҳикмат кадом аст, бигӯй, аввал, он ки луқма хурд кунад. Дуюм, он ки нек бихояд. Сеюм, он ки бисёр чизе нахӯрад. Чаҳорум, бар сари серӣ таом нахӯрад.
Агар пурсанд, ки ҳафт эҳтиёт кадом аст, бигӯй, аввал он ки ҳеҷ таомро мазаммат накунад, агарчи бад пухта бошад. Дуюм, то таҳқиқ накунад, ки аз куҷо аст, нахӯрад. Сеюм, танҳо чизе нахӯрад. Чаҳорум, ҷамъеро дар косаи худ шарик гардонад, ки баракат дар иҷтимоъ аст. Панҷум, таоми муҳобот нахӯрад, яъне таоме, ки шахсе пухта бошад барои ном ва даъво. Шашум, аз таоми таъзият бипарҳезад, ки шояд ятимеро дар он ҳақ бошад ё як ворис ғоиб бувад. Ҳафтум, бар як навъ аз таом иқтисор (қаноат) кунад...
Агар пурсанд, ки бахши ғоиб ниҳодан чӣ гуна аст, бигӯй, ки се навъ аст. Аввал, он, ки ғоиб муайян набошад, ки кист? Балки ният он бошад, ки ҳар кӣ бирасад аз он тановул кунад. Дуюм, он ки ғоиб шахси муайян бошад аз аҳли сӯҳбат... Сеюм, он ки ҳам барои худ захира кунад ва онро бахши ғоиб ном ниҳад ва ин навъ писандидаву мақбул нест. Дар футувват ин маъниро ҷоиз надоштаанд...
Агар пурсанд, ки аркони ошомидани об чанд аст, бигӯй, ёздаҳ: ду фарз, шаш суннат ва се адаб.
Агар пурсанд, ки ду фарз кадом аст, бигӯй, аввал, он ки дар инои (зарфи) зару нуқра об нахӯрад, аммо аз заркуб ва нуқракуб ҷоиз бошад, ба шарти он ки даҳон ба мавзеи (ҷои) зару сим нарасад. Дуюм, он ки об пок бошад, олудаву наҷас набувад.
Агар пурсанд, ки шаш суннат кадом аст, бигӯй, аввал он ки ба се дам об бихӯрад. Дуюм, ҳар бор зарфи об аз даҳон боз гирад. Сеюм, нафас дар зарф надамад. Чаҳорум, он ки нишаста об хӯрад ва бар пой низ ҷоиз аст ва аммо авло он бошад, ки нишаста хӯрад.
Агар пурсанд, ки се адаб кадом аст, бигӯй, аввал он ки аз зарфи бузург ва аз машк об нахӯрад. Дуюм, агар соқии маҷлис бошад, охири маҷлис об хӯрад. Сеюм, агар нишаста бошад ва об хӯрад, зарфро ба ҷониби рост диҳад на ҷониби чап.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор